Экология

АКСИЯИ «ПИРЯХҲОИ ХУДРО ҲИФЗ МЕНАМОЕМ» – ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

Имрӯз шаҳри Турсунзода дар доираи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028”, бо мақсади иҷрои супориши протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.09.2019, №9 ва фармоиши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикисон аз 16. 10. соли 2019, №8 ва нақшаи чорабинињҳои мақомоти иҷроияи ҳикимияти давлатии шаҳри турсунзода аз 22.102019  аксияи “Пиряхҳои худро ҳифз менамоем”  баргузор шуд.

Аксияи мазкур бо роҳпаймоии беш аз 800 нафар намояндагони бахшу сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, муассисаҳои таълимӣ, коллеҷу литсейҳо, ҷавонони фаъол, намояндагони корхонаву ташкилот ва хоҷагиҳои кишоварзӣ дар масофаи 2 км таҳти шиорҳои «Пиряхҳои Тоҷикистон боигарии давлату миллат аст»,«Пиряхҳои худро ҳифз менамоем»,  «Пиряхҳои Тоҷикистон кафолати серобии минтақа» оғоз гардид.

Дар қисми тантанавӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва устодону шогирдони муассисаҳои таълимӣ доир ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар мавзуи об, пешгирии гармшавии иқлим, таъсири манфии обшавии пиряхҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба об маърӯза намуданд.

 Баргузории аксияи мазкур бо мақсади ҳифзи манбаъҳо, сарфа ва истифодаи мақсадноки об ба роҳ монда шуда, барои баланд бардоштани маърифати экологии  сокинон низ мусоидат менамояд.

Лоиқ Раҳмонов,

сардори шуъбаи ҳифзи

 муҳити зисти шаҳри Турсунзода

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *