Тандурустӣ

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТАШХИСИЮ ТАБОБАТӢ

print

Имрӯз дар шаҳр Турсунзода дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази ташхисию табобатӣ “Чӯпон-ота” ба истифода дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи марказ котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Олимзода Насим Хоҷа, раиси шаҳри Турсунзода  Абдуқодир Вализода ишгтирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки   ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода, бунёд ва азнавсозии 310 иншоот, аз ҷумла 25 иншооти соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шуда, 60 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки 1 маркази саломатӣ, 1 хонаи саломатӣ, хобгоҳ ва синфхонаҳои таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода аз иншооти соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб рафта, ин иқдоми созанда идома дорад.

Тибқи иттилои сардухтури Марказ Чупонов Зариф марказ аз 12 ҳуҷраи корӣ иборат буда, барои гузаронидани ҷарроҳӣ, ултрасадо, хатнаи кӯдакон, гиёҳдармонӣ ва дигар хизматрасониҳои тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, 10 нафар  кормандони соҳаи тандурустӣ  бо ҷойи кори доимӣ  таъмин гардиданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *