Агар ба давраи соҳибистиқлолии давлатамон назар афканем, маълумамон мегардад, ки ин давра давраи пешравиҳо ва ноил шудан ба дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо мебошад. Самти қонунгузорӣ низ дар ҳамин давра таҳким ёфтааст. Маҳз Истиқлолияти давлатӣ барои рушду нумӯи қонунгузорӣ замина гузошт. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парламенти касбӣ табдил ёфт ва теъдоди зиёди қонун ва кодексҳоро қабул намуд, ки барои рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халки кишвар нақши муҳим бозиданд. Баробари такмил ёфтани таҷрибаи қонунгузорӣ сифати қонунҳо низ давра ба давра, мувофиқи эҳтиёҷоти ҷомеа беҳтар шуд. Дар солҳои аввали истиқлолият қонунҳое мавриди баррасӣ ва қабул қарор гирифтанд, ки ба масъалаҳои сулҳу осоиштагӣ бештар нигаронида шуда буданд, аз ҷумла Қонунҳо «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи авф» ва ғайра. Имрӯз бошад, қонунҳо асосан барои таъмини фазои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва ғайра нигаронида шудаанд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз бузургтарин дастоварди Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб ёфта, он ба сатҳи нави рушди қонунгузорӣ замина гузошт. Дар солҳои минбаъда шаҳрвандон се маротиба бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ (26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016) ба он тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ қонуни миллӣ, ба монанди қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қабул гардиданд. Қонунҳои мазкур воқеан хусусияти миллӣ дошта, маҳз ба миллати тоҷик мансубанд. Даврони Истиқлолиятро марҳилаи рушд ва инкишофи андешаи ҳуқуқии инсон низ номидан мумкин аст. Маҳз дар ҳамин давра ба таври расмӣ дар сатҳи Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон гардид. Теъдоди зиёди санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд. Яъне, мутобиқгардонии қонунгузории миллӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ низ дастоварди замони Истиқлолият аст. Дар ин раванд мавқеи асосиро санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ишғол мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи инсонро тасдиқ намудааст. Ҳангоми тасдиқи санадҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама, ҳувияти миллӣ, урфу одат ва анъанаҳои мардум ба эътибор гирифта мешаванд. Ҳамин тавр, Истиқлолияти давлатӣ боиси ташаккули низоми қонунгузорие гардид, ки дар он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ мавқеи марказӣ доранд. Истиқлолияти давлатӣ ба пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла иҷтимоиёт, иқтисодиёт, фарҳанг ва ғайра мусоидат кард. Масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҳкими ҳуқуқи инсон низ аз ҳамон ҷумла аст. Маҳмаризо Ашуров, сармутахассис – ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода
Сабтҳои охирин
Наҳзати исломӣ дипломати ҷопониро ба қатл расонд
Баҳри гиромидошти хотири олим ва сиёсатмадори ҷопонӣ, профессор Акино Ютако ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар зодбуни худи мутафаккир дар Япония бахшида ба 20-солагии ёдбуди нобиғаи бузург бо ҳузури доираи васеи коршиносони илмиву таҳлилгарони дохиливу хориҷӣ ва рӯзноманигорон симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ баргузор гардид. Аз ҷумла дар меҳмонхонаи «Шератон» дар шаҳри Душанбе вобаста ба ин ҳаводис […]
Iran will never calm down
The Islamic Republic of Iran is one of the few closest countries that constantly interfere in the internal policy of the Republic of Tajikistan. Earlier these interventions, especially in connection with the policy and the madhabs, were obvious, but recently there were events in Tajikistan, during the investigation of which the “Iranian hand” was revealed.
Изҳороти Ситод – баёни воқеияти минтақа
Изҳороти Ситод – баёни воқеияти минтақа Изҳороти Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баёнгари вазъи воқеии сиёсӣ, иљтимоӣ ва ҳуқуқии минтақа мебошад ва дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат таъсис ёфта, љиҳати амалӣ намудани чораҳои зарурӣ дар самти риояи тартиботи љамъиятӣ, мубориза бар зидди гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир, мусодира ва халъи силоҳ […]