Чанде қабл як гурӯҳ мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва сайёҳии ватанӣ дар семинари омӯзишӣ таҳти мавзуи «Агробизнес ва агротуризм», ки дар давлати Япония баргузор шуд, иштирок намуданд. Дар омӯзиши мазкур шунавандагон аз 16 давлати дунё иштирок доштанд. Мақсади ҷониби Япония ривоҷи ҳамкориҳои муштарак дар самти тиҷорати кишоварзӣ, мубодилаи таҷриба, ва муаррифӣ намудани соҳаи агротуризми мамлакат ба ҳисоб рафта, чунин семинарҳо мунтазам гузаронида мешаванд.
Семинарҳо тариқи сайёр дар шаҳрҳои кишоварзию сайёҳии Токачи, Обихиро, Куширо ва Хокайдо баргузор гардид. Шаҳрҳои мазкур махсусан дар самти зироаткорӣ ва чорвопарварӣ пешрафта буда, дар баробари рушди соҳаи кишоварзӣ агротуризм низ тараққӣ кардаст. Тибқи маълумотҳо аз фаъолияти хоҷагидорони шаҳрҳои Токачи, Обихиро, Куширо ва Хокайдои сайёҳони зиёда аз 38 давлати дунё боздид намудаанд. Ташрифи сайёҳон омили зиёд гардидани ҳамкориҳои муштарак, содироти маҳсулот ва ворид намудани маблағ аз ҳисоби ташрифи сайёҳон маҳсуб меёбад.
Дар шаҳрҳои Токачи, Обихиро Куширо ва Хокайдои давлати Япония хоҷагидорон махсусан ҷуворимакка, лаблабу, картошка, гандум, лубиёгиҳо ва ғайраҳоро истеҳсол намуда, бо мақсади истеҳсоли гушт, шир ва пӯст парвариши чорвои шохдори калон, махсусан зотҳои сименталӣ, голштенӣ, ангусӣ ва япониро ба роҳ мондаанд.
Шакли хоҷагидорӣ. Бо мақсади пурсамар ва сифатнок ба роҳ мондани кор аз 15 то 35 хоҷагӣ дар як кооператив мутаҳҳид гардида, фаъолияти муштарак доранд. Кооператив хоҷагиҳоро бо техникаҳои кишоварзӣ ва тухмии хушсифат таъмин намуда, ҷиҳати гирифтани қарзҳои имтиёзнок, супоридани ҳисоботҳои давлатӣ ва ба фурӯш баровардани маҳсулот саҳми муносиб мегузорад. Мутахассисони кооператив сохтори киштро муайян ва нақшабандӣ намуда, аз ҷониби агроном вобаста ба ҷойгиршавии заминҳо, обу ҳаво ва иқлим ҳар як хоҷагӣ ба кишти навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ нақша мегиранд. Коркарди агротехникӣ, ғизодиҳӣ ва обёрӣ низ бо тавсияи агроном сурат мегирад.
Роҳбари кооператив дар натиҷаи овоздиҳии хоҷагидорон таъин ва озод гардида, Низомнома, дастурамал ва нақшаи кори кооператив дар асоси қонунҳои амалкунанда аз тарафи роҳбарони хоҷагиҳои фермерӣ тасдиқ карда мешавад.
Соҳаи чорводорӣ дар давлати Япония яке аз соҳаҳои тараққикарда ба ҳисоб меравад. Хоҷагии чорвопарварии Ооно дар шаҳри Токачи мавҷуд буда, аз соли 1990 фаъолият менамояд.
Хоҷагӣ асосан ба итеҳсоли гӯшт машғул буда, айни замон дар фермаҳои он беш аз 4000 сар чорвои калони шохдори японӣ, ангуси ва сименталӣ парвариш карда мешавад. Иншоот ва техникаи хочагӣ ба таври муосир сохта, муҷаҳҳаз гардидааст. Мақсади асосии хоҷагидорон омода кардани шароити фароҳам барои буду боши чорво ва истеҳсоли гӯшти баландсифат мебошад. Чорво то 2 сол парвариш ёфта, ҳамарӯза 1,5 то 1,7 кг вазн мегирад.
Яке аз хоҷагии пешрафтаи чорвопарварӣ «Митисита Хиронага Нодзё»-и шаҳри Обихиро маҳсуб ёфта, аз соли 1993 фаъолият менамояд.
Дар мувозинаи хоҷагӣ 72 га замини корам мавҷуд буда, дар он 5 воҳиди корӣ фаъолият менамояд, коркарди замин бошад, тариқи техника ва технологияи муосир сурат мегирад.
Хоҷагидорон картошка, лаблабу ва ғалладонагиҳо истеҳсол намуда, 1200 сар чорвои сименталӣ ва голштегиро парвариш менамоянд. Ғизои шабонарӯзии ҳар як чорвои калони шохдор аз 42 кг иборат аст, ки омехтаи ғалладонагӣ, шиколади маҳлул, лаблабу ва хошокро дар бар мегирад. Ширдиҳии ҳар як чорво дар як шабонарӯз 45 литрро ташкил дода, аз 960 сар чорво дар як шабонарӯзӣ 43200 литр шир истеҳсол мегардад.
Зимни баргузории семинари сайёҳиву омӯзишӣ гурӯҳи корӣ аз фаъолияти Коргоҳи истеҳсоли шир низ дидан намуд.
Корхона дар як шабонанарӯз беш аз 40 ҳазор литр ширро қабул ва коркард намуда, аз он 12 намуди маҳсулоти шириро истеҳсол менамояд.
Корхона бо техника ва технологияи муосир муҳаҳҳаз гардида, тариқи дастгоҳҳои электронӣ идора карда мешавад.
Омӯзиши навбатии гурӯҳи корӣ дар Хоҷагии Фермерии Мурасэ Фарм идома ёфт. Хочагии мазкур дорои 160 гектар замин буда, ба парвариши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумла, гандум, лубиё, гулкарам, қулинай, пиёз, картошка ва лаблабу машғул аст.
Дар хоҷагӣ ҳамагӣ 5 нафар фаъолият менамояд, ки корҳои агротехникӣ ба пуррагӣ бо истифода аз техникаи муосири хоҷагидорӣ ба роҳ монда шудааст.
Хоҷагӣ риояи сохтори киштро дар мадди аввал таъмин намуда, ҳамасола заминҳои корам киштгардон мешаванд. Нақшаи кишт аз ҷониби кооператив муқарар гардида, хоҷагӣ тибқи он амал мекунад.
Ҳосилнокии тамоми маҳсулоти хоҷагӣ баланд буда, аз ҳар маҳсулот чанд навъ истеҳсол мегардад. Масалан истеҳсоли картошка. Хоҷагӣ дар майдони 39 га 4 намуди картошкаро парвариш менамояд аз ҷумла:
-картошка барои истеъмол ва омода кардани таом дар дохили мамлакат;
-картошка барои истеҳсоли крахмал;
-картошка барои чипсӣ (картошкаи бирён)
-картошка барои содирот.
Ҳосилнокии картошка аз ҳар як гектар 600-700 с.га ё ин ки 60-70 тоннаро ташкил медиҳад.
Дар як га майдон 2 ё 2,5 тонн картошка бо тариқи техника шинонида шуда, ҷамоварӣ низ бо агротехникаи муосир амалӣ мегардад.
Тамоми маҳсулоти кишоварзии хоҷагӣ тибқи навъҳо кишт мегардад аз ҷумла, навъи ғизоӣ барои таъминоти бозори истеъмолӣ ва навъи дагар барои таъмини хӯроки чорво.
Шаҳрҳои Токачи, Обихиро Куширо ва Хокайдои давлати Япония аз минтақаҳои кишоварзию сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, минтақаро бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ пурра таъмин намуда, инчунин ба дигар минтақаҳои мамлакат содирот менамояд.
Таҷрибаи шаҳрҳои зикршудаи хоҷагидорони Япония аз таҷрибаи пешқадам ба ҳисоб рафта, усулҳо ва шакли пешбарии чунин тарзи корҳоро метавон дар таҷрибаи шаҳри Турсунзода роҳандозӣ намуд.
Ҷиҳати рушди сайёҳати кишоварзӣ дар шаҳри мо қадамҳои аввалин гузошта шудааст, ки намунаи онро дар токзорҳои «Боғи Сомон» ва хоҷагии «Ватан» метавон мисол овард.
Дар шаҳри мо аз оби равон вазамини ҳосилхез ғанӣ буда, дар натиҷаи заҳмати дучанд ва сармоягузорӣ метавон самтҳои рушди тиҷорат ва сайёҳати кишоварзиро таъмин намуд. Имкониятҳо васеъ аст, онро бояд вусъат бахшид.
ЉАХОНГИР РАВШАНОВ,
сардори Раёсати кшоварзии
шањри Турсунзода