Тандурустӣ

ДАСТОВАРДҲОИ СОҲАИ ТАНДУРУСТИИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА   ДАР СОҲОИ 2017-2019

print

 Маъмурияти Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода ба маълумоти Шумо мерасонад, ки  барои дар сатҳи баланд нигоҳ доштани саломатии аҳолӣ дар шаҳр дар давоми се соли охир 4 клиникаи хусусии ташхисию табобатӣ бо 75 кати хоб, 1 маркази саломатии деҳавӣ ва 2 бунгоҳи тиббӣ аз нав сохта  шуда, ба мизоҷон хизмат расонида истодаанд.  Дар шаҳр 6 беморхонаҳои бистарикунони давлатӣ, 10 клиникаҳои хусусии бистарикунонӣ, 11 клиникаҳои хусусии ташхисию табобатӣ, 10 Марказҳои махсус гардонида – шудаи пешгирӣ ва табобати бемориҳо, Маркази саломатии шаҳр бо 28 Марказҳои саломатии деҳавӣ ва 50 бунгоҳҳои тиббӣ, ки дар онҳо духтурон – 516 нафар, кормандони миёнаи тиббӣ-1548 нафар фаъолият менамоянд.

Дар давоми се соли охир 48 нафар духтурон ва 279 нафар ҳамшираҳои шафқат бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.

 Дар ин муддат мутахассисон тибқи нақша ба курсҳои бозомӯзӣ фаро гирифта шуда, аз  аттестатсияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштанд.

Дар муассисаҳои тандурустии шаҳр 6 адад кардиомонитор, 12  адад дастгоҳи Ултрасадо, дастгоҳҳои ҳозиразамон барои гузаронидани ҷарроҳиҳои эндоскопӣ 4 адад, таҷҳизотҳои М-ЭХО, ЭЭГ, ЭКГ – ҳои ҳозиразамон – 6 адад, 2 адад Гастрофиброскопҳо, 10 адад дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, 1 адад бронхоскоп ва якчанд адад таҷҳизоти хурду калони ҷарроҳӣ, 6 адад дастгоҳҳои нави ҳозиразамони ташхиси лабораторӣ хизмат мерасонанд, ки қариб 50% онҳо дар се соли охир харидорӣ шудаанд. Дар ин давра барои беморхонаи марказии шаҳр 2 адад таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ, 2 адад кардиомонитор, 1 адад дастгоҳи ташхиси барқии дил (ЭКГ) аз ҳисоби маблағҳои ҳампардохт харидорӣ шуд.

Аз ҳисоби соҳибкорон ва кормандони беморхона деворҳои  бинои беморхона, роҳравҳо ба маблағи зиёда аз 90000 сомонӣ рангу бор гардид. Нуқтаи шикастабандии беморхона, шуъбаи осебшиносӣ ва раддодӣ, ҷарроҳии калонсолон, бемориҳои кӯдакона, шуъбаҳои таваллудхона, шуъбаи беморони навзод, шуъбаи ҷарроҳии асаб, шуъбаи асабшиносӣ, гӯшу гулӯ ва бинӣ, шуъбаи бемориҳои чашм, ҳуҷраи амалиётгузаронии ҷарроҳии фаврӣ, каридори ошёнаи дуюми шуъбаи ёрии таъҷилии тиббӣ ва ҳуҷраи стоматологҳо аз ҳисоби соҳибкорон ва кормандон таъмири муккамал гардида, таъмир дар дигар шуъбаҳо идома дорад.

Шуъбаи сироятии кӯдакона аз ҳисоби Ташкилоти ғайридавлатии «ТИКА», озмоишгоҳи клиникию биокимиёвии Беморхонаи марказии шаҳр ва Маркази саломатии шаҳр аз ҳисоби ҶДММ «Беҳдоштӣ» таъмири мукаммал гардид.

Деворҳои бинои асосӣ ва шуъбаҳои Беморхонаи шаҳрии №2 (Пахтаобод) аз ҳисоби соҳибкорон ва кормандон аз таъмир бароварда шуд.

Боми шуъбаҳои ташхис, озмоишгоҳ ва ошхонаи беморхона ва  шабакаи КАТС ба маблағи 123880 сомонӣ таъмир шуд.

Маркази саломатии деҳавии Батош аз ҳисоби соҳибкор ба маблағи 1,5млн сомонӣ, дар деҳаҳои Чӯянчии обӣ ва Ю.Ашуров бунгоҳи тиббӣ аз нав сохта шуда, дар деҳаи Имоми Аъзам ҳуҷраи доругузаронӣ аз ҳисоби аҳолии деҳа сохта, ба истифода дода шуд.

Сохтмони боз 1 марказҳои саломатӣ ва  3, бунгоҳи тиббию ҳуҷраи доругузаронӣ дар деҳот   идома дорад.

Таъмири шуъбаҳо, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва ҳуҷраҳои кории кормандони муассисаҳои тандурустии шаҳр аз ҳисоби соҳибкорон ва худи кормандон дар соли 2020 ба нақша ворид карда шудааст.

Дар шафати бинои беморхона аз ҳисоби соҳибкор бинои ташхисии «Камолот» сохта шуда, фаъолият дорад, ки беморонро аз ташхисҳои ренгени сифрӣ, томографияи магнитию резонансӣ ва томографияи компютерӣ мегузаронанд.

Колеҷи тиббии шаҳри Турсунзода, ки дар ошёнаи 5 – уми Беморхонаи марказии шаҳр ҷойгир мебошад соли 2019 ба маблағи 1,5 млн сомонӣ аз таъмири мукаммал бароварда шуда, дар саҳни ҳавлӣ як хобгоҳ барои қариб 100 нафар донишҷӯён ва ошхона барои донишҷӯён сохта ба истифода дода шуд.

 Бахшида ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар беморхона якчанд чорабиниҳои ташкилӣ ба сомон расид. Аз  ҷумла дар даромадгоҳи беморхона аз сангу бетон 2 адад табақҳои калон сохта, дар дохилаш гулҳо шигонида шуд.

Дар рӯи ҳавлии беморхона аз симу сангпораҳо 2 адад кӯза, чойнику пиёла қолаби  дил сохта шуд.

                                                                              ТОҶИДДИН ЯТИМОВ,

                                                             САРТАБИБИ БМШ

                                                                                        ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *