Хабарҳо

НАТИҶАГИРӢ АЗ ҶАМЪБАСТИ СЕМОҲАИ ЯКУМ

print

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти раёсати раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода ва бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ вобаста ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Турсунзода дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ маҷлиси васеъ баргузор гардид.

Дар кори он муовини якум, муовинони соҳавӣ, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, масъулини бахшу сохтори мақомоти иҷроия, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарияти корхонаву ташкилот, директорони коллеҷу литсейҳо, муассисаҳои таълимӣ ва томактабии маркази шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои кишоварзӣ, имомхатибон, ва намояндагони васоити ахбори оммаи маҳаллӣ иштирок намуданд.

Нахуст муовини якуми раиси шаҳр Остоназода Сайдамин вобаста ба рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар семоҳаи якуми соли 2020 ҳисобот пешниҳод намуд.

Қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати шарҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр 131 вохӯрӣ ва суҳбату мулоқотҳо бо аҳолӣ гузаронида шуд. Дар давраи ҳисоботи 2117 муроҷиати шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар 2 иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр 14 масъала баррасӣ ва 19 қарорҳои раиси шаҳр тасдиқ гардид.

Дар идома масъалаи иҷрои буҷет, вазъи соҳаи саноат ва кишоварзии шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуда, таъкид гардид, ки ин самтҳо дар ҷамъбасти семоҳаи якум бо нишондиҳандаҳои мусбӣ ҷамъбаст гардид.

Зимни таҳлили соҳаи рушди иҷтимоӣ қайд шуд, дар самти беҳдошти сиҳатии сокинон, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ, иштироки варзишгарон дар мусобиқоти ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб дар ҷомеа як қатор корҳои судманд ба анҷрм расонида шуд.

Баъдан вобаста ба иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода аз 30 июли соли 2018 ,№182  «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонӣ дар шаҳри Турсунзода бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаҳри Турсунзода ҳисоботи сардори шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ Бозров Нуриддин шунида шуд. Вазъи бунёд ва азнавсозии иншооти ҷашниро таҳлил намуда, мавсуф қайд намуд, ки аз 355 иншооти дарнақшабуда, 174 иншоот сохта, мавриди истифодабарии сокинони шаҳр қарор гирифт. Дар иншооти дигар корҳои созандагӣ идома дошта, иҷрои нақша дар умум 49 фоизро ташкил медиҳад.

Баъдан намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турснзода Тоҷикистон Асозода Нуралӣ рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Турсунзодаро мавриди таҳлил қарор дода, изҳор дошт, ки фаъолияти мақомоти иҷроияи шаҳр дар ин давра қаноатбахш  арзёбӣ мегардад. Аз масъулин даъват ба мал оварда шуд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар  тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ба ин васила дар баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони саҳми арзанда гузошта шавад.

Дар интиҳо Абдуқодир Вализода ҷиҳати вусъати корҳои созанда ва бартараф намудани камбудиҳо масъулинро вазифадор намуд. Хусусан таваҷҷуҳи масъулин ҷиҳати иҷрои буҷет, баланд бардоштани маҳсулоти саноатӣ, иҷрои саривақтии кишти баҳорӣ равона гардид.

 МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *