Хабарҳо

ИФТИТОҲИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

print

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода  ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни   30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода як қатор иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар маҳаллаи 1 шаҳр бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Даврон Юсуфов майдончаи футбол сохта, ба  дўстдорони варзиш тақдим гардид. Тибқи иттилои соҳибкор давоми сол ҳавзи шиноварӣ ва майдончаи бозиҳои кўдакона сохта, ба истифода дода  мешавад.

Муҳассилини синфҳои ибтидоии МТМУ №59 воқеъ дар деҳаи Чиртаки ҷамоати деҳоти Навобод нимсолаи дуюми соли хониш дар синфхонаҳои нав ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.  Зеро дар назди муассисаи мазкур бинои нав бунёд гардид, ки он дорои 4 синфхонаи барҳавои таълимӣ ва як утоқи корӣ  мебошад.

Синфхонаҳо бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Ҷўрабек Муҳибов ва кумитаи падару модарони муассиса бунёд ва аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо мизу курсиҳо таъмин гардид.

Дар оғози соли нави мелодӣ ба хонандагони синфҳои ибтидоии МТМУ №25 воқеъ дар деҳаи Боғи Ирами ҷамаоти деҳоти Навобод  як бинои таълимии дорои 10 синфхонаи нав туҳфа гардид.  

Ин иқдом аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷурабек Муҳибов амалӣ шуда, таҷҳизот ва лавозимоти хонишро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  дастрас намуд.

Бо саҳми комитети падару модарон ва ҳашари дастаҷамъонаи омӯзгорону сокинони деҳаи ба номи Боқӣ Раҳимзодаи ҷамоати деҳоти Каратоғ  низ дар муассисаи таълимии №90  4 синфхонаи иловагӣ сохта шуда,  бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мизу курсҳо ва дигар лавозимоти хониш  ҷиҳозонида шуд.

Дар Муассисаи давлатии хонаи кӯдакон корҳои сохтмонӣ ҷиҳати бунёди бинои таълимии иборат аз 3 ошёна ва беш аз 20 синфхона бо маблағгузории соҳибкори вантандӯст Ҷӯрабек Муҳибов оғоз гардида, сохтмончиён нақша доранд, ки иншоотро  то аввали моҳи сентябри соли 2019 ба истифода диҳанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *