Хабарнигори «Tajikistantimes» бо Илҳом Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбате орост, ки пешкаши хонандагон мегардад.
-Истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ аз боло рафтани нархи интернет эҳсоси нороҳатӣ мекунанд ва ҳанӯз ҳам огаҳӣ аз сабабҳои ба чунин иқдом даст задани ҳукуматро наметавонанд дарк кунанд. Шояд шумо инро шарҳ медиҳед?
-Ҳар кишвар дар доираи ҳадафҳои миллии худ ба ин ё он иқдом даст мезанад. Боло ё паст рафтани нарх вобаста ба шароит ва вазъиятест, ки давлат қарор дорад. Он метавонад сабабҳои иқтисодӣ дошта бошад ё омилҳои дигаре, ки ба чунин иқдом водор сохтаанд. Истифодабарии интернет бояд тибқи қонунгузорӣ, талаботи техникӣ ба роҳ монда шавад. Аз 19 феврали соли 2019 дар Тоҷикистон суръати интернет аз 20 ба 48 гигобайт расонида шуд. Агар дар маҷмуъ гирем, нархи интернет қимат нашудааст. Нархи интернети ноқилӣ дар Тоҷикистон хеле арзон аст: 1 гигобайт аз 2 то 10 сомонӣ. Интернети мобилӣ мавзӯи дигар аст. Ин намуди алоқа технологияи истифодаи махсусро талаб мекунад. Барои он ки муштарӣ истифодабарандаи он гардад, бояд соҳиби телефони ҳозирзамони дорои барномаҳои махсус бошад. Аз қабили Смартфон, Айфон, планшет… ва ба воситаи симкорт, яъне модули муайянкунандаи муштарӣ ба шабакаи мобилӣ пайваст шавад.
— Аз ин шарҳи шумо посух ба саволи худ наёфтам. Сабаби қимат шудани нархи интернети мобилӣ дар чист?
— Шумораи истифодабарандагони низоми барқӣ дар Тоҷикистон 14,6 миллион нафарро ташкил медиҳанд. Аз ин ҷумла, 3 милллион истифодабарандагони интернети мобилӣ ва ноқилӣ мебошанд. Солҳои охир мардум аз месенҷерҳо, мисли Вотсап, Вайбер, Телеграмм, Имо зиёд истифода мебаранд. Ба ин восита онҳо бо нархи арзон байни якдигар гуфтугӯй мекунанд. Истифодаи месенҷерҳо ба як вабои аср табдил ёфтааст, аз доираи назорат берун рафтааст. Ман назорати падару модаронро нисбати наврасон дар назар дорам. Падару модар метавонанд истифодаи телевизорро таҳти назорат гиранд, аз кодҳои манъкунанда, ки дар телевизорҳо мавҷуд аст, истифода кунанд. Аммо назорати истифодаи телефони мобилӣ аз ҷониби онҳо ғайриимкон гаштааст. Дар ҷумҳурӣ 200 000 наврасон соҳиби симкортҳои мобилӣ мебошанд. Онҳо бе мамониат ба воситаи телефон филмҳои порнографӣ тамошо мекунанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ шабурӯз хобанд, машғулӣ бозиҳои online ҳастанд. Истифодаи бемаҳдуд аз интернети мобилӣ боиси костагии ахлоқи наврасон ва ҷавонон гаштааст. Ба ҷои он ки онҳо дарс хонанд, маърифат бардоранд, забон омӯзанд, машқ кунанд ва саломатии худро нигоҳ доранд, ба чунин амали номатлуб машғуланд. Албатта, мо мухолифи бозӣ кардани онҳо, истифодаи месенҷерҳо нестем, лекин ҳама чиз ҳадду ҳудуд дорад. Дар кишварҳои Аврупо то 16- солагӣ истифода аз телефонҳои мобилӣ мумкин нест. Вақте ки аз он берун мераванд, ба вайроншавии шахс ба ҷомеа мебарад. Ин сабаби якум аст.
Дуюм, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи алоқаи барқӣ” моддаҳои 33-34 дар ширкатҳои мобилӣ бояд системаи Сорн роҳандозӣ шавад. Ин талабот дар тамоми ҷаҳон аст, вале баъзе аз ширкатҳои мобилӣ инро риоя намекунанд. Ҳарчанд риояи он ҳатмист. Ширкатҳои мобилиро лозим аст, ки истифодаи интернетро дуруст ба роҳ монанд.
Сеюм, ҳифзи саломатии шаҳрвандон.Чорум, ба хотири роҳандозии месенҷерҳои миллӣ ва бе иҷозатномаи махсус роҳ надодан ба месенҷерҳои хориҷӣ. Месенҷерҳои хориҷӣ қабл аз ворид шудан ба ҷумҳурӣ, бояд иҷозатномаи хадамоти моро гиранд. Дар ин сурат имкон фароҳам меояд, ки чун дар Аврупо пеши роҳи экстремизм ва терроризм гирифта шавад.
— Аз ин гуфтаи шумо бармеояд, ки ширкатҳои мобилӣ дар бораи боло рафтани нарх гунаҳкор ҳастанд?
— Онҳо гунаҳгор не, аммо бегуноҳ низ нестанд. Зеро фароҳамоварандаи алоқаи мобилӣ ҳастанд ва бояд мизоҷони худро таҳти назорат дошта бошанд. Як мисоли оддӣ: пардохти муштариён ба воситаи терминалҳо. Иҷрокунандагони ин амал барои хизматрасониашон ба ширкатҳои мобилӣ фоиз мегиранд. Аммо дидаву дониста ғайри қонунӣ аз муштариён низ фоиз мегиранд. Ҷорӣ кардани системаи Сорн як масъалаи муҳим мебошад.
Вақте ки месенҷерҳои нав пайдо мешаванд, онҳо дар робита бо мо бояд таъмини бехатарии дохилии мобилиро ба роҳ монанд. Ду сол аст, ки ширкатҳои мобилӣ умуман рушд намекунанд, пешрафт ва вориди технологияи навро ба роҳ намемонанд. Ширкате ҳаст, ки муддати ҳашт сол иҷозатномаи насли панҷро дорад. Вақте ки мо истифодаи интернети ноқилиро ба роҳ мемонем, наврасон зери назорати волидон қарор мегиранд.
-Шумо итмонон доред, ки бо қимат кардани нархи телефонҳои мобилӣ ва раҳнамоӣ кардани онҳо ба интернети ноқилӣ, тавре ки шумо мегӯед, пеши роҳи амалҳои номатлубро мегирад?
-Истифодаи дуру дароз аз телефонҳои мобилӣ тавре ки гуфтам, ба саломатии наврасон ва умуман одамон зарари калон дорад. Ин чизро пажӯҳишгоҳҳо исбот карданд. Дар интернети ноқилӣ, ки дар онҳо зарраҳои радиоэлектронӣ ночиз аст, ба саломатии онҳо кам зарар мерасонад. Яке аз сабабҳои баланд шудани нархи интернети мобилӣ ҳамин аст. Моҳи марти соли ҷорӣ мо аъзои Виҷитал касса шудем. Мутахассисон дар ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ оиди истифодаи ин лоиҳа кор мебаранд. Ин лоиҳа чӣ медиҳад? Нархи нурии баландшиддат аз Қирғизистон тариқи ҳудуди Тоҷикистон ба Афғонистон пайваст шуда, системаи ягонаи алоқаро бунёд месозад ва ин мусоидат бар он мекунад, ки нархи интернети мобилӣ арзон мешавад ва мо ба давлати транзитӣ мубадал мегардем.
-Боло рафтани нархи интернет ба рушди сайёҳӣ таъсири манфӣ намерасонад?
-Мо вазифадор ҳастем, ки минтақаҳои туристии саёҳиро алоқаи интернетии 3 GI ва 4 GI-ро таъмин мекунем.
-Қимат шудани интернет сабабҳои иқтисодӣ ҳам доранд?
-Ба ин савол бояд иқтисодчӣ ҷавоб диҳад. Шояд зиёд шавад.
-Шумо қаблан зикр кардед, ки ҳудуди се миллион истифодабарандагони интернет доред. Агар пӯшида нест, соли 2018 ширкатҳои мобилӣ чӣ қадар манфиат бардоштанд?
-Даромади умумии ташкилкунандагони алоқаи барқӣ-мобилӣ 2.6 млрд. сомонӣ манфиат бардоштанд. Ин дар маҷмӯъ аст.
-Ба буҷаи ҷумҳурӣ чӣ қадар аз ин ҳисоб ворид шуд?
-Худатон ҳисоб кунед, ки аз ин миқдор чӣ қадар андозҳо мешавад.
-Баъд аз қимат шудан, мувофиқи ҳисоби шумо ин маблағ кадом миқдорро ташкил хоҳад дод?
-Ба ин савол ман ҷавоб додан наметавонам. Инро бояд иқтисодонҳо донанд. Вале ман ҳамин қадар гуфта метавонам, ки бо сабаби дар хориҷа будани махзани месенҷерҳо тамоми даромад ба хориҷи кишвар меравад. Мо бояд месенҷерҳои ватаниро ташкил диҳем, ин маблағҳо дар дохили ҷумҳурӣ боқӣ монанд.
-Чӣ халал мерасонад, шумо ин корро анҷом диҳед?
-Мо ин корро карда истодаем. Мо интернети миллии худро ташкил мекунем. Дар лоиҳаи минтқавии Виҷитал Касса, ки мо вориди он шудем, манфиатҳои миллии мо ворид шудааст. Ба воситаи ҳамин хати нахи нурӣ мо тамоми ҷумҳуриро бо системаи захиравӣ таъмин менамоем. Ҳоло 65 минтақаи Тоҷикистон бо хати нурии Тоҷиктелеком таъмин аст. Яъне, зиёда аз 3000 км кабел дар ҳудуди ҷумҳурӣ гузаронида шудааст. Тамоми корхонаҳо, ширкатҳо аз ин нахи нурӣ истифода мебаранд. Барои гузаронидани ин хат масалан, Ҷумҳурии Қирғизистон 50 млн. Афғонистон 99 млн. гирифтаанд. Барои кишвари мо низ маблағ ҷудо карда шудааст.
-Пас аз гарон шудани нархи интернет дар Тоҷикистон сокинони ҳамарз бо Қирғизистон, Ӯзбекистон ва ҳатто Афғонистон гуфтаанд, ки аз симкорт ва хизматҳои интернетии ин кишварҳо истифода хоҳанд бурд. Масалан, дар Қирғизистон симкорт бепул ва нархи 1 гигабайт 0,27 доллар, Қазоқистон 0,49, Украина 0,51, Русия 0,91 доларро ташкил медиҳад. Ҳатто Афғонистони ҷангзада нархи интернети мобилиро, ки қаблан 70 афғонӣ (6,1 сомонӣ) барои 1 гигабайт буд, то 49 афғонӣ (4,7 3 сомонӣ) поён фаровард. Магар ин ба амнияти Тоҷикистон хатар эҷод намекунад?
-Назар ба кишварҳое, ки шумо зикр кардед, нархи интернет дар мо арзонтар аст. Манзури ман интернети ноқилӣ мебошад, ки нархи он аз 2 то 10 сомониро барои 1 гигабайт ташкил мекунад. Баъд, бояд як чизи дигарро ба эътибор гирифт. Мо интернетро аз Русия ба воситаи Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ворид месозем. Лоиҳаи дигар низ дорем, ки бо хати нахи интернетӣ бо Ҷумҳурии Чин моро мепайвандад. Ин низ минбаъд ба паст шудани нархи интернет мусоидат мекунад.
-Ҳоло нархи интернет дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
-Нархи 1 гигабайт интернети мобилӣ 62 сомонӣ, нархи интернети ноқилӣ аз 2 то 10 сомонӣ.
-Мувофиқи маълумотҳои дар интернет буда, Қирғизистон аз ҳисоби ноҳияҳои сарҳадии Тоҷикистон, ки истифода аз симкортҳои мобилии онҳо мекунанд, беш аз 1 млн. доллар фоида ба даст меоранд. Ба ин чӣ мегӯед?
-Ин овозае ҳаст, ки ҳақиқат надорад. Ин ҷо як мавзӯъ дар миён аст: агар технологияи муосири интернети нодуруст истифода гардад, масъулият ва ҷавобгарӣ дорад. Давлате, ки шумо номбар кардед, бояд талабот ва тавсияҳои алоқаи барқии байналмилалиро риоя кунад. Мо дар ин самт бо Қирғизистон гуфтушунид карда истодаем.
-Ба ҳар сурат, имкони бекор кардани қарори боло бурдани нархи интернет вуҷуд дорад?
-Албатта, имкон дорад. Имрӯз ба далелҳои зикркардаам нархи интернет қимат шуд, вале шояд фардое мерасад, ки ҳукумат бо назардошти вазъият нархи онро арзон кунад. Вале ҳамин шабу рӯз таъмини истифодаи дурусти интернет чунин тасмим гирифта шудааст.
-Ҳамин иқдоме, ки сурат гирифт, аз нигоҳи шумо чӣ самара медиҳад?
-Шояд мардум ба сарфакори рӯй оранд. Пеши роҳи бадахлоқӣ, таҳқиру тӯҳмату дашном гирифта шавад. Истифодаи интернет дуруст ба роҳ монда шавад. Аз гарон шудани нархи интернети мобилӣ касе зарар намебинад.
Вале афсӯс, ки шахсони манфиатдор, махсусан ҳизби наҳзат, ки фаъолияташро манъ шудааст, аз ин истифода бурда, мехоҳанд, мардумро ноором созанд. Ин кори нодуруст аст ва ҳоло соли 1992 нест, ки бо дурӯғ мардумро бероҳа созанд, онҳоро ба манфиатҳои гурӯҳии худ истифода баранд.
Вале набояд фаромӯш кунанд, ки давлат ҳам мисли хона аст. Соҳиби хона кушиш мекунад, бехатарии хонаашро аз ҳар нигоҳ таъмин кунад. Вақте ки технологияи нав ворид мешавад, он бо назардошти манфиатҳои давлатию миллӣ роҳандозӣ карда шавад.
Онҳое, ки мехоҳанд, боло рафтани нархи интернети мобилиро байрақ карда, зидди давлат истифода баранд, ғалат мекунанд. Онҳо мехоҳанд имкониятҳои технологияи иттилоотиро ғайрирасмӣ истифода баранд. Барои гирифтори доми фиреб нашудани мардум, мо бояд дар фикри амнияти техникии иттилоотӣ бошем. Дар Аврупо, агар системаи техникии итилоотии ба амалиёти террористӣ даст дошта бошанд, онҳо бидуни огоҳӣ нест мекунанд, аз кор мебароранд. Ҳоло технологияи иттилоотӣ ба силоҳ табдил ёфтааст. Имрӯз бояд онро пешгирӣ кард, вагарна фардо дер мешавад. Шабакаи интернети мобилӣ хеле ноустувор аст. Масалан, дар Тоҷикистон вақте ки заминларза шуд, қариб 40 дақиқа интернети мобилӣ аз кор боз монд. Ё мисоли дигар: вақте ки дар Русия метиорит афтод, тамоми шабакаҳои интернети мобилӣ аз фаъолият боз монданд. Барои ҳамин, моро лозим аст, ки интернети алтернативӣ дошта бошем ва ин интернети ноқилист, ки рушди онро мо ба роҳ мондаем ва арзон ҳам ҳаст.
Гурӯҳҳое ҳастанд, ки як ҳодисаи маъмулиро нодуруст ба мардум мефаҳмонанд. Мардум хавотир нашаванд аз қиматшавӣ, зеро системаи алтернативӣ вуҷуд дорад, онҳо метавонанд аз ин истифода баранд. Ин ба фоидаи худи мардум аст.
-Бисёр одамоне ҳастанд, ки шояд ба интернет зарурат надоранд, вале барояшон истифода аз телефонҳои мобилӣ хеле муҳим мебошад. Аммо нархи он ҳам боло рафт. Чаро?
-Ширкатҳои мобилӣ се тарифро роҳандозӣ карданд: Вавилон тарифи муносиб, Мегафон оддӣ, Тсел салом, Билайн қуллай. Тарифи якум пардохти абоненти 25 сомонӣ, тарифи 2 — 30 сомонӣ, тарифи 3- 35 сомонӣ. Аз рӯи ин принсип агар муштарӣ дар ҳисобаш 25 сомонӣ пардохт нашуда бошад, аз алоқаи мобилӣ истифода бурда наметавонад. Ин нодуруст аст, муштарӣ метавонад дар ҳисобаш 3 сомонӣ бошад, 5 сомонӣ бошад, 10 сомонӣ бошад, барои ӯ фарқ надорад. Муҳим он ки телефони мобилиаш ҳамеша фаъол бошад. Ин тарофабандӣ ва тарзи нархгузории ширкатҳои мобилӣ нодуруст аст.