Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ РӮЗҲОИ МАҚОМОТ ДАР ДЕҲОТ

print

Дар асоси Амри раиси шаҳр аз 7 январи соли 2020, №2 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани рӯзҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҷамоатҳои деҳот ва қитъаҳои истифодабарии манзилҳои шаҳри Турсунзода»  гуруҳҳои корӣ ташкил гардида, вазъи деҳоти Ҷӯра Раҳмонов, Пахтаобод ва Регар мавриди таҳлил   гирифта, дар масъалаҳои муҳими рӯз суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ вусъат ёфт.

 Нахуст ба мардум муҳтавои Паёми Президенти Чумҳурии Тоҷикситон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди шарҳ қарор гирифт.

Баъдан дар деҳаҳо аз вазъи сиҳатии шахсони муътабар, иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва маъюбон хабар гирифтанд. Дар ҳамин замина барои аз муоинаи тибӣ гузаштани нафарони болозикр дар маҳал «Корвони саломатӣ» ташкил гардида, тақриби 8 ҳазор нафар сокинон аз муоинаи тиббии ройгон гузаронида шуданд.

Бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша  ба оилаҳои ниёзманд маҳсулоти озуқаворӣ аз кабили орд, равған биринҷ ва шакар кӯмак карда шуд.

Банди дигари нақшаи кории гуруҳҳо аз ҳолати муассисаҳои таълимӣ хабар гирифтан буд. Дар ин радиф ба масъалаи таъмини барномаҳои таълимӣ, иҷрои Қонуни забон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, тозагӣ, ободонӣ, ҳамкории ассотсиатсия волидайну омӯзгорон ва шароити зимистонгузаронӣ мавриди таҳлил қарор гирифт.

Дар ин замина зимни дидан аз вазъи муассисаҳои тандурустӣ  таъмини кафолатҳои тиббии давлатӣ  ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар соҳаи тандурустӣ мавриди таҳлили гуруҳҳои корї қарор гирифта, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо аз ҷониби масъулини соҳа тавсияву дастурҳо дода шуд.

Дар самти сафарбар намудани аҳолӣ ба корҳои тозагию ободонӣ, ташкил ва гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил ва маҳал – 2020» ободониву кабудизоркунӣ, таъмири роҳҳо равшаннокии кӯчаҳо низ корҳои таблиғотӣ баргузор ва ҳашарҳои дастаҷамъона ташкил карда шуд. Хусусан қумфарш намудани роҳҳои байнидеҳавӣ, тоза намудани каналу заҳбурҳо, шинонидани гулҳои садбарг ва ниҳолҳои сояафкан муташаккилона ҷараён гирифт.

Дар ин радиф аз ҷониби гурӯҳҳо ба мақсади баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ даъват ба амал оварда шуд, ки  аз ҷониби сокинон ва хоҷагидорон ба масъалаи  самаранок истифода бурдани замин, таъмини сохтори кишт, пардохти саривақтии андозҳо, истифодаи об ва барқ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир гардад.

Иҷрои амри раиси шаҳр аз 7 январи соли 2020, №2 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани рӯзҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҷамоатҳои деҳот ва қитъаҳои истифодабарии манзилҳои шаҳри Турсунзода» дар дигар ҷамоатҳои деҳот идома дорад.

 КОТИБИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *