Вохӯри бо ҷамоат

БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲР АЗ ДЕҲОТ

print

Дар доираи баргузории рӯзҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҷамоатҳои деҳот ва қитъаҳои истифодабарии манзилҳои шаҳри Турсунзода Раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода аз деҳа Шарқиёни ҷамоати деҳоти              10-солагиии Истиқлолият дидан намуд.

Дар ибтидо Раиси шаҳр ба МТМУ-и №15  ташриф оварда, бо ҳолати бино, синфхонаҳо, ҳуҷраи омӯзгорон, майдончаи варзишӣ ва дигар иншооти муассиса ошноӣ пайдо карда, бо хонандагон ва омӯзгорон суҳбат орост. Зимни суҳбат Абдуқодир Вализода насли наврасро ба омӯзиши илму фан ва касбу ҳунар даъват намуда, ҳамзамон ба омӯзгорон таъкид дошт, ки дастуру супоришњои муњтарам Пешвои миллатро иҷро ва љиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон мароқи ҷиддӣ зоҳир намуда,  ҳамазамон барои баланд бардоштани сатҳи касбияти худ мунтазам кӯшиш ба харҷ диҳанд. 

Дар ин радиф Раиси шаҳр бо фаъолияти Маркази саломатии деҳавӣ шинос шуда, кормандони соҳаро ба иҷрои босифат ва саривақтии супоришњои Роҳбарияти олии мамлакат даъват намуда, иброз дошт, ки дар самти таъмини  кафолатҳои тиббии давлатӣ , баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ корро боз ҳам ҷоннок намоянд.

Зимни боздид аз деҳа Абдукодир Вализода бо фаъолон суҳбат ороста, иброз дошт, ки бо пешниҳоди муҳтарам Пешвои миллат солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Ин ташаббус аз ҳар шаҳрванди маҳалнишин тақозо менамояд, ки тозагию ободонӣ, кабудизоркунӣ, таъмири роҳҳо ва равшаннокиро вусъат дода, ҷиҳати рушди деҳа ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некукаҳволии сокинони деҳнишин  саҳми муносиб гузоранд.  

 КОТИБИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР

    

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *