Ҷавонмардони шаҳри Турсунзода дари хайру эҳсонро боз намуда, ҷиҳати дастгирии табибони беморхонаҳои шаҳр, ки бо бемории маргбори коронавирус даст ба гиребон ҳастанд, амалҳои хайру эҳсон менамоянд. Ҳамзамон сироятшудагон, хонаводаи онҳо ва оилаҳои ниёзманд ба кӯмаку мадад фаро гирифта мешаванд. Эҳсони навбатӣ аз номи яке аз оилаҳои фаъоли шаҳр – оилаи Атохоҷаевҳо ба беморхонаҳои шаҳр расонида шуд, ки аз 2 мошинаи ҷомашӯӣ, 4 дарзмол 2000 ниқоб 2000 дастпушаки тиббӣ, 2000 антисептик, 100 айнак, 50 бастаи либоси махсуси тиббӣ, 200 литр равғани растанӣ ва теъдоди дигар маводи тиббӣ иборат аст. Маводҳои мазкур ба беморхонаҳои шаҳр тақдим гардида, аъзои оилаи Атохочаевхо, Иззатулло Атохоҷаев иброз дошт, ки рӯзҳои наздик эҳсони навбатии хонадони Атохоҷаевҳо аз ҷумлаи маводи аввалияи ғизоӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва оилаҳои ниёзмандон расонида мешавад.
Сабтҳои охирин
ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ШАҲР ДАР ДЕҲАИ ИСТИҚЛОЛ
Имрӯз қабули сайёри навбатии раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам дар деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти Навобод баргузор шуд. Дар ибтидо раиси шаҳр иброз дошт, ки бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ва расидагӣ ба арзу муроҷиати сокинон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати баррасии […]
Двуличие и историческая измена демократов
Анализ обзора зарубежных СМИ о деятельности недальновидных представителей интеллигенции показывает, что вопреки здравому смыслу на службе исламского интернационала по зову радикалов воплотились демократы-вольнодумцы, нашедшие приют в некоторых государствах Европы.
ВАҲДАТ – ИФОДАГАРИ ЯГОНАГӢ
Бисту як сол муқаддам бо талошҳои хастанопазир ва иқдомҳои ҷавонмардонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дигар фарзандони фарзонаи миллат ба Ваҳдати миллӣ расидем. Яъне 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин санаи бузурги таърихӣ дар тақвими миллати мо ҳамчун […]