Қобили тазаккур аст, ки дар шароити кунунӣ намудҳои гуногуни ифратгароӣ аз худ дарак додаанд, ки дар байни онҳо ифротгароии динӣ мақоми махсусро ишғол менамояд. Мақсади онҳо зӯран ғасб намудани ҳокимият, ба мафкураи мардум ҷой додани идеологияҳои мазҳабии худбофтаву худсохта, ноором кардани вазъ ва амнияти кишвар, бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ дар ҷомеа равона шудааст. Мавриди зикр аст, ки ҳадафи ифротгароёни динӣ барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату Ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни ҷомеа аст. Ингуна ашхоси ифротӣ аз иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат канораҷӯӣ намуда, ба ягон амали нек ва меҳнати ҳалол кор намегиранд. Баръакс, онҳо дар паноҳи баъзе қувваҳо бо айбҷӯйиву дасисакорӣ даст мезананд. Зери шиорҳои бофтаву хаёли фиребандаи худ ба амалҳои низоангез ва тундгароӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» ва «хизмат ба дин» анҷом медиҳанд. Бо ин роҳ мехоҳанд ба мақсадҳои нопоки худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд. Мувофиқи таҳлилҳои коршиносон ва мушоҳидаҳои ҳамарӯза як қатор сабаб ва омилҳо, ба монанди таъсири манфии сабтҳои электрониву видеоӣ, китобу маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дороии хусусияти зӯроваридошта, ба кор ва ба таҳсил фаро гирифта нашудани ноболиғону ҷавонони аз 16 то 30-сола ва дар маҷмуъ, иҷро нагардидани уҳдадориҳо аз ҷониби падару модарон ё шахсони онҳоро ивазкунда ба афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстреместӣ замина гузоштаанд. Ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот давлат, миллат, дин ва дигар муқадасот аҳамият надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуб ҳакорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷаъмият барои пешгирӣ ва муборизаи зидди ҷиноятҳои трасимиллӣ зарур аст. Вобаста ба ин масъала аз ҷониби кормандони дастгоҳи ҷамоати деҳоти Сешанбеи шаҳри Турсунзода бо мақсади пешгирии зуҳоти номатлуб миёни аҳолӣ суҳбату корҳои фаҳмондадиҳиро мунтазам баргузор мегарданд. Хусусан ин гуна суҳбатҳо дар ҳамкорӣ бо уламои дин, нозиротни минтақавӣ, шахсони барӯманду рӯзгордида, ҳамчунин раисони кумитаҳои маҳалла хусусан бо шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар мекунанд, доир мегардад. Вазъи кунунии ҷаҳони муосир, хатарҳои тарроризми байналмилалӣ ва амалиётҳои ҷангӣ аз ҳар фарди худогоҳи ҷомеа тақозо менамояд, ки бо ин падидаи номатлуб муборизаи доимӣ дошта бошад. Мубориза алайҳи ҳама гуна равандҳои харобкор омили пойдории сулҳу ваҳдат маҳсуб ёфта, сулҳу амният ва нболоравии иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро таъмин менамояд. Раиси ҷамоати деҳоти Сешанбеи шаҳри Турсунзода Саодат Умарова
Сабтҳои охирин
ЗУҲУРОТИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАР БАРОИ БАШАРИЯТ
Дар ҷаҳони муосир равандҳое мавҷуданд, ки пайдоиш ва зуҳуроти онҳо на танҳо барои амнияту суботи ҷомеаи як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмуъ, ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари байналмилалиро ба бор оварда, дар тамоми манотиқи олам […]
Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷумлаи мардумоне ҳастанд, ки рӯҳияи сулҳпарвару ватандӯстона доранд. Мисли Помир сарбаланду бовиқоранд. Қалбҳояшон чун чашмаҳои мусаффои Тоҷикистони азиз софу беғубор аст. Дар боми ҷаҳон манзил доранду қалбашон аз нори садоқату ҷавонмардӣ гарм аст. Меҳмоннавозу самимианд. Ҳама сифати неки инсонӣ дар замиру равони ин мардуми кӯҳистон маскан дорад. Мутаассифона як […]
ҶАВОНМРДОНИ ХОРУҒ, БА ДОМИ АВБОШОН НААФТЕД
Дар расонаҳои хабарӣ сару садоҳо атрофи ҳодисаи шаҳр Дар расонаҳои хабарӣ сару садоҳо атрофи ҳодисаи шаҳри Хоруғ, ки шаби 4 ноябр ба вуқуъ пайваст, зиёд аст. Дар натиҷа як қатор мардуми аз ҳақиқат дур ва гумроҳро ин ҳодиса ба майдон баровард. Аммо бисёре аз сокинони шаҳр хабар надоранд, ки пуштибонӣ аз кӣ мекунанд? Ҷавонамардони Хоруғ, […]