Хабарҳо

ОЗМУНИ ДАСТАРХОНОРОӢ

print

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2019-2021 имрӯз дар шаҳри Турсунзода бо иштироки намояндагони бахшу сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, корхонаву ташкилот, идораву муассиса ва ҷамоатҳои деҳот озмуни шаҳрии дастархонороӣ баргузор гардид.

Аз ҷониби иштирокчиёни озмун 20 дастархон бо риояи анъанаҳои миллии дастархонороӣ ороста шуд.

Дар натиҷа дастархони КВД “Бозори Варзмол”, Беморхонаи марказии шањр, Шуъбаи маориф, Шабакањои КАТС, Раёсати молия РАСИН ва Беморхонаи шаҳрии №2 аз беҳтаринҳо дониста шуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *