Нуқтаи назар

  ИСТИҚЛОЛИЯТ ҒОЯИ МУҚАДДАСУ МИЛЛИИ МОСТ

print

       Мафҳуми Истиқлолият имрӯз барои ҳар фарди тоҷикистонӣ ҳаммаъно бо нафаси тозаи зиндагӣ, амонӣ ва осоиштагии рӯзгорашон арзиш дорад. Зеро Истиқлолияти давлатӣ дар ҳақиқат, на танҳо асоси оромиву осудагии халқ, балки кафолати инкишофи давлат ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеаи мо  гардид.

Имрӯз бо файзи соҳибистиқлолӣ дар кишварамон сулҳу озодӣ, ваҳдату ягонагии том пойдор асту корҳои созандагию бунёдкорӣ пайваста авҷи тоза мегирад. Дар баробари боигарии моддӣ фазои маънавии мардуми кишварамон низ беш аз пеш ғанӣ гашта истодааст. Метавон гуфт, ки ин ҳама дастовардҳоро мардуми тоҷикистонӣ дар идомаи  тай намудани роҳи соҳибистиқлолӣ бо талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, Президенти ғамхори мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил гардидаанд.

Дар ҳақиқат, агар ба роҳи тайнамудаи даврони соҳибистиқлолӣ нигарем,  ҳамрадиф бо  зикри  дастовардҳои ин даврон ва рушду пешрафти  давлатамон пешниҳоду ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат, Президенти давлатамон ба забон меояд. Барҳақ, собиқаи кории Пешвои миллат ҳамчун роҳбари давлатамон  қадамҳои бузурги таърихии  ин Сарвари асил ва сиёсатмадори варзидаро  дар самти рушду  пешрафти давлати Тоҷикистон таҷассум менамояд. Фосилаи ин собиқа бо фарогирии тавоноии ақлӣ, маърифатӣ, умуман, нерӯи хастанашавандаи Сарвари давлатамон барҳақ, боиси ифтихори мардуми кишварамон ва барои мардуми  дигар  кишварҳо дар ҷодаи сиёсат  ибратомӯз аст.

Меҳмонони хориҷи кишвар, ки 27 сол қабл ба кишвари мо ташриф оварда  буданд, бо дидани роҳҳои нави  мутобиқ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ, кӯпрукҳо, биноҳои баландошёна, гулгашту хиёбонҳои рӯзона бо бӯйи гулҳо муаттар ва шабона фурӯзон имрӯз симои Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ мебинанд. 

Бунёди иншооти бузург аз қабили Неругоҳи барқии обии Роғун, бунёди муассисаҳои  иҷтимоию хизматрасониҳо, ки таъиноташон барои беҳдошти зиндагии мардуми кишвар нигаронида шудаанд – беморхонаю бунгоҳҳои тиббӣ, мактабҳои замонавии дорои мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохташуда, ки бархе ҳатто дар Осиёи Миёна беназиранд, далели равшани самараҳои Истиқлолияти давлатӣ, талошҳои пайравонаи мардуми кишвар дар фазои осоишта таҳти роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи  Пешвои миллат мебошанд.  Аз шарофати чунин раванди  давлатдорӣ бо фазои соҳибистиқлолӣ дар  кишварамон сулҳу озодӣ, ваҳдату ягонагии том пойдор гашта, дар баробари боигарии моддӣ фазои маънавии мардуми кишварамон низ беш аз пеш ғанӣ гашта истодаанд.

Агар дар қиёс бо бисту ҳафт соли  қабл ба паҳнои рӯзгори мардум ва раванди ҷомеа нигарем, тағийроти зиёдеро возеҳ мебинем. Чунончӣ, 27 сол қабл мактабачагон ба мафҳуми компутеру интернет ошно набуданд. Имрӯз бошад, ҳатто дар деҳоти дурдаст низ хонандагон аз синфхонаҳои бо компутер муҷаҳҳаз истифода мекунанд. Мардум барои табобату ҷарроҳӣ ба хориҷи кишвар рафта,  барои ин кор маблағи  калонеро сарф мекарданд.  Имрӯз бошад, соҳаи тиб дар кишвар тараққӣ ёфта, табибони  мо бо истифода аз таҷҳизоту технологияи муосир  дар худи кишвар табобату ҷарроҳии навъҳои гуногуни бемориҳоро ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла, амалиётҳои ҷарроҳии нозуки асабу дил, иваз намудани узвҳои ҷудогона   дар пойтахти кишварамон дар ҳамкорӣ бо мутахассисони хориҷӣ   амалӣ мешаванд.

Солиёни аввали соҳибистиқлолӣ мардуми мо аз кӯмакҳои башардӯстона умед мекарданд. Бо гирифтани кӯмакҳои башардӯстона гӯё сатҳи зиндагиашонро беҳтар менамуданд. Имрӯз бошад, сад шукр, ки ин мафҳум аз забону аз ҳуши  мардум рафтааст. Бозору дастархони мардум фаровону ғанӣ ва мардуми кишвар акнун ниёзе ба кӯмакҳои башардӯстона надоранд. Илова бар ин, акнун худи мардуми Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ фурӯши  молу маҳсулоташро  дорад. Меваҳои хушки вилояти Суғд ва ангури шаҳдбори ҳоҷӣ-Камолу ҳоҷӣ-Неъмат имрӯз на танҳо бозори дохилии кишварро сероб мекунанд, балки ба хориҷи кишвар низ содир гашта, аз номи  деҳқонони  тоҷикистонӣ намояндагӣ мекунанд.

Мардуми олам, агар 27 сол қабл ба рӯзгори мардуми мо бо тараҳҳум менигаристанд, имрӯз бошад, ба ояндаи рахшону умедбахши мо – тоҷикистониён эътимод карда, барои рушди кишварамон сармоягузорӣ менамоянд.

Бо ин ҳама cоҳибиқболӣ, боз моро чӣ лозим аст? Танҳо лозим аст, ки ба қадри ин дастовардҳо бирасему бо шукргузориҳо таҳти роҳбарии Пешвои беқиёси миллатамон кору пайкори созандаи худро пайваста идома диҳем ва ин неъматеро, ки Худованд бо номи Истиқлолият ба мо ато кардааст, чун гавҳараки чашм нигаҳбон бошем, бо иловаи дастовардҳои афзунтаре ба фарзандону насли оянда  мерос гузорем.

Наметавон аз ёдвар гаштани ин таъкиди Пешвои миллат гузашт кард, ки баён доштаанд: «Дар марҳилаи кунунӣ ҳамаи мову шумо-фарзандони Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд хуб дарк намоем, ки эъмори Тоҷикистони соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, яъне ҳадафҳои тақдирсози халқу давлати мутамаддинро бар дӯш дорем…  Устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ аз ҳар яки мо масъулияти бузургро тақозо намуда, ҳар фарди бонангу номусро вазифадор месозад, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ кӯшишу талоши пайваста дошта бошад».

 Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷои дигар  зимни сухарониҳои пурарзиши худ  баён доштанд,  ҳамаи ин корҳо ба хотири таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатиамон анҷом дода мешаванд: «Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунем».

Бо итминон метавон гуфт, ки ин нияти пок ва умедвории Пешвои миллат, Президенти давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қалбу афкори ҳар як шаҳрванди тоҷикистонӣ ҷой гирифта, моро барои амалӣ намудани  чунин мақсаду нияти муқаддас ҳидоят мекунад.

 Зарина МЕЛИКОВА,

директори бойгонии байниидоравии ҳуҷҷатҳои

ҳайати шахсии шаҳри Турсунзода.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *