Об! Оби софу зулол! Асоси зиндагии табиат, покизатарин муъҷизаи олам! – Об! Бузургтарин неъмате, ки баҳри инсоният ато шудааст. – Об! Медонӣ, ки ту сарвати бебаҳо, сарчашмаи зиндагӣ, манбаи асосии пойдории табиат ҳастӣ! Ту ибтидои ҳамаи ободиҳо, хушбахтии мавҷудият ҳастӣ! Бе ту сарсабзии боғу чаманзор, гулгулшукофии гулзору кӯҳсор, ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам нест, зеро ки бе об ягон тухмӣ неш зада намебарояд ва дар зиндагӣ бо таровату зебоии худ сарсабзӣ намебахшад. Ту яке аз боигариҳои табиати биҳиштмонанди Тоҷикистони зебоманзар мебошӣ! Бе ту ягон мавҷудоти зинда умр ба сар намебарад ва туро барои худ зарур меҳисобад,ки ин дуруст аст. Эй оби ҳаёт! Ту дар фасли баҳори нозанин ҳамчун чакраборони ҳаётбахши мафтункунанда,дар фасли тобистони пурҳарорат дар сирати оби чашмаю ҷӯйҳои ҷӯшону шодон,дар фасли охирҳои тирамоҳи зарнисор мисли хабардиҳандаи зимистони нуқрагин дар болои сабзаҳои замини хоболуд намуди қираву шабнами яхмонанди ялтирроси ҷалбкунанда,дар фасли зимистони сербарф бошад,бо нақшу нигори аҷиби дар шакли порчаҳои барфи тару тозаи шефтакунанда дар қалби хар як шахси бедордил ҳузуру ҳаловати беқиёс мебахшӣ! Ту гоҳо мисли абри сиёҳ,гоҳо ба қатраҳои хурди найсаборон,гоҳо ба буғи сабуки шаффоф,гоҳо ба ях мубаддал мегардӣ. Эй, оби тозаи зулоли диёри кӯҳсори мо! Ту низ барои табобати бисёр бемориҳо доруи хуб ҳастӣ! Мо медонем,ки ба воситаи ҷӯшондани об бактерияҳои бемориоварро нест мекунему аз оби софу поктарини табиат нӯшида,шукри ба ин неъмати нодири Офаридгор мекунем ва ту дар як муддати кӯтоҳ руҳи инсонро болида намуда,ба ҷисму ҷони одам роҳату дармони нотакрору дилошӯби дилангез туҳфа мекунӣ. Барҳақ,ту оби ширину шаффофу манбаи ҳаёт, дар ҳақиқат шифобахш ҳастӣ, аз қадимулайём аҷдодони бузургу донишмандони мо исбот карданд,ки ту хосияти табобатӣ дорӣ! Дар кишвари биҳиштосоямон обҳои шифобахшандаи беғубори чашмаҳо мавҷуданд,ки дар он чашмаҳо обҳои гарму сарду бегазу газдошта,минералӣ аз қаъри Замин-модар фаввора зада баромада, ба фарзандони Замин-инсоният бо чакраҳои ҳаётбахши худ аз чандин бемориҳо табобат ёфтан сабаб мешавад. Вуҷуди одаму оламро пок месозад оби мусаффо. Эй, муъҷизоти олам! Вақте ки аз оби зулолу фоидабахши чашмаҳои кишвар як каф гирему нӯши ҷон кунем,аз лаззати чунон ширину мусаффои ту баҳра мебарему дар дилҳоямон сурури ачиб,ба дидаҳоямон нур,ба табъамон болидахотирӣ меориюба дилҳоямон таскин дода,ба дардҳоямон шифо мебахшӣ. Зеро ки хусусиятҳои шифобахши оби муолиҷакунандаи чашмаҳо садҳо сол пеш ба инсоният маълум аст. Имрӯзҳо мо медонем,ки об дар ҳар як лаҳзаи ҳаёти инсон зарур аст.Хар рӯзи мо бевосита бо истифодаи об мегузарад.Оре,аз синни тифлакӣ то нафаси охирини одамизод ба об эҳтиёҷ дорад. Агар аз пеши ҷӯйчаҳои равон гузарем, садои форами шилдир-шилдири обҳои ҷӯйчаҳо беихтиёр шахсро ба худ ром мекунад.Мехоҳӣ,ки муддате дар назди ҷӯйчаҳои серобу шодобу якмаром нишаста,дурудароз ба оби осудаю равон нигарию бо тамоми ҳастият ба навои фораму рӯҳбахши об, гӯш андохта, даме аз ташвишу оворагардиҳои дунё худро дар канора гирӣ! Дар каф аз ин неъмати беҳамто гирифта, ҳаловат барӣ! Дар он вақт дар дил шодмониву хушҳолӣ эҳсос мекунию, аз фаровонии об шукрона мегӯӣ. Беҳуда намегӯянд, ки “Оби равон-роҳати ҷон”. Аз ин рӯ, мо, фарзандони замин бояд аз об сарфакорона истифода барем ва ҳамеша дар ҳифзи покизагии он кӯшиш намоем. Қобили зикр аст, ки дар ин бора ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои Миллат,Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи мо намунаи ибрат аст. Бо ташаббус ва иқдомҳои Пешвои муаззами миллат соли 2003-юм ҳамчун Соли байналмилалии “Оби тоза”, солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”, соли 2013-Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон шуда буд ва дар арсаи байналмилалӣ дар ҳалли ин масъалаи глобалии ҷаҳон ҳамкориҳо ба роҳ монда шуда буд. Боз як иқдоми неки Пешвои миллат дар ҷаласаи 71-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал” Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ироа шудааст,ки ин ташаббус аз ҷониби 177 давлати аъзои ин Созмон чонибдорӣ карда шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Точикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор,солҳои 2018-2028”чунин иброз доштанд: “Имрӯз дар ҷаҳон минтақае нест, ки дар масъалаи захираҳои об мушкилот надошта бошад ва ба нақши ин неъмати бебаҳо дар рушди устувор аҳамияти махсус надиҳад. Зеро тамоми самтҳо ва соҳаҳои фаъолияти инсонӣ бо захираҳои об алоқаи зич доранд. Аз ин лиҳоз,метавон гуфт, ки захираҳои об на танҳо неъмати беҳамто,балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд ва ин амр фаъолияти дастҷамъона ва муносибати ҷиддиро ба истифода ва ҳифзи ин захираҳо ба хотири наслҳои оянда тақозо дорад”. Ин суханҳои пурмуҳтавои Пешвои миллат ҳамаи моро водор месозад, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо расидан вазифаи инсонию шаҳрвандии ҳар яки мост. Хушбахтона, Тоҷикистони мо, диёри сероб буда,яке аз сарчашмаҳои оби нӯшидании минтақа ба ҳисоб рафта,мо аз сероб будани сарзамини аҷдодиамон ҳамеша бифахрем ва ба қадри ин неъмати Худодод бирасем. «Ҳаёт аз оби нобу ҷовидон сарчашма мегирад, Ва об аз куллаи Боми Ҷаҳон сарчашма мегирад. Ҳаёту об пайванданду андар созмони даҳр, Зи фазли Пешвои тоҷикон сарчашма мегирад». Насибахон ҲАСАНОВА, омӯзгори муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббӣ» – и шаҳри Турсунзода
Сабтҳои охирин
ОҒОЗИ МАВСИМИ ҚАЛАМЧАИ ГУЛИ САДБАРГ
Дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати татбиқи қарори раиси шаҳр “Дар бораи гузаронидани маъракаи умумишаҳрии кабудизоркунӣ ва ободонӣ дар шаҳри Турсунзода дар давраи солҳои 2020-2021” мавсими омода кардани қаламчаи гули садбарг оғоз гардид. Бо мақсади тибқи талаботи аграрӣ амалӣ намудани буриши гулҳо ва омода кардани қаламча мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода дар байни намояндагони корхонаву […]
ИДОМАИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
Бо мақсади татбиқи қарори раиси шаҳри Турсунзода вобаста ба гузаронидани маъракаи умумишаҳрии кабудизоркунӣ ва ободонӣ, баргузории Аксияи тозагии роҳ ва маҳал дар шаҳри Турсунзода корҳои ободонӣ идома дорад. Дар шафати шаҳроҳи Душанбе-Турсунзода, ҳудуди ҷамоати деҳоти Қаратоғ аз ҷониби сокинони маҳал корҳои ободонӣ вусхъат ёфта, беш аз 500 бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд. Ҳамзамон дар […]
БАРГУЗОРИИ АКСИЯҲОИ “ТОЗАГИИ СОҲИЛ” ВА “ТОЗАГИИ МАҲАЛ”
Имрӯз дар шаҳри Турсунзода дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва тадбирҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ, 30-солагии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин беҳтар намудани вазъи экологии муҳити зист, тоза нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ, соҳили дарё ва канори каналу ҷӯйборҳо […]