Хабарҳо

САФАРИ РАИСИ КУМИТАИ ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

  ИМрӯз раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ дар доираи баргузории ҳамоиши гирандагони стипендияи презедентии шаҳру навоҳии тобеи марказ таҳти унвони “Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат” ба шањри Турсунзода сафари корӣ анҷом дода, бо фаъолияти бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Турсунзода шинос шуд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишро ҳамроҳӣ намуда, бо як қатор иншооти варзишии шаҳр, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта, ба истифода дода шудаанд, шинос намуд. Ба меҳмон маълумот манзур гардид, ки дар шаҳр ба истиқболи ҷашн таъмиру барқарорсозӣ ва бунёди 15 толори варзишӣ ва 23 майдонҳои варзишӣ ба нақша гирифта шуда, давоми солҳои 2018-2019 ва паҷ моҳи соли ҷорӣ беш аз 10 иншооти варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, кор дар ин самт муташаккилона идома дорад.
Зимни боздид аз фаъолияти кории бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Турсунзода Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ иброз дошт, ки барои фаъолияти бахш тамоми шароити корӣ муҳайё буда, ҷавононро мебояд ҷавобан ба сиёсати ҷавонпарваронаи муҳтарам Пешвои миллат ҷиҳати татбиқи барномаҳои давлатии ҷавонон ҷидду ҷаҳд намоянд.
Баъдан дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ҳамоиши гирандагони стипендияи президентии шаҳру навоҳии тобеи марказ таҳти унвони “Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат” баргузор гардид, ки Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам дар рафти он ширкат варзида, суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки муҳтарам Пешвои миллат ба гирандагони стипендияи президентӣ маҳбубияти хоса дошта, онҳоро ҳамчун насли ояндасози кишвар эътироф менамоянд. Аз ин лиҳоз, аз ҷавонон даъват ба амал товарда шуд, ки бо истифода аз шароитҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат ҳамеша дар ҷустуҷӯи илму маърифат буда, ҳамчун пайравони асили муҳтарам Пешвои миллат дар ободии Ватани азизамон саҳмгузорӣ намоянд.
Дар хотима ба ҷавонони дар фазои тантанавӣ стипендияи онҳо супорида шуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *