Сиёсат Хабарҳо

Қатъномаи ҳамдилии ҷинояткорон

print
Дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлини Олмон террористони наҳзатӣ ва чанд нафар ҷинояткорони вобастаи онҳо ба монанди Абдусаттор Бобоев, Илҳом Ёқубов, Ҷамшед Ёров, Муҳаммадсаид Ризоӣ, Гоша (Шарофиддин Гадоев) ҷамъ омада, хостанд бори дигар таваҷҷуҳи созмонҳои аврупоиро ба худ ҷалб намоянду худро ҳамчун гурезаҳои сиёсӣ нишон диҳанд.

Зеро аз он тарс доранд, ки мабодо бо сабаби террористу ҷинояткор буданашон онҳоро оқибат дастгир менамоянду ба Тоҷикистон месупоранд. Гоша (Ш.Гадоев) шумораи дар назди Сафорат ҷамъ омадаҳоро 300 нафар гуфта, воҳима мекунад. Аммо аз аксҳояш маълум аст, ки шумораашон ҳатто ҳамроҳ бо кудакҳо хеле кам буд. Боз нашармида дар расонаҳои ифротиашон қатъномае ҳам паҳн кардаанд ва дар он аз номи шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Аврупо баромад кардаанд. Дар Аврупо ҳазорҳо тоҷикистонӣ кору зиндагӣ доранд ва аксарияти мутлақашон аз ТТЭ ҲНИ, Гуруҳи 24, эътилофи ба ном ПМТ ва дигар гурӯҳҳои хиёнаткор безоранду онҳоро маҳкум мекунанд. Ин ҷинояткорон набояд аз номи тоҷикистониҳо истифода кунанд. Ба ҳар ҳол ба матни “қатънома”-и наҳзатиҳо таваҷҷуҳ мекунем.

1) Банди якуми қатънома бисёр аҷиб аст. Дар он чанд ҷинояткор аз Ҳукумат озод кардани чанд ҷинояткори дигарро талаб мекунад. Бар замми ин номи Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳидро дар байн меоранд, ки гӯё ба ин муносибат дархост карда бошад. Ин албатта ниҳояти бешармию нобакории наҳзатиҳо ва шарикони ҷинояткори онҳост.
Ҳама медонанд, ки Зайд Саидов, Муҳаммадалӣ Ҳаит, Бузургмеҳр Ёров ҳаргиз зиндонии сиёсӣ нестанд, инҳо ҷиноятҳои сангинеро содир кардаанд, ки бо далелҳои аниқ исбот шудаанд. Ҳукми Суд оид ба ин ашхос одилона бароварда шудааст ва тибқи он онҳо мӯҳлати ҷазоро бояд ба ҷо оранд. Амволи онҳо ғасб нашудааст, балки мувофиқи қонун мусодира гардидааст.
2) Дар ин қатънома як навъ ҳамдилии байни ҷинояткорон ифода ёфтааст. Яъне ин иқдоми наҳзатиҳо на гирдиҳамоии эътирозӣ, балки ҷамъомади ҷинояткорон буд. Ҳамин тавр, озод кардани Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Мақсуд Иброҳимов, ҳамаи раҳбарон ва фаъолони ТТЭ ҲНИ ва Гурӯҳи 24-ро, ки ҷиноятҳои вазнини иқтисодӣ ва хусусияти террористидошта содир кардаанд, талаб доранд.
3) Тибқи маводҳои расонаҳои хабарӣ Эҳсон Одинаев аъзои фаъоли созмони ифротии Гурӯҳи 24 буд. Аммо дар гум шудани вай беасос айбдор кардани мақомот амали ноҷавонмардонаю беинсофист.
4) Дар банди чоруми қатънома наҳзатиҳо ва ҳаммаслакони онҳо пурра ҷонибдори ҷинояткорӣ будани худро нишон додаанд. Яъне ба ақидаи онҳо мақомот бояд дар муқобили фирори ҷинояткорону террористҳои хавфнок аз зиндон бетарафӣ зоҳир мекарданд. Инҳо худашон ки ҷинояткор ҳастанд, дар қатъномаашон ба ҷавобгарӣ кашидани кормандони ҳифзи ҳуқуқро талаб доранд. Ҳол он ки кормандони сохторҳои қудратӣ ҷони худро дар хатар гузошта нагузоштаанд, ҷинояткорони хавфнок фирор кунанд.
5) Наҳзатиҳо дар қатъномаашон овардаанд, ки гӯё дар зиндонҳо шиканҷаву озори зиндониён ҷой дошта бошад. Онҳо аз “Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ таҳкиркунандаи шаъну шараф” ҳам ёдовар шудаанд. Аммо азобу шиканҷаеро ки солҳои навад худи наҳзатиҳо нисбат ба мардуми кишварамон раво дидаанд, ёдовар намегарданд. Ҷангу хунрезиро дар кишвар роҳандозӣ карда, ҳазорон нафарро куштанашонро магар фаромуш кардаанд?
6) Дар қатънома ба таври иғвоангезона мақомоти кишварамон мавриди туҳмати беасос қарор гирифтааст, ки гӯё падару модарон ва хонаводаҳо ва наздикони мухолифонро шиканҷа медода бошанд. Аммо истифодаи ибораи “мухолифони сиёсӣ” дар ин маврид нодуруст аст. Дар асл наҳзатиҳою ҳаммаслаконашон, ки дар Аврупо панаҳ бурдаанд, ҳамагӣ ҷинояткоранд, на мухолифи сиёсӣ. Аз тарафи мақомот мавриди пурсиш қарор гирифтани наздикони онҳо амали дуруст ва маъмулист. Чунин амалро дар ҳамон кишварҳои аврупоӣ ҳам мақомот зимни аниқ кардани фаъолияти ҷинояткорон анҷом медиҳанд.
7) Дар ҳақиқат Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони як давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ ҳамаи санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи башар, аз ҷумла “Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ таҳкиркунандаи шаъну шараф”-ро имзо ва қабул кардааст ва онро риоя мекунад. Тамоми ҷаҳон инро медонад, ки дар кишвари мо ҳуқуқу озодиҳои инсон таъминанд. Аз ин рӯ, туҳматҳои дар ин қатънома аз тарафи чанд ҷинояткор оварда шуда ягон мантиқу маъное надоранд.
Парвизи Мирзо,
таҳлилгар

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *