Таҷлил

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

Имрӯз дар шаҳри Турсунзода Нарӯзи байналмилалӣ дар рӯҳияи баланди ватандорӣ, шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвар зери  Парчами  якдиливу ҳамбастагӣ таҷлил гардид, ки дар ҷараёни он меҳмонон аз вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ ширкат варзиданд.

Дар ибтидо меҳмонон  ҳамчун рамзи эҳтиром дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд.

 

Дар идома ба меҳмонон ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои неки наврӯзии тоҷикони намоиши дода шуд.

Дар қисмати тантанавӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷзода Сайфиддин, раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода ва муовини якуми вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Алишер Амиров  ба сухан баромада, изҳор доштанд, ки Наврӯз бо сифатҳои волои инсонпарварона, некиву накӯкорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ муаррифӣ гардида, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шуд, ки дар ин самт Асосгузрори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши  муҳим доранд.

Дар идома барномаи театрикунонидаи фарҳангӣ бо иштироки беш аз 1700 нафар ҳунармандони шаҳр намоиш дода шуд, ки ба ҳозирин рӯҳу илҳоми тоза бахшид.

Ҳамчунин  мехмонон аз Осорхонаи марказии шаҳр дидан ва бо таърихи дирӯз ва имрӯзи шаҳр ошноӣ пайдо намуданд.

Ҷашни Наврӯз бо сайругашти идонаи сокинону меҳмонон то дергоҳ идома ёфт.

 МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *