Имрӯз мо аз он ифтихор дорем, ки Тоҷикистони азизу соҳибистиқлоли мо таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафти рӯзафзун дорад. Дар ин фазои сулҳу субот ва ваҳдату осоиштагӣ барои ҳар як инсон зиндагии шоиставу арзанда, мояи саодату хушбахтист. 28 – сол сипарӣ мегардад, аз он рӯзе, ки кишвари мо соҳибистиқлол гардид. Хушбахтона дар тули ин солҳо кишвари мо дар ҳама ҷодаҳо тараққӣ кард ва оламшинохта шуд.
Дар кишвари мо иттиҳоду якпорчагӣ ва ваҳдат ҷорист. Вале новобаста аз ин ҳанӯз дар диёри мо ҳастанд қувваҳое, ки намехоҳанд Тоҷикистони мо рушд кунад.
Яке аз падидаҳои номатлубе, ки барои ваҳдату Истиқлолияти мо хатар эҷод мекунад, ин шомил шудани ҷавонони мо ба гурӯҳҳои ифротӣ мебошад. Баъзе неруҳои паси пардагӣ барои соҳиб шудан ба ҳокимияти мутлақ аз дини мубини Ислом истифода бурда, ба таассуби ифротгароӣ машғул мешаванд. Ҳоло он ки дини Ислом дини хайру сахо, саодат ва дӯстиву некӣ ва поквиҷдониву иттиҳод аст ва ҳеҷ гоҳ ифротгароӣ дар амалро қабул надорад.
Андешамандон ва таҳлилгарони ҷаҳони муосир бар он назар доранд, ки дар шароити кунунӣ, раванди ҷаҳонишавӣ, яке аз хатарноктарин ангезаи ҷаҳонӣ, ин таассуб мебошад. яъне мағзҳои заҳролудшуда.
Имрӯз ин қуваҳои аҳриманӣ зеҳнияти ҷавонони моро аз лиҳози равонӣ бемор мекунад. Рӯҳияи онҳоро ба фардои дурахшони ҳаёт мешикананд. Онҳоро ба гумроҳиву роҳи хато ва бадрафҷом ҳидоят мекунанд, ки дар натиҷа онҳо қурбони роҳи хатои чунин бадтинатон мегарданд.
Бояд қайд намоям, ки дар ин раванди ҷаҳонишавӣ давлатҳои абарқудрат ба шуури фарҳангиву асолати миллии кишварҳои хурд фишор меоранд. Тоҷикистони азизи мо ба унвони як кишвари соҳибистиқлол аз чунин ҷараёни фарогир берун буда наметавонад.
Аз ин рӯ имрӯз вазифаи аввалини мо аз он иборат аст, ки дар ин раванди ҷаҳонишавӣ бояд Тоҷикистони худро таҳти як андешаи устувор нигоҳ дошта тавонем. Бар зидди амалҳои ношоиста, аз ҷумла терроризму экстремизм ва радикализми динӣ мубориза барем. Нагузорем, ки Тоҷикистони азизи моро ягон хатар таҳдид кунад.
Барои аз байн бурдани падидаҳои зишти терроризму радикализми динӣ барои мо зарур аст, ки пеш аз ҳама сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистонро таҳти сарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ намоем. Ба ҷавонон равандҳои харобиовари ҷаҳони муосирро фаҳмонем ва онҳоро ба роҳи росту созанда, дӯстиву иттиҳод ва ягонагиву меҳанпарастӣ даъват намоем. Зеро ҷавонон имрӯз ва фардо парчамбардорони кишвари мо ҳастанд. Онҳо бояд ҳамеша аз илму дониш баҳраманд бошанд, то ҳеҷ як рақиби миллату халқи тоҷик натавонад онҳоро гумраҳ намояд.
Мо бояд зираки сиёсии худро аз даст надиҳем. Бар зидди амали хатарбори ҷаҳони муосир бо донишу ҷаҳонбинии васеъ мубориза барем. Амнияти миллии худро нигоҳ дорем ва барои ҳифз намудани дастовардҳои Истиқлолият саъю кӯшиш намоем.
Халқи тоҷик халқи созандаву бунёдкор ва фарҳангпарвар аст. Боварии комил дорем, ҳар як фарди тоҷик дар зери парчами ваҳдату сулҳу субот ва ягонагӣ тамоми кӯшиши хешро баҳри мубориза алайњи амалҳои номатлуби афроди бешараф равона месозанд.
Ман ба қудрати мардуми Тоҷикистон боварї дорам ва умедворам, ки ҳеҷ як ифротӣ наметавонад суботи кишвари моро халалдор созад. Зеро ин мардум аз таърих борҳо сабақ гирифта, минбаъд танҳо барои саодати насли имрӯзу фардои ҳаёт неруи хешро равона мекунанд ва яқин аст, ки ба ҳадаф ҳам мерасанд.
Мусаллам аст, ки ҳамаи дастовардҳои Тоҷикистон гуруҳҳои террористи ҲНИ – ро ҳар лаҳза ба ташвиш меоварад. Албатта мо – тоҷикистониён камари худро барои ободии Ватан бастаем, вале нотавонбинони давлати мо аз алам худро ба ҳар дари созмонҳои байналмилалӣ зада, аз онҳо пуштибонӣ меҷӯянд.
Чун рузи 16-уми сентябр конфроси навбатии САҲА дар пойтахти Полша – Варшава ба кори худ оғоз намуд, намояндагони ҲНИ аз «демократия», «ҳуқуқҳои инсон», «интихоботи Тоҷикистон» ҷор зада, иброз доштанд, ки гӯё дар Тоҷикистон «демократия нест» ва «ҳуқуқҳои инсон» поймол мегардад, «интихобот шаффоф нест», ва ғайраҳо суханњои беасосу туњмату буњтонњо мегўянд.
Инҷо қайд намуданиям, ки ҳар чӣ қадар Кабирӣ бо думравонаш пайи сиёҳ кардани сиёсати Тоҷикистону роҳбарони мо доду фарёд бардорад ҳам, тирашон ба нишон намерасад. Чунки дар Тоҷикистон тамоми халқ аз пайи роҳбари муаззами давлат қадам зада, ҳар рӯз мақсадашон ободиву созандагист. Аммо онҳо чӣ? Онҳо чунон, ки дар урфият мегӯянд «ҳамчун сагҳои сӯзанхӯрда» ин муваффақиятҳоро чашми дидану гӯши шунидан надоранд. Онҳо, ки бо хиёнатҳояшон рондагонанд аз Ватан, беватану гадо шуда, домони «хоҷагони» худро сар намедиҳанд, назди онҳо алами худро баён мекунанд, аз онҳо «мадад» меҷӯянд, то ки дар интихоботи соли 2020 ширкат варзанд. Вале то чӣ андоза беақлона амал карда истоданашонро худашон пай набурда истодаанд. Чаро ки онҳо дигар чора надоранд. Кабирӣ бо ҳаммаслаконаш дар болои беватану кафангадо буданашон бечораанд. Чунон бечораанд, ки чораи худро аз ҳар дари «хоҷагонашон» дар хориҷ ҷустуҷӯ карда истода, ба сари Ҳукумати Тоҷикистон борони тӯҳмату бӯҳтону норозигиҳояшонро рехта истодаанд. Аммо бехабаранд, ки фазои Тоҷикистон солим асту ба сари мардуми ободгару боақлу заковаташ на борони нафринии он лаънатзадаҳо, балки борони раҳмат ва баракат меборад.
Мо ҳар дақиқа майл ба ободӣ дорем, онҳо ҳар дақиқа дилашон ба кафидан омада, шӯру валвала доранд.
Мо ҳар дақиқа аз ободӣ сухан мегӯем, аз истиқлолу ваҳдату сулҳу субот месароем, онҳо аз алам дар бораи ким-кадом «тақаллуб» -ҳо сухан мекунанду нола мекунанд.
Дар Тоҷикистон мақомоти Суд ҳам, ВАО ҳам мустақиланд. Кабириҳо бошанд, фақат лофи беҳуда мезананду халос.
Яке аз ҳарзагуёни ҲНИ Алим Шерзамон иброз намуд, ки дар Тоҷикистон 2 маротиба номзадии худро ба Маљлиси Олї пешбарӣ кардаасту овози даркориро соҳиб нашудааст. Ба ӯ гуфтанӣ ҳастам, ки охир халқ кӣ будану чӣ буданатонро донистааст, ки ба ту райъи худро надодааст. Яъне ту ҳамуне будӣ, ки имрӯз фирорӣ ҳастиву на Тоҷикистон, на парлумони Тоҷикистон, на халқ на танҳо дар парлумон ҳатто дар Тоҷикистон ба будани ту ниёз надоранд.
Ва ба ҳарзагуиҳои ту ва пайравонат дар бобати «тақаллубкорӣ дар интихоботи Тоҷикистон» гӯш ҳам доданӣ нест.
Худоё, то чӣ андоза шарманда будани худро дидаву дониста боз аз ВАО-и хориҷиёну «минбарҳо»-ву «майдон»-ҳои онҳо ҳарф мезанеду паноҳ меҷӯед. Ҳатто онҳо ҳам аз ин нолаҳои шумоён безор шуданд. Дар хусуси чунин ашхос бузургони мо гуфтаанд:
Бетамизиҳои мардум дар сухан пайдо шавад,
Пистаи бе мағз агар лаб во кунад, расво шавад
Мо, халқи тоҷдору бо нангу орем.
Шумо аъзои ҲНИ ва думраваконатон «пистаҳои бемағз» ҳар чӣ мо гуфтем, иҷро мекунем, ба ту борин каждумҳои таги бӯрё дар Тоҷикистон на қадр мондаасту на манзаллат.
Мо ватандорему, ту баринҳо гадо, кафед, кафидан гиред.
Раиси КИ ҲХДТ
дар шаҳри Турсунзода Азизова М.Б.