Хабарҳо

ОЗМУНИ ҲУНАРҲОИ  ОРОИШӢ АЗ САНГ

print

Тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 вобаста ба баргузории фестивал, намоиш,  ид ва озмунҳои  анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021,  дар саҳни Осорхонаи марказии  шаҳри Турсунзода озмуни ҳунарҳои  ороишӣ аз санг баргузор шуд.

Аз  ҷониби ҷамоатҳои деҳот, муассисаҳо, маркази ҳунаромӯзӣ ва корхонаву ташкилоти шаҳр  маҳсулоти ороишии аз санг омодагардида ба намоиш гузошта шуд. Намоиши маснуоти коркарди сангҳои ороишии шуъбаи фарҳанг, ҷамоати деҳоти Қаратоғ, Работ,  ба номи  Ҷӯра Раҳмонов ва ҶДММ «Мӯнис 95»  аз беҳтаринҳо арзёбӣ гардид. Дастранҷи ҳунармандон Раҳимов Исмоил аз деҳаи Батоши ҷамоати деҳоти Қаратоғ ва ҳунарманд Махсумҷон Ҳодиев аз ҷамоати деҳоти Работ ҷавобгӯи талаботи низомномаи озмун буда, ин ҳунармандон шоистаи зинаҳои аввалн дониста шуда, ҷиҳати иштирок дар озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Мақсади озмун эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги арзишҳои маснуот ва коркарди сангҳои қимматбаҳою ороишӣ, вусъат додани коркарди сангҳои ороишии ҳамзамон арҷгузорӣ ба меҳнати истеҳсолкунандаи маснуоти коркарди ороишӣ ҳамзамон ба ин васила  муаррифии навъҳои гуногуни коркарди сангҳои қимматбаҳою ороишии  Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.  Қобили қайд аст, ки дар ҳар минтақаи Тоҷикистон маснуоти коркарди сангҳои ороишӣ бо тарзу услуби хос омода гардида,  мақсади озмун тарғибу ташвиқи он мебошад.  Инчунин баргузории озмунҳои мазкур ҳавасмандии ҳунармандону ихтироъкоронро дар ин самт афзун намуда, ҷиҳати рақобатпазирии маснуоти коркарди сангҳои ороишӣ мусоидат менамояд.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *