Хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. СУҲБАТ БО МУХБИРОН

print

Дар толори маҷлисҳои мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  Турсунзода  доир ба  натиҷаи рушди ичтимоиву иқтисодии шаҳр дар нимсолаи якуми соли 2019  нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Дар ҷараёни он мухбирони нашрияҳои “Ҷумҳурият”, «Народная газета», “Садои мардум”, АМИТ “Ховар”, “Баҳори Аҷам”, “Минбари халқ”, радиои “Тоҷикистон”, радиои “Садои Душанбе”, ҳафтаномаҳои маҳаллии “Диёри Турсунзода”, «Алюминийи Тоҷикистон», “Ҳидоят”, маҷаллаҳои “Нури маърифат”, “Тибби Бӯалӣ”, телевизиони ҷамъиятии ТВ “Регар”, радиои “Садои Осиё” иштирок намуданд.           Дар оғоз вобаста ба натиҷаи рушди ичтимоиву иқтисодии шаҳр дар нимсолаи якумисоли 2019 Раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода маълумот пешниҳод намуд.

         Сипас, миёни мухбирон ва роҳбарияти шаҳр саволу ҷавоб ва суҳбати ошкоро сурат гирифт. Рӯзноманигорон ба масъулин вобаста ба татбиқи амру фармонҳои роҳбарияти олии кишвар, иҷрои нақшаи буҷет ва татбиқи қонунҳои миллӣ – “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, баргузории корҳо дар самти соли рушди дењот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, нақшаҳо ҷиҳати омодагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолият давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдкориву созандагӣ саволҳо пешниҳод намуда, посухҳои  мушаххас гирифтанд.

 КОТИБИ МАТБУОТИИ РАИСИ ШАҲР

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *