Таҷлил

Табрикоти раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода бахшида ба 22-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

print

         Ҳамдиёрони азиз,

Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати сиёсати ваҳдатофари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ муҳтарам Пешвои миллат 22 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар фазои сулҳу суботи комил ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзодаро самимона табрик намуда, ба ҳар яки Шумо хушбахтиву сарбаландӣ ва саодати рӯзгорро таманно дорем.

Ҳамдиёрони азиз,

Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи навини Тоҷикистон санади сарнавиштсоз арзёбӣ мегардад.

Ин ҳуҷҷат ба хотири сарҷамъии миллат ва зиндагии осудаи сокинони Ватан ба имзо расида, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима гузошта,  рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлолро таъмин ва халқро ба ободгариву субот сафарбар намуд.

Афкори Ваҳдати миллӣ ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати давлат ва шиори зиндагӣ барои мардум бесабаб набуд. Зеро солҳои охири асри гузашта душманони хориҷиву дохилӣ байни мардуми мо бадбиниву хусуматро  ҷорӣ ва халқро ба қисматҳо ҷудо карда, ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд.

Хушбахтона миллати тоҷик ҳамдиливу ваҳдатро интихоб ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро имзо намуд.

Ваҳдати миллӣ давлати тозаистиқлоли моро эҳёи тоза  ва умри миллатро бақои ҷовидона бахшида, дар Ватан давраи барқарорсозӣ ва ҳаёти созанда оғоз шуд. Мардуми кишвар  ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ қадамҳои устувор гузошта, бунёди нерӯгоҳҳои бузург, роҳу нақбҳо ва корхонаҳои саноатӣ вусъат ёфта, барои некӯаҳволии зиндагии мардум муассисаҳои иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Миллати шарафманди тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки соҳибмаърифату тамаддунофар ва сулҳдӯст буда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ чун падидаи нодири фарҳанги сулҳофар пазируфта шуд.

Дар баробари ин Хукумати Тоҷикистон дар баррасии масъалаҳои умдаи ҷаҳонӣ, ширкат варзида, муҳтарам Пешвои миллат аз номи миллати тоҷик дар минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ баромад намуда, ҷиҳати ҳалли мусбии масъалаҳо саҳмгузорӣ ва мусоидат менамоянд. Боиси сарбаландии  ҳар як фарди Ватан аст, ки Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва комилҳуқуқ шоистаи мавқеъ ва эътирофи  арзанда мебошад.

 Ҳамдиёрони азиз,

Ваҳдат хушбахтии миллат маҳсуб ёфта, барои халқи тоҷик арзиши муқаддас ва омили ҳамбастагии халқҳои Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.

Дар ин замина  шаҳри Турсунзода ҳамчун шаҳри дӯстиву бародарии халқҳо дар таҳкими Ваҳдату ҳамдилии мардуми Тоҷикистон саҳми арзанда дорад.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар шаҳри мо низ  тарақкӣ карда,  сатҳи иҷтимоиву иқтисодии  мардум сол то сол боло рафта, нақши мардуми шаҳр дар пешрафти иқтисодиёти Ватан назаррас маҳсуб меёбад.

Ҳамдиёрони азиз,

Ваҳдати миллӣ, ҳамбастагии халқу шукуфоии Ватанро таъмин намуда,  вазифаи ҳар фарди худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки онро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳимоя намояд.

Моро мебояд Ватани худро дӯст дорем, Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолиятро ҳифз намоем. Чуноне ки муҳтарам Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат фармудаанд: «Мо бояд Ватани худро самимона ва сидқан дӯст дорем ва барои ободиву пешрафти он пайваста талош варзем. Ба ин хотир, моро зарур аст, ки ҳамарӯза барои баланд бардоштани сатҳи маърифату шуури миллии мардуми кишвар, фарҳанги сиёсии ҷомеа, тақвияти ваҳдату ҳамдигарфаҳмии халқи кишвар, беҳдошти шароити иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва рушду тараққиёти мамлакатамон аз тамоми нерӯву имкониятҳо самарабахш истифода намоем».

Боварии комил дорем, ки сокинони сарбаланди шаҳри Турсунзода, ваҳдату ҳамдилиро ҳамчун  сутуни  пойдору устувори  давлат қадр намуда, бо рӯҳияи баланди созандагӣ, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон ва пайкори бунёдкоронаи муҳтарам Пешвои миллат кӯшишу ғайрат менамоянд.   Дар ин радиф ҷиҳати пешвози арзанда  ва татбиқи накшаҳои созандаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдкориҳо вусъат дода мешаванд.

Барои амалӣ намудани афкори созанда ба мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода сиҳатмандиву саодат, барори кор орзу намуда, ба Ватани азизамон Ваҳдати пойдор, сулҳу суботи ҷовидон ва ба ҳар хонадони диёр  зиндагии хушу хуррам ва файзу баракат таманно дорем.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамватанони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *