Хабарҳо

САФАРИ КОРИИ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА БА ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба  шаҳри Турсунзода сафари корӣ анҷом дода, бо рафти корҳои кишоварзӣ ва тадбирҳои истифодаи самараноки заминҳо шинос шуда, бо хоҷагидорон ва фаъолони шаҳр мулоқотдоир намуд..

Сарвазири мамлакатро Раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода ҳамроҳӣ ва бо вазъи соҳаи кишоварзӣ шинос кард. Қайд гардид, ки нақшаи кишти баҳорӣ 9128 гектар ва кишти такрорӣ бошад, 9375 гектарро ташкил медиҳад. Давоми соли ҷорӣ дар шаҳри Турсунзода 340 тонна маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ истеҳсол ва пешниҳоди  бозори истеъмолии кишвар гардидааст. Бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ, иҷрои саривақтии корҳои саҳроӣ, таъмини нақшаи кишт кишоварзони шаҳр меҳнат намуда, бо дарназардошти супориши Ҳукумати мамлакат вобаста ба  60 % зиёд намудани кишти такрорӣ дар шаҳр 9378 га кишти такрорӣ аз ҷумла ғалладонагиҳо 5426 га, зироатҳои техникӣ 20 га, кортошка 200 га, сабзавот 2380 га, полиезиҳо 217 га ва хӯроки чорво 1135 га ба нақша гирифта шуда, барои иҷро ба хоҷагиҳо вобаста гардидааст. Дар ибтидо Сарвазири мамлакат бо фаъолияти хоҷагии тухимпарварии “Дӯстӣ”-и Ҷамоати деҳоти Қаратоғ шинос шуд. Ба Сарвазири малакат маълумот манзур гардид, ки хоҷагӣ дар 200 гектар кишти пунбадонаро ба роҳ мондааст, ки аз ин ҳисоб 20 гектари онро навъҳои таҷрибавӣ дар бар мегирад. Зимни шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагидорон ва заминҳои ёрирасони президентии  ҷамоати деҳоти Сешанбе, Навобод ва Ҷӯра Раҳмонов  Сарвазири мамлакат  аз заминҳои парвариши пиёз, бодиринг, помидор, қулфинай, картошка дидан намуда, бо рафти корҳо дар  амалисозии тадбирҳои агротехникии хомток дар хоҷагии кишоварзии Боғи Сомон шинос шуд.

Дар ин замина ҷиҳати боз ҳам вусъат додани кор дар саҳро ва саҳмгузорӣ дар таъмини  амнияти озқаворӣ ба хоҷагидорон  тавсияҳоии муфид пешниҳод гардид. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни суҳбат бо хоҷагидорону фаъолон дар баробари шарҳи корҳои баҳорӣ ба ҳайси сардори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19»  вазъияти воқеии  ҷомеаи ҷаҳониро мавриди тавзеҳ қарор дода, изҳор дошт, ки  бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, махсусан кӯдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шуруъ аз рӯзи 27-уми апрел то 10-уми майи соли 2020 муваққатан таътил эълон карда шуд. Ҳамчунин таъкид шуд, ки дар асоси  қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус бо назардошти вазъияти мураккаби иқтисодию иҷтимоӣ дар ҷаҳон ва бо мақсади таҳкими амнияти озуқаворию таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти ватанӣ аз таърихи 25-уми апрели соли 2020 муваққатан аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар содирот кардани ҳама гуна маҳсулоти ғалладонагию лубиёгиҳо, аз қабили орду гандум, шолӣ, биринҷ, наск, нахӯду мош, тухми паранда, картошка ва ҳама намуди гӯшт манъ гардид. Бо дарназар доштани масъалаи муҳими ҷойдошта Сарвазири мамлакат масъулин ва хоҷагидорони шаҳрро ба истифодаи босамари ҳар ваҷаб замин даъвати намуда, изҳор дошт, ки тагнҳо дар ҳамбастагӣ ва меҳнати пурсамар мо метавонем ин буҳрони моддиву маънавиро паси сар намоем.

КОТИБИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *