Таҷлил

САҲМИ УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ ДАР СОҲАИ ТИБ

print
             Мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварем ва дар қалби  фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва чустуҷӯи  илму донишро ҷой кунем.

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат,

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, аз 26.12.2019

 

«Ба назму насри сухан довар аст,

Зи насраш вале  назми  ӯ хуштар аст.

Суханҳои  Айнӣ хуштар зи ҷон,

Агар боварат не, биёву бихон».

Садри Зиё

Дар ҳақиқат таърих гувоҳ аст, ки осори гаронбаҳои сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ дар рушд ва  инкишофи адабиёти тоҷик мавқеи беҳамто  дорад. Устод  Садриддин Айнӣ на фақат  нависанда, забоншинос, адабиётшинос буд, балки яке аз тарғибгарони илму фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик дар ақсои олам, донишманди забардаст, фарзанди содиқ  барои халқу Ватани азизи худ  арзёбӣ мегардад.

     Сардафтари  адабиёти муосири  тоҷик устод   Садриддин Саидмуродхоҷаи  Айнӣ  15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони хонигарии Бухоро таваллуд ёфтааст. Садриддини хурдсол кӯдакиашро дар ду деҳа – Соктаре ва Маҳаллаи Боло  дар миёни аҳли меҳнат гузаронида, аввало аз суханҳои пандомӯзи падараш, сипас аз  суҳбати одамони мунавварфикру  пешқадами ин ду деҳа ва шахсони хуштабъу  маърифатдӯсте, ки ба аҳли ин маҳаллаҳо рафтуомад мекарданд,  баҳра гирифта, аз он  солҳо мухлиси  ҳақиқии  адабиёти чандинасраи  тоҷик шуда, ба назму наср офаридаҳои  намояндагони бузурги халқи  тоҷик шиносоӣ пайдо кардааст…

      Устод Садриддин Айнӣ дар таърихи  адабиёти тоҷик бори нахуст халқи заҳматкашро ҳамчун қаҳрамони асосӣ қарор дода, чандин ҳикоя, қиссаву романҳоро таълиф  намуда, ҳамчун асосгузори насри реалистии тоҷик шинохта шудааст.

Асари  «Одина»-и  Садриддин Айнӣ  якумин қиссаи реалистии тоҷик  мебошад. Дар ин асар ҳаёти тоҷикони кӯҳистонӣ, ҳаёти душвору сангини онҳо, рӯзҳои сахтии камбағалонаи халқи заҳматкаш, азобу азиятҳои  ғарибӣ, меҳнати тоқатфарсои зиндагии  Одинаи кӯҳистонӣ, шароити кори  ниҳоят вазнини заводи пахтатозакунӣ, хулоса  ҳаёти як камбағали тоҷикро (ин асар бори аввал бо номи «Саргузашти як тоҷики камбағал» дар рӯзномаи «Овози тоҷик» (1924-1925) ба табъ расидааст) дар ибтидои асри ХХ- ро тасвир  мекард,  пеши назар меорад.

  Устод  Садриддин Айнӣ ҳамчун адиб аз таҷрибаи зиндагӣ хулоса бароварда, зиндагии Одинаи ятиммонда ва чӣ тавр мубтало шудани ӯро ба яке аз бемории вазнин – бемории сил, оид ба пайдоиш, нишонаҳо, пешгирӣ ва табобати  бемории сил  маълумотҳо  пешниҳод мекунад.

   Устод  Садриддин Айнӣ даставвал роҷеъ ба ҳаёти Одинаи дувоздаҳсолаи ятим монда, хизмати бемузду маоши ӯ дар хонаи Арбобкамол, муҳити кор дар заводи пахтатозакунии  Андиҷон, хаёти тоқатгудози  мардикорони зулмдида, таъсири гуруснагӣ ба саломати он ҷабрдидагон, шабу рӯзҳои беороми бечорагони  ҳамон замон, сипас  чӣ гуна ба бемории сил  гирифтор  шудани Одинаро  муфассал  баён намудааст.

     Одинаи ҷавон  дар он давра се соли пурра  ва баъд аз  рафта омадани деҳааш  низ дар заводи пахтатозакунӣ мардикорӣ  мекард. Дар ин солҳо дар хизмати пудратчиён ва хӯҷаини завод бисёр азобу машаққатҳо кашида буд. Моҳонаи басанда, хӯроки сериро  намедид, ҷойи хоби муайяну ба талабот ҷавобгӯ  низ надошт. Ҷойи  кории мунтазами он пур аз чангу ғубор, ғайр аз ин, бӯйи равғану пахтаи  сӯзон, камҳаво, рутубатнок буд. Яке  аз омилҳои тамоюлкунандаи  ин беморӣ  шароити номусоиди кор ва зиндагӣ, ҷойи хоби  намнок, бӯйи бади пунбадонаҳои мағоркардаи гармшуда буд, ки Одина ба ин тобоварӣ карда  натавониста, мисли дигар коргарони завод бемор шуд. Хӯчаини завод барои нигоҳдории тандурустии коргарон, барои беҳдошти ҷойи хоби онҳо, хурду хӯроки зердасташон ягон чорае  наандешидааст.

    Одинаи бемор  ба ҳучраи як саройбон мехобад ва  саройбон ба саломатии ӯ дилсӯзӣ карда, барои табобаташ  як дуохон ва табиби маҳаллиро меорад, вале Одина аз  онҳо нафъе   намебинад, баръакс бо тавсияи табиби маҳаллӣ  шӯрбои гӯшти гардани гӯсфандро қадре хӯрда бошад ҳам, фаврӣ қай мекунад ва бемадор шуда месулфад. Рӯз то рӯз сусттару бемадор мешавад, бадҳазмӣ ва нотавониаш боқӣ мемонад, сулфа шиддат карда, ба ӯ азият медиҳад. ӯро дӯстонаш  барои табдили ҳаво  ба Тошканд   равона мекунанд.

   Одинаи бехонумон дар он ҷо  Шоҳмирзо ном дӯсте  пайдо мекунад ва Шоҳмирзо ӯро ба қабули духтур мебарад. Баъд аз муоинаи духтур ва  ташхиси балғами пеш аз хӯрок кардаи Одина  ба духтур маълум мешавад, ки иллати  бемории ӯ сил аст, ки як сол пеш ба ин дард мубтало шудааст, бо сабаби ҳеҷ табобат нагирифтанаш ва  хуб набудани тарзи  зиндагӣ ин иллат ба шуши ӯ харобӣ овардааст.

Ғайр аз ин, Одина ба хастагии асаб, бадҳазмӣ, беиштиҳоӣ, дарунравӣ ва камхунӣ дучор шудааст.  Сипас духтур барои  Одина давое  навишта, ба Шоҳмирзо супориш медиҳад, ки Одина ҳамеша хӯрокҳои хушҳазму пурқувват бихӯрад, ҳар рӯз шири ҷӯшонда ва тухмро ба қадри бардошти табъаш тановул карда, ба қадри имкон дар ҳавои  софу тоза сайр намояд ва дар офтобрӯяҳо истироҳат намуда, дар мавсими қимиз ба марғзори қимизнок  баромада,  мувофиқи дастурамали духтурони он ҷо як моҳ, якуним моҳ қимиз хӯрад. Касалии ин бемор гузаранда аст, бинобар ин, коса, табақ, чойнику пиёлаи Одинаро аз дигарон ҷудо карда, зарфҳоро бо оби ҷӯшон шӯёнида, хушконида, тибқи имконият дар офтоб гузоштан лозим меояд…

    Устод Садриддин Айнӣ оид ба зиндагии сахти  Одина, роҷеъ ба бемории сил аз нуқтаи назари адабиётшинос  ва  ҳамчун  як инсони донишманду комили рӯзгордида маълумоти муфассалро рӯйи қалам овардааст. Китобхон дар баробари мутолиаи  ин асари пурмазмун нафақат ҷаҳонбиниаш васеъ мешаваду аз таърихи халқи худ бархурдор мегардад, бо ин васила доир ба  илми  тиб  низ каме  бошад ҳам, хабардор мешаваду  оид ба пайдоиш, нишона, пешгирӣ ва табобати  ин бемории сироятӣ маълумот  пайдо мекунад.

    Дар ҳақиқат, устод Садриддин Айнӣ адиби беҳамто, инсони рӯзгордида, шахсияти беназир аст.  Хизматҳои чандинсолаи шоистаи ин симои бузургро  халқи азизамон эътироф намуда, устод Садриддин Айниро ҳамчун олими тавоно, нависандаи барҷаста ва Қаҳрамони Тоҷикистон  ба оламиён муаррифӣ намудааст. Аз ин лиҳоз, асарҳои устод Садриддин Айнӣ дар пештоқи аввалини китобхонаҳои имрӯза ҷойгир аст.

    Дар ин маврид таъкид кардан ҷоиз аст, ки баҳри баланд бардоштани  сатҳи маърифатнокӣ мавқеи китобу китобхонаҳо басо муҳим аст. Китобхони ҷавон ба  ин маркази илму дониш ворид шуда, маънавиёти худро ғанӣ мегардонад ва бо ин восита сатҳи савияи маърифатнокии худро бардошта, кӯшиш  ба харҷ медиҳад, ки дар оянда он маълумотҳое, ки  аз китобҳои мутолиакардааш аз бар намуда буд, дар хаёти худ самаранок истифода барад. Дар ин бора Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёме,ки  дар 26.12.2019  ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид чунин иброз дошта буданд: «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои  маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад»

 Ҳасанова Насибахон Абдисатторовна,

омӯзгори МҒТ-и «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода»

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *