Эй, шумо, хунхорҳо, хунрезу хуношомҳо,
Масти бангу нашъаву доллар ба субҳу шомҳо.
Эй, шумо, бадбахтҳо, бадмазҳабу бенангҳо,
Нохудои киштии манҳусу шуми ҷангҳо.
Эй, шумо, иснодҳо бар номи Исломи мубин,
Дур аз махсуди “Қуръон” –и Паямбар, шаръу дин.
Эй, шумо, ҷаллодҳои қатли оми муслимин,
Мотамистон аз ҷафотон нимаи рӯйи замин.
Эй, шумо, гумроҳҳои ваҳш, чун кафторҳо,
Зиштрӯву зиштхӯру аҳриманрафторҳо.
Суриё шуд баҳри хуни тифлакону модарон,
Дӯзахистони ракету чун шумо тироварон.
Дар Ироқ акнун писар дигар намеёбад падар,
Модар андар сӯги фарзандон хурад хуни ҷигар.
Давлату бадавлати ДИИШ чу рамзи марг шуд,
Бехи умри одамон беҳосилу бебарг шуд.
Ҷуз таассуб нест аъмоли шумо, нобихрадон,
Қатлу киштори шумо базмест бар деву дадон.
Модарони Африқо дилреш аз Боко Ҳарам,
Дод хонанд аз Худои хеш бо дарду алам.
Гар шумо, имому инсофу диёнат доштед,
Пас, чаро бар халқи худ ҳар дам хиёнат доштед?!
Гар шуморо буд ихлосу ҳаёи бандагӣ,
Кай шудӣ пеши Худову халқ ин шармандагӣ?
Эй, шумо, корандагони ҷоҳили тухми аҷал,
Ғофилед аз оқибатҳои мукофотҳои амал.
Ҳар касе қатлу қитоли зоти Одам мекунад,
Эзад ӯро рӯсиёҳи ҳар ду олам мекунад.
Валиҷон АКБАРӢ.