Имрӯз дар шаҳри Турсунзода сокинон бо рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандорӣ – ҷашни яке аз рамзҳои соҳибистиқлолӣ – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд.
Ба ифтихори ин нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқ ва таҷассумгари озодиву Истиқлол бо иштироки беш аз 5 ҳазор нафар сокинони шаҳр роҳпаймоии идона баргузор шуд.
Дар кохи “Дӯстӣ” барномаи фарҳангӣ ба саҳна гузошта шуда, муқаддас донистани Парчами давлатӣ ва дӯст доштани Ватанро дар шеъру тароннаҳо тараннум карданд.