Хабарҳо

ТЕРРОРИЗМИ ДИНӢ ВА ХАТАРҲОИ ОН

print

  Терроризмро ба навъҳо ҷудо кардаанд: наркотерроризм, кибертерроризм, терроризми сиёсӣ, терроризми ҳастаӣ ва терроризми динӣ. Аз  байни ин навъҳо терроризми динӣ бераҳмтарин буда, дар динҳои ислом, насронӣ, калимӣ (яҳудият),  ҳиндуӣ, буддоӣ ва дигар мазҳабҳо ба ҷараёнҳои ифротӣ  мансубанд. Вале  боиси  таассуф аст, ки дар ҷаҳон терроризмро бештар ба дини ислом нисбат доданӣ мешаванд, ки ин аз ҳаразу кина орӣ нест. Воқеан ислом  дини парҳез-гар буда, тарбияи зидди  инсонӣ надорад, инсонро ба сулҳу башардӯстӣ ва имон ҳидоят менамояд ва  терроризмро маҳкум мекунад. Аммо бархе аз фарзандони муслимин, алалхусус ҷавононе, ки мафҳуми исломро намефаҳ-манду бесаводанд, ва онҳое, ки сияҳро аз сафед фарқ карда наметавонанд, зуд ба доми террористону ифротгарон афтида, ба нақораи  онҳо “рақс” меку-нанд.  Даст мезананд ба куштору ҳоратгарии мардуми кишварҳои ҷангзада ба мислии Сурияву Ироқ. Занонро бе шавҳар,  кӯдаконро бе падар мекунанд. Аз тири ноҳақи онҳо ҳатто  занону кӯдакони маъсум ба шаҳодат мерасанд.

       Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳам  буданд чунин террористоне, ки ҳамчун кӯрнамаку хоин ва душманони миллат мехостанд аз сари нав киш-варро  ба низои шаҳрвандӣ кашанд ва муваффақ  шаванд ба табаддулоти давлатӣ. Яке аз чунин шахсони манфур полковники исёнкор Гулмурод Ҳалимов  буд.  Албатта, бо ҳаммаслаконаш. Дид, ки ин азми но-покаш амалӣ намешавад, зуд ба Сурия фирор намуд, ба созмони террорис-тии “Давлати исломӣ” шомил шуда, дар ин мулки ҷангзада  хуни бегуноҳон рехт.

Мегӯянд, ки умри террористу ифротгаро кӯтоҳ аст.  Албатта хуни ноҳақ рехтаашон худи эшонро гирифтори қатлу  куштор мегардонад. Ва ин ҷо ба хотир меояд мақоли халқ: “Бад кунӣ, бад мебинӣ”. Гулмурод ҳам бад дид, дар мулки ҳайр мисли саги девонаю дайду ба ҳалокат расид. Доҳ овард ба пайвандонаш. Гирифтори нафрати Ватан шуд…  Боиси таассуф аст, ки аз шаҳри Турсунзода низ чанд нафаре бо мақсади маблаҳи ҳаром ва нангин ба даст овардан ба гурӯҳҳои  экстремистиву террористӣ аъзо шуданд. Баъзеашон фаҳмиданд, ки роҳи хатову хавфнокро интихоб кардаанд. Аммо аз доми бало берун шудан басо мушкил буд. Лек, баъзеи онҳо, яъне пушай-моншудагон  илоҷашро ёфтанду ихтиёри ба Ватан баргаштаанд. Ватан ва қонун онҳоро бахшиданд. Дар мулоқотҳо бо ҳамватанон иброз намуданд, ки аз кардаашон сахт пушаймонанд,  минбаъд барои ободӣ ва ҳифзи Тоҷикистони азиз саъйи комил менамоянд.

         Њоло дар миён суоле меояд: ҷавонони сустиродаву бесавод бо кадом роҳ ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил мешаванд? Посух ба ин суол чунин аст: имрӯз терроризм хусусиятҳои нав пайдо кардааст. Пайванд додани хушунат, даҳшатафканӣ бо расонаҳои хабарӣ  (хусусан интернет) яке аз ҳамин гуна хусусиятҳост. Гурӯҳҳои террористӣ аз расонаҳои хабарӣ васеъ истифода мебаранд. Бо ин васила таҳдидҳояшонро дар афкори омма ҷой медиҳанд, тарсу ваҳшатро дар вуҷуди одамон мавқеъ дода, мақсадҳои нопоки хешро таблиҳ менамоянд.

        Коршиносон дар чунин ақидаанд, ки ҷое, ки беадолатӣ  ва нобаробарии иҷтимоӣ мавҷуданд, терроризм  он ҷо реша медавонад. Тибқи ҷуҳрофия   терроризм ба терроризмҳои давлатӣ, фаромиллӣ, маҳаллӣ ва фардӣ  тақсим мешаванд. Бо тақозои воқеияти зиндагӣ одамон новобаста, аз эътиқод, мансубияти қавмию нажодӣ бояд бо ҳам муттаҳид шаванд. Ана ҳам чиз шарти асосии раҳоӣ инсониият аз хатарҳои иҷтимоӣ ва терроризм мегардад. Ва борҳо мушоҳида намудаем, ки гаравиш  ба самти ифротгароӣ аксаран падару писарро аз ҳамдигар ҷудо карда онҳоро дар лангарҳои мухолиф муқобили ҳам мегузоранд.

        Айни ҳол дар ҷаҳон терроризмро ба дини мубини ислом нисбат доданӣ мешаванд.Ин айбгузории бардурӯҳ ва фишору таҳқири мардуми мусулмон аст. Айнияти ислом ба терроризм ва экстремизм ҳалати маҳз меборшад. Дар асл ислом дар муборизаҳои сиёсӣ ва таҳаввулоти инқилобии ҷомеа кор гирифта, тамоми арзишҳои гузаштаро ҷоҳилият эълон карда, онҳоро тахриб кард ва ба коми нобудӣ афканд. Инчунин ин дин ҳамчун омили фарҳангӣ дар таърих тавонист муносибатҳои иҷтимоиро дар асоси арзишҳои инсонӣ ташаккул диҳад.

        Пешвои   муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон барҳақ гуфтаанд: “Террористро ба худиву бегона , ислоҳотхоҳу тундгаро ва неку бад ҷудо намудан мумкин нест” . Ё тавре қайд кардаанд: “Таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандии  Тоҷикистон  ва чандин кишварҳои дигар гувоҳ аст, ки барои гирифтани пеши роҳи терроризму ифротгаройӣ бояд дар ҳамаи самтҳо чораҳои муассир андешида шаванд”. Пас ҳар як тоҷикистониро мебояд, ки бо ақли расову тафаккури воло барои маҳв ва пешгирии терроризм ҳамеша омода бошад. Ҳамчунин  калонсолонро мебояд ҷавононро ба роҳи рост, ватандӯстиву башардӯстӣ ҳидоят намуда, меҳри Ватанро дар вуҷудашон амиқтар ҷой диҳанд ва нагузоранд, ки онҳо ба вартаи хатарноку ҳалокатбари терроризму ифротгароӣ наафтанд. Бо Тоҷикистони соҳибистиқлол ифтихорашон беандоза бошаду саҳмашон дар шукуфоии он бештар.

        Хуллас, дар тарбияии ахлоқиву ватандӯстии насли наврасону ҷавонон тамоми табақаҳои ҷомеа бояд фаъолнокиро аз даст надиҳанд. Ва ин бештар тақозоест аз аҳли зиёиву волидайн ва уламову имомхатибон…

А. КУҲЗОД,

рӯзноманигор.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *