Таҷлил

ТАНТАНАИ   РӮЗИ МОДАР

print

Имрӯз дар кохи “Дӯстӣ”-и  шаҳри Турсунзода ба ифтихори Рӯзи модар чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.

Нахуст раиси шаҳр Абдуқодир Вализода модарону бонувонро ба ифтихори ҷашни баҳору зебоӣ табрику таҳният гуфта иброз дошт, ки агар баҳор арӯс ва олиҳаи ҳусни сол маънидод шавад, пас Зан – Модар рамзи покӣ, озодагию назокат  ва меҳрубонию садоқат ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ин айём таҷлили  Рӯзи модар неку хуҷаста аст, зеро модар оғозгари зиндагӣ, бахшандаи ҳаёт ва ибтидои нияту иқдоми тоза мебошад.

Ҳамчунин  раиси шаҳр қайд намуд, ки модари тоҷик дар тӯли таърих ҳазорон фарзандони бонангу номус, ҷасуру ватандӯст, хирадманду фарзона, сиёсатмадорони номдору фидокор ва номбардори миллатро ба дунё оварда, дар оғӯши пурмеҳри худ ба камол расонида, онҳоро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан раҳнамоӣ ва ҳидоят кардааст.

Имроӯзҳо дар мамлакати мо бо мақсади боз ҳам боло бурдани мавқеи зан дар ҷомеа,  ҳифзи ҳуқуқи оила ва модару кӯдак, рушди оила, сиҳатии модару кӯдак,  фароҳам овардани шароити мусоиди соҳибкорӣ ва ҷалб намудани занон ба корҳои роҳбарикунанда як қатор  барномаҳои давлатӣ ба тасвиб расида, амалӣ мегарданд.

Маҳз бо шарофати ғамхориҳои муҳтарам Пешвои миллат дар баробари ҳазорҳо бонувони фаъоли мамлакат бонувону духтарони шаҳри Турсунзода дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ  кору фаъолият намуда, баҳри шукуфоии Ватан саҳми худро мегузоранд,-илова намуд раиси шаҳр.

Дар ҷараёни маҷлис собиқадорони меҳнат, роҳбарзанон, пешқадамони истеҳсолот ва ҷавонондухтарони фаъол бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода  сарфароз гардонида шуданд.

Барномаи ҳунарии кормандони шуъбаи фаорҳанги шаҳр ба чорабинӣ ҳусни тозаи идона зам намуд.

КОТИБИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *