Экология

ТОЗАГИИ МУҲИТИ ЗИСТ-МАЪРИФАТИ ШАҲРДОРӢ

print

Аз таърихи 15 то 26 январи соли ҷорӣ  дар ҷамоатҳои деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов, Пахтаобод ва Регари шаҳри Турсунзода ҷиҳати иҷрои амри раиси шаҳри Турсунзода аз 7 январи соли 2020. №2 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани рӯзҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҷамоатҳои деҳот ва қитъаҳои истифодабарии манзилҳои шаҳри Турсунзода»   корҳои ободонӣ, шинонидани гулу дарахтони ороишӣ, тоза намудани муҳити зист баргузор шуд. Дар ин радиф дар доираи татбиқи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” аксияи “Тозагии соҳил ва роҳ” гузаронида шуд, ки дар он сокинони деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов, Пахтаобод ва Регар  иштироки фаъолона намуданд. Сокинон кӯчаву маҳал, шафати роҳҳо ва каналу ҷӯйборҳоро аз партовҳои гуногун тозаю озода намуда, гулҳои садбаргу ниҳолҳои сояафкан шинонида, ба ин васила ҷиҳати беҳтар намудани вазъи санитарию гигиенӣ ва беҳбуди вазъи экологии муҳити зист саҳмгузорӣ намуданд. Зимни суҳбат раиси ҷамоатии деҳоти Пахтаобод Умеда Неъматуллоева иброз дошт, ки сокинои деҳот дар корҳои ободонӣ, тозагӣ ва кабудизоркунӣ фаъолона иштирок намуда, ташаббуси шаҳрдориро вобаста ба  бунёдкоронаву созандагӣ, одоби шаҳрнишинӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии сокинон ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҷиҳати  ободу зебо ва ҳифзи муҳити зист гардонидани шаҳри Турсунзода кӯшишу ғайратт менамоянд. -Баргузории чунин чорабиниҳо имконият медиҳад, ки дар ҳамбастагӣ муҳити зисти шаҳрро тозаву озода нигоҳ дорем, зеро  шаҳри Турсунзода дарвозаи ғарбии Тоҷикистон буда,  тавассути  сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба маркази маъмурии мамлакат – шаҳри Душанбе сайёҳон ва меҳмонони зиёд ташриф меоранд. Ҳар меҳмоне, ки аз ин роҳ мегузарад, на танҳо ба маданияту фарҳанги сокинони маҳал, балки ба кулли мардуми Тоҷикистон баҳогузорӣ мекунад,- иброз дошт Умеда Неъматуллоева. Корҳои тозагиву ободонӣ дар ҳудуди шаҳри Турсунзода муташаккилона идома дорад.

САМТИ АХБОРИ ЭКОЛОГИИ   ШҲМЗ-И ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *