
Сабтҳои охирин
Мавлуда Қаландарзода: «Дар ҷодае, ки зан фаъолият дорад, он ҷо адлу инсоф пойдор ва тартибу низом ҳукмфармост»
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ мақоми занони тоҷик маҳз бо талошу ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа баланд гардида, мавқеи онҳоро Ҳукумати мамлакат дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат доимо дастгирӣ менамояд.
Тоҷикистон Кабириро ғоибона ба зиндон маҳкум кард
Додгоҳи олии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломиро, ки аз соли 2015 боз дар хориҷа ба сар мебарад, дар ғайбаш ба “муддати тӯлонии зиндон” маҳкум кард. Мурофиа паси дарҳои баста сурат гирифт.
НБО «Роғун» устухоне дар гулӯи ифротиҳо беватан
Барҳақ мегӯянд, ки душман ҷуз бадӣ намебинад, дӯст ҷуз гулистон. Табиати душман ҳамин аст, ки ҳамеша кӯшиш мекунад то дар манзараи шаффоф нуқсон ёбад, камбудӣ ҷӯяд, агар дарёфт карда натавонад, ҳатман ба тӯҳмат, бадгӯӣ ва чирккобӣ оғоз мекунад. Агар нафаре ё ҷамъияте ба бурдбориву муваффақият, бахтиёриву хушбахтӣ ва ҷаҳонишавию созандагӣ рӯё оварад ва дар ин […]