Хабарҳо

 Беҳтарин неъмати  олам об аст

print

      Хурд будам, ёд дорам ҷӯйбори калоне аз як тарафи  ҳавлии модаркалонам мегузашт. Ҳамроҳи духтарчаи ҳамсоя ба назди ҷӯйбор рафта оби шаффофу зулоли онро тамошо мекардем ва бо  навбат ба он санг меандохтем. Боре духтарча  ба оби ҷӯйбор  туф карду аз ман талаб кард, ки ман ҳам ин  корро кунам.  Модаркалонам аз ин  огоҳ  гардида  ғазабнок шуд ва “Ба об туф накунед,  убол аст” – гӯён моро сарзаниш  кард. Моро малол  омад, ки аз ин туф кардан ба як ҷӯйбори калон чӣ зарар  аст…

         Баъд аз чанд сол ин саргузаштро ба модаркалонам нақл кардам. Ӯ каме табассум карда гуфт: “Мо пеш дар деҳаи Қаратоғ зиндагӣ мекардем. Деҳа аз якчанд гузарҳо иборат буд: Сурхӣ, Кулолгарӣ, Чармгарӣ, Тошқӯрғон. Мо дар гузари Тошқӯрғон дуртар аз ҳавлии  Усто Турсун  (падари Мирзо Турсунзода) зиндагӣ   мекардем. Аз байни деҳа дарёи калони сероб мегузашт, ки садои воҳиманок дошт. Оби ин дарё ҳамеша софу зулол буда, танҳо дар фасли баҳор як муддат сероб гардида лойолуд мешуд. Мардум ҳар саҳар бо садои кабкони хушхиром, оби дарё ва маоси бузу бузғолаҳо аз хоб мехестанд. Ин деҳаро ба мардуми шеърдӯст,  шоирон ва олимонаш меши-нохтанд. Ғайр аз ин, деҳаи Қаратоғ макони ҳунармандон буда, мардум бо ҳунарҳои ресандагӣ, бофандагӣ, алочабофӣ, кулолгарӣ, дуредгарӣ, оҳангарӣ, чармгарӣ, ҳалвопазӣ ва дигар ҳунарҳо  ном бароварда буданд. Мардуми деҳа ба шаҳрҳои Самарқанду Панҷакент рафта  маҳсули дастони худро мефурӯхтанд. Бобоям ҳам  ба Самарқанд алоча мебурданд ва аз он ҷо мавизу каллақанд ва дигар маҳсулоти хӯрока меоварданд.Зиндагии тинҷу осоишта доштем. Вале як чиз моро бисёр азият медод, ки ин ҳам бошад норасоии об. Азбаски ҳавлии мо дар баландӣ ҷойгир буд, мо аз дарё бо душворӣ ба воситаи хар об мекашондем. Рӯзе  аз ин обкашонӣ ба танг омадаму аз Худованд  илтиҷо кардам, ки маро ба ҷойе расонад, ки аз чор тарафи ҳавлиам об гузарад. Мо макони худро тарк карда ба дигар деҳа кӯчидем. Дар ҳақиқат, имрӯз аз чор тарафи ҳавлиам об мегузарад. Беҳуда  нагуфтаанд, ки “обу ободӣ”.  Акнун фаҳмидӣ духтарам,  ман он вақт туро барои чӣ ранҷонда будам” – гуфта модаркалонам оҳи чуқуре кашида.

         Кунун имрӯз дарк мекунам, ки гузаштагони мо худ ҳикмате буданд ва ҳар як неъмати Худовандро  азиз  медоштанд.

         Бузургон обро муҳимтарин манбаи ҳаёт, омили ҳастӣ ва сафобахши зиндаги таъкид кардаанд. Аз  ҷумла, Бедили Деҳлавӣ оид ба чаҳор унсури офариниши олам: об, хок, бод, оташ ақидаҳояшро иброз дошта, обро асоси ҳастӣ медонад. Донишманди бузург Ҳиппократ низ обро ибтидои ҳамаи ибтидоҳо гуфтааст. Ҳофиз бошад, дар яке аз ғазалҳояш канори оби Рукнободу гулгашти Мусаллоро ҳатто аз ҷаннат боло медонад.

       Бидеҳ соқӣ, маи боқӣ, ки дар ҷаннат нахоҳӣ   ёфт,

       Канори  оби Рукнободу гулгашти Мусаллоро.

Дар ҷойи дигар Низомӣ мегӯяд:

       Оби Кавсар, на оби хонӣ буд,

       Чашмаи оби зиндагонӣ буд.

Ё худ, Махфӣ:

         Ман, ки бемори шаробам, бар лабам шарбат чи суд?

Ҷойи шарбат бар лаби ман оби покам беҳтар аст.

 Худованд ба бандагонаш неъматро арзонӣ медорад, вале мо онҳоро дарк намекунем. Вақте он неъматҳо аз носипосии мо ба нестӣ рафтанд, баъд дарк мекунем ва бар неъмати аз дастрафта афсӯс мехӯрем.

Проблемаи дастрасӣ ба об, бахусус оби  нӯшиданӣ, имрӯз ба мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Об ва масъалаҳои доир ба он аз масъалаҳои муҳими глобалӣ ба ҳисоб мераванд ва  аҳолии курраи заминро имрӯз камбудии об ва дигар омилҳои вобаста ба он ба ташвиш овардааст. Худ қазоват кунем, оё бе об зиста мешавад? Достони “Хайр ва  Шар”–и Низомии Ганҷавиро ба хотир биёрем. Хайр ба хотири як қатра об аз гавҳари ноёб- чашмонаш маҳрум мегардад. Ё худ шоире  мефармояд:

Ташнаро як қатра об аз дурри дарё беҳтар аст,

Гушнаро як пора нон аз ганҷи дунё беҳтар аст.

         Имрӯз мо бояд  аз он ифтихор дошта бошем, ки кишварамон  дар Осиёи Марказӣ дорои  манбаъҳои фаровони оби соф ҳаст. Пиряхҳои кишвар сарвати бебаҳо ва фаровонии оби соф ҳастанд. Манбаъ ва воситаи захираи оби дарёҳо маҳз  пиряхҳо мебошанд. Хушбахтона, мо пиряху кӯлҳои бешуморе дорем, ки онҳо фаровонии дарёҳои кишвари моро таъмин карда  метавонанд. Вале ин фаровонии об маънии исрофи ин  неъмати худододро надорад.

         Мутаассифона, баъзан  ношукрӣ ба ин неъмати бебаҳо моро бетараф гузошта наметавонад. Вақте ба канор ва дохили  баъзе  ҷӯю дарёҳои кишвар менигарем, ба қавле “дуд аз димоғ мебарояд”. Зеро канори ҷӯю дарёҳои мо имрӯз ҷойи партовҷамъкунӣ гардиданд. Баъзан халтаҳои уребча (памперс)  ва ҷасадҳои ҳайвоноти хонагиро низ дар дохили дарёҳо мебинем, ки ин  аз ҷиҳати экологӣ ва ҳам санитарӣ зиёновар аст.

         Ҳамон тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд “…Мо бояд захираҳои оби худро маҳфуз дорем ва идоракунии пурсамари онро омӯзем, то ки оянда сатҳи таъминот ва дастрасии инсоният ба оби тоза ва ташкили зиндагӣ аз рӯйи меъёрҳои санитарӣ баланд бардошта шавад”.

         Воқеан ҳам, муносибат ва таваҷҷуҳи Сарвари кишвари мо ба ин сарвати гаронарзиши зиндагӣ басо ибратангез аст.

         Аз рӯйи маълумоти  Созмони Милали  Муттаҳид соли 2050 аз норасоии об 3 миллиард нафар дар 50 кишвари дунё азият хоҳанд  кашид ва афзоиши босуръати ҷаҳон талабот ба обро дар соҳаҳои кишоварзию саноат ва рӯзгори одамон хеле зиёд мекунад. Маҳз ҳамин нуктаро ба назар гирифта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон соли 2000 дар Анҷумани сеюми ҷаҳон бахшида ба мушкилоти об дар шаҳри Киотаи Ҷопон суханронӣ карда пешниҳод намуд, ки солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” эълон карда шавад. Ин пешниҳодро 140 давлати ҷаҳон дастгирӣ намуданд.

22 декабри соли 2016 бо пешниҳоди Сарвари давлати тоҷикон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эъломи Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”  барои солҳои 2018-2028 бо ҷонибдории 177 давлати аъзои СММ қатънома қабул кард.

         Бузургӣ ва тавоноии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон аст, ки то имрӯз чор  пешниҳоди Тоҷикистон доир ба истифодаи оқилонаи об аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабул ва амалисозӣ қарор гирифтааст.

         Шукрона аз он мекунем, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои биҳиштосо буда, бо табиати зебою дилфиреб ва чашмаҳои шифабахшу гиёҳҳои табобатиаш ба олам машҳур гардидааст.         Истифодаи оқилона, тоза нигоҳ доштани оби ҷӯю дарёҳо ва ҳифзи табиату манбаъҳои он дар Тоҷикистон ҳамчун мамлакати ташаббускор оид ба масъалаи об дар сатҳи ҷаҳон яке аз вазифаҳои муҳими ҳар як сокини мамлакат мебошад. Беҳуда нагуфтаанд:

Ҷӯйе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,

Нашояд фикандан дар он сангу хок.  

Х. Шарипова,

омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *