Хабарҳо

САВГАНДИ САДОҚАТ БА ВАТАН

print

Имрӯз  дар шаҳри Турсунзода маросими савгандёдкунии беш аз 210 нафар наваскарони қисми ҳарбии 6592 Раёсати қӯшунҳои дохилаи ВКД Ҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд.

Наваскарон, ки аз шаҳру навоҳии гуногуни кишвар дар ин қисми ҳарбӣ сафарбар гардидаанд, барои содиқ будан ба халқу Ватан ҳифзи манфиатҳои давлат ва амнияту осудагии мардум ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ савганд ёд намуданд.

 Раиси шаҳр Абдуқодир Вализода ва полковник Тўразода Некрўз муовини аввали фармондеҳи сардори сарситоди Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳури Тоҷикистон сарбозонро ҷиҳати қабул гардидан ба мактаби мардонагӣ муборакбод намуда, барояшон хизмати содиқона ба Ватан, матонату далерӣ ва шуҷоатмандӣ таманно карда, изҳор доштанд, ки анъанаи ватандӯстиву далерӣ, шуҷоату матонати ачдодонро идома дода, ба савганди ҳарбӣ содиқ монда, ба миллату давлати соҳибистиқлоламон сарбаландона хизмат намоянд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *