Хабарҳо

ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО  

print

ОЗМУНИ “ДЕҲАИ ОБОДИ МАН”

Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2018, № АП-1044 бахшида ба ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода оид ба муайян намудани беҳтарин деҳот озмуни мазкури гузаронида шуд.

        Мақсади озмун рушди деҳот, кабудизоркунию ободонӣ, вусъат бахшидани корҳои бунёдкорию созандагӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб ва ба талаботи замон ҷавобгӯ гардонидани деҳаҳо, ҳудудҳои маъмурии ҷамоатҳои деҳот ва дар онҳо фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ буда, дар натиҷаи деҳотии мазкур ғолибиятро ба даст оварданд:

-деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов  ҷойи 1; 

-деҳаи Батоши ҷамоати деҳоти Каратоғ ҷойи 2;

деҳаи Баҳористони  ҷамоати деҳоти Сешанбе ҷойи 3.

         ОЗМУНИ ШОМИ ТУРУСНЗОДА» ВА «ШОМИ ДЕҲОТ»

         Озмуни мазкур дар асоси  нақшаи чорабиниҳои   мақомоти иҷрияи ҳокимияти давлатии шаҳр Турсунзода  бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»  солҳои 2018-2028»  ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд. Озмун дар маркази шаҳри Турсунзода бо иштироки муассисаву корхонаҳо таҳти унвони  «Шоми Турсунзода» ва дар ҷамоатҳои деҳот  таҳти унвони «Шоми деҳот» гузаронида шуд.

          Дар натиҷа Шоҳҷоизаи озмунҳоро мутахассиси Маркази касбомӯзии шаҳри Турсунзода Мавлуда Ҳайитова  соҳиб гардид.

Дар озмуни Шоми Турсунзода  корхонаву ташкилоти зерин сазовори зинаҳои ифтихорӣ шуданд:

-Нозироти андози шаҳр  ҷойи 1;

– КФД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ҷойи 2;

– Беморхонаи марказӣ ва КИ ҲҲДТ лоиқи ҷойи 3 дониста шуданд.

 Дар озмуни байни ҷамоатҳои деҳот “Шоми деҳот” ғолибият насиби ҷамоатҳои зерин гардид:

-Ҷамоати деҳоти Қаратоғ,ҷойи 1;

-Ҷамоати деҳоти Работ ҷойи 2;

-Ҷамати деҳоти Сешанбе ва ба номи Турсун Туйчиев ҷойи сеюм.

         Дари кохи “Дӯстӣ”-и шаҳр зимни баргузории  чорабинии ҷамъбастӣ аз ҷониби иштирокчиёни озмун дар номгӯи «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ”,«Беҳтарин маърӯза», «Беҳтарин қироати шеър», «Беҳтарин суруд» «Беҳтарин рақс»  барномаи фарҳангӣ баргузор шуда, ғолибон бо сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода қадрдонӣ шуданд.

 КОТИБИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *