Таҷлил

ҒАМХОРӢ БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

print

Дар арафаи таҷлили 74-умин солгарди Ғалаба бар олмони фашистӣ собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шаҳри Турсунзода бо мукофотпулии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Турсунзода қадрдонӣ шуданд.

Бо мақсади қадрдонии собиқадорони ҷанг ба шаҳри Турсунзода намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Зафар ташриф оварда, ба ҳар як собиқадори ҷанг панҷ ҳазор сомонӣ  кӯмакпулӣ супорида., афзуд, ки шуҷоату диловарии мардуми баору номуси Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ арзёбӣ мегардад, зеро дар ин ҷанг беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои шадид иштирок намуда, 92 ҳазор нафари онҳо ба хотири адо кардани қарзи фарзандии хеш ҷон супурдаанд, 58 ҳазор нафар бо нишону орденҳои давлатӣ ва 54 нафар ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гардидаанд.

Ҳамчунин раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода собиқадоронро муборакбод намуда,  иброз дошт, ки солҳои 1941-1945 беш аз 5 ҳазор ҷавонмардони шаҳри Турсунзода ба дифои Ватан сафарбар гардида, зиёда аз 2200 нафари онҳо дар роҳи муҳофизати Ватан шаҳид шудаанд . Сипас, ба ҳар як собиқадори ҷанг  кӯмакпулии мақомоти иҷроияи шаҳро ба маблағи 2000 сомонӣ супорида шуд.Баъдан намояндаи Ҳукумати Љумҳурии Тољикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба аёдати собиқадорони барҷомонда рафта, мукофотпулии муҳтарам Пешвои миллат ва раиси шаҳрро ба онҳо расониданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *