Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз бузургтарин суханварони адабиёти форсу тоҷик ба ҳисоб меравад, ки бо назарияи эъҷозу эҷодаш дар асри 13 таккони бузурге ба адабиёт ворид кард. Пас аз Саноиву Аттор Ҷалолиддини Балхиро дар тасаввуф ва ирфон муқаддам медонанд.
Номаш Мухаммад, лақабаш Ҷалолиддин, инчунин бо унвони Мавлонои Рум шӯҳрат дорад. Гузаштагони Ҷалолиддини Балхӣ аз бузургони тасаввуф ва соҳибони ҳол буданд. Мавлуди шоирро ба соли 1207 мелодӣ муқаррар кардаанд ва вафоти шоирро ба соли 1274 медонанд.
Падари Ҷалолиддини Румӣ аслан аз қадимтарин маркази тамаддуни халқи тоҷик шаҳри Балх мебошад. Ҷалолиддини Балхӣ, қабл аз тааррузи муғул, дар синни 14- солаги бо падари худ аз ватан ҳиҷрат намуда, ба Нишопур, Бағдод, Ҳиҷоз, Сурия ва Осиёи Сағир рафт ва дар Куния иқомат ихтиёр кард. Вай аввал бо роҳбарии падари худ Султон Валад дар Куния, сипас, дар Ҳалаб ва Димишқ таҳсил намуда, маълумоти нисбат ба он замон мукаммале ба даст овард ва чанд гоҳ ба дарсгӯи машғул шуд. Вале дар соли 1224 бо таъсири мулоқоти дарвеши покдил ва орифи ҳақҷӯ Шамси Табрезӣ дарсдиҳӣ ва роҳбарии корҳои тариқати суфияро ба халифагони худ вогузор карда, худ гӯшанишин гардид.
Воқеан дар сарчашмаҳо ва таърихномаҳо ба дӯстии Ҷалолиддини Балхӣ ва Шамси Табрезӣ бештар диққат додаанд ва оиди мулоқоти онҳо нақлхои зиёде ҷой дорад.
Масалан нақл мекунанд, ки боре Ҷалолиддини Балхӣ дар сари китобҳо нишаста буд ва қироат мекард. Шамси Табрезӣ вориди хона гардид ва пурсид, ки инҳо чист? Мавлоно гуфт:
— Чизест, ки ту надонӣ.
Ҳамон дам ба он китобҳо оташ афтод ва Мавлавӣ пурсид, ки ин чист? Шамс гуфт:
— Чизест, ки ту надонӣ.
Ва аз хона бадар шуд.
Мегӯянд, ки баъди ин ҳодиса Мавлоно, ки мударриси номдори мадраса буд ва бо улуми табииёт сарукор дошт ҳамаро тарк гуфт ва ба дунболи ин орифи покдил ва шахсе, ки ишқро аз хама воло мегузошт, афтод.
Таъсири Шамси Табрезӣ ва эъҷози каломи ӯ буд, ки Мавлоноро забони сухани мавзун боз шуд ва мегӯянд, ки то вохӯрӣ бо Шамси Табрезӣ Мавлоно бо шеъру шоири сарукоре надошт. Вале саранҷом, вақте ки Шамс рӯ ба гумномӣ ниҳод, оташи дили Мавлоно пурсӯзтар ва фурӯзонтар бар каломаш пайваст ва намоишгари шӯридагиҳои вай шуд.
Вуҷуди Шамси Табрезӣ мисоли барқе буд, ки осмони андешаҳои Мавлоноро рӯшан кард ва боз ба торикӣ пайваст. Дасти хунарманди Мавлоно аз ин рӯшани чароғи нубуғи хешро чунон афрӯхт, ки чаҳонеро абадан рӯшан сохт ва осораш то ҳануз боқист. Девони кабир ё куллиёти Шамси Табрезӣ осори ҳамон ишқи ҷонсӯз ва созандаест, ки аз таъсири Шамси Табрезӣ бар Мавлоно ҳосил гашта.
Ҷалолиддини Балхӣ яке аз бузургтарин олимон ва шоирони мутасаввиф аст. Осори бегазанди ӯ яке девони ғазалиёт ва дигаре «Маснавии маънавӣ» мебошад, ки аз шаш дафтар иборат буда, асосҳои фалсафаи тасаввуфиро дар бар гирифтааст. Вай бо ин асари худ навъи маснавии ирфониро то ба дараҷаи баланди такомул пеш бурд.
Эҷодиёти балхӣ хусусан аз он ҷиҳат ҷолиби таваҷҷӯҳ аст, ки шоир ба мақсади оммафаҳм гардидани осорҳои худ услуби соддаро ба кор бурда, шаклҳои назми халқии тоҷикро, чунончи, дар ғазал сурудҳои лирикӣ ва дар маснави тамсилро истифода менамояд.
«Маснавии маънавӣ» аз бузургтарин осори адабиёти форсу тоҷик ба ҳисоб рафта, андешаҳои фалсафиву ирфонии Мавлавиро фаро мегирад. Аз оғоз то анҷоми маснавӣ, ҳам ҳикмат, ҳам сужет ва ҳам образҳои бадеӣ ба ҳамдигар иртибот дошта, дар маҷмӯъ як кохи бузурги маърифатро таҷассум мекунад. Ба қавли суханшиноси асри 14 Махмуди Шабистарӣ:
Агар як зарраро баргирӣ аз ҷой,
Халал ёбад ҳама олам саропой.