Таҷлил

КОРМАНДОНИ РАДИО ВА СОҲАИ АЛОҚА ҚАДРДОНӢ ШУДАНД.

print

Дар конфронстолори  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба муносибати Рӯзи радио ва корманндони соҳаи алоқа  маҷлиси ботантана баргузор гардид Раиси шаҳр Абдуқодир Вализода мутахассисони радио ва ва соҳаи алоқаи шаҳрро табрик намуда, иброз дошт ки дар шаҳр 2 редаксияи радиошунавонӣ- радиои маҳаллии “Садои Осиё” ва радои Корхонаи воҳиди давлатии  “Ширкати Алюминийи Тоҷик” фаъолият намуда, ҳамарӯза аҳолиро бо навгониҳо хабардор намуда, бо таҳия ва пахши барномаҳои ватанпарварона дар тарбияи ҳуқуқиву маънавии сокинон нақши муҳим доранд. Инчунин ба муносибати иди касбӣ кормандони Маркази алоқаи Почта низ табрик намуда, А.лизода қайд намуд, кормандони соҳа бо расонидани саривақтии  рӯзнмаву маҷалла ва муросилот ба аҳолӣ  дар самти татбиқи сиёсати иттилооти давлатӣ саҳми муносиби худро мегузоранд. Дар ин замина бакормандони Ҷамъияти  саҳҳомии кушодаи “Тоҷиктелеком” таваҷҷуҳ зоҳир гардида, раиси шаҳр иброз дошт, ки кормандони ҷамъият ҷиҳати таъмини алоқаи босифати телефонӣ ва интернетӣ мунтазам дар хизмати аҳолӣ қарор доранд.

Баъдан собиқадорон ва кормандони пешқадам бо сипоснома ва туҳфапулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *