Ман дар бойгонии шаҳри Турсунзода фаъолият менамоям, ки даргоҳи ҳифзи авроқи таърихи Ватан ба ҳисоб меравад. Бойгонӣ қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи сохтори давлатӣ буда, ҳамчун манбаи асосии нигоҳдории маводҳои ҳуҷҷатӣ, иттилоотии фаъолияти давлатӣ ва паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа дар давраҳои муайяни таърихӣ мебошад. Омӯзиши таърихи гузашта дар заминаи маводи бойгониҳо ба даст оварда мешавад, зеро онҳо инъикоскунандаи воқеии тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа мебошанд. Тамоми ҳуҷҷату расм, нақшаҳо ва ҳатто хурдтарин љузъи онҳо далели раднашавандаи ҳақиқати таърихӣ арзёбї мегарданд.
Дар баробари тамоми паҳлӯҳои таърихи дирӯзу имрӯзи Ватан ТЭТ ҲНИ дар таърихи Тоҷикистони муосир ва давраи соҳибистиқлолӣ ҳамчун офарандаи саҳфаи хунини кишвар сабт гардидааст.
Мардуми шарифи Тоҷикистон сулҳдусту таҳаммулпазир, тамаддунофар ва арзандаи зиндагии шоиста буда, тафриқаву ихтилоф ва ноамнию бесуботиро намеписанданд. Таърих гувоҳ аст, ки миллати сарбаланди мо дар тўли асрҳо ба сари халқу давлате лашкар накашидааст. Ҳамеша дар доираи субот ва ҳамдилї зистанро писандида, сулҳу дўстиро талқин намудааст. Созишноми истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллї бори дигар собит сохт, ки мардуми тољик ваҳдатофар аст. Аммо мутаассифона ТЭТ ҲНИ ҳамеша дар пайи коста гардонидани нуфузи миллат буда, ба ин васила меҳоҳад, нуфузи сиёсї ва сарват ба даст орад.
Ҳамаи мо аз найрангҳои гурӯҳе аз хоинони Ватан, ки худро гӯё узви “паймони миллӣ” ҳисобида, дар асл “думравакон”-и наҳзатиҳо ва косалесони хоҷаҳои хориҷӣ мебошанд, бо гирдиҳамоиву тафриқапандозӣ даст зада, мехоҳанд Тоҷикистони моро мисли солҳои 90 – уми асри гузашта ғуттаи гирдоби мухолифатҳою даргириҳои шадид қарор диҳанд. Боз мехоҳанд Ватани ҷаннатмакон ба харобазор табдил ва ҳазорон фарди миллат куштаву беватан гарданд. Мутаассифона бори аввал онҳо ваҳшонияти худро аз номи Ислом ва исми Худои бузург амалӣ намуданд. Дар ҳоле ки куштору ғорат ва ҳатто дилозориро Худованд аз гуноҳҳои нобахшиданӣ меҳисобад.
Имрӯз наҳзатиҳо дигар Худовау Расулро фаромӯш карда, аз номи “демократия” ва озодӣ сухан мегӯянд. Акнун зиндониёни сиёсиро баҳона карда, ташкилотҳои ҷаҳониро даъват менамоянд, ки алайҳи Тоҷикистон эътирозу таҳримҳоро ҷорӣ намоянд. Мурдани марде беҳ аст, ки санги маломат сӯи Ватан мезанад. Қадри сарзамини муқаддас надонистан, кӯрнамакӣ кардан ба миллати бо нангу ор ва ношукрӣ кардан аз боду ҳавою чашмаҳои мусаффои Ватан – хиёнат ба Ватан аст. Хуб мешуд, ки наҳзатиҳо ба ташкилотҳи “дифоъ аз ҳуқуқи башар” аввал аз амалҳои хуношом, куштори аҳли зиё ва амалҳои даҳшатбори худ иқрор мешуданд. Бигзор бигӯянд, ки Худованд касонеро, ки миёни мусулмонон тафриқа эҷод мекунанд ва бо номи Ислом аъмоли зиддиисломӣ содир менамоянд, намеписандад. Боз бигӯянд, ки наҳзатиҳо ин гуфтаи Худовандро нодида гирифта, ҲНИТ-ро ташкил карданд. Яъне мусулмонони мамлакатро ба ду ҷониб ҷудо карданд. Боз суханбозӣ аз минбарҳо карда, зидди Тоҷикистон носазо мегӯянд.
Агар ин ташкилотҳо дар ҳақиқат аз ҳақиқату адолат пуштибон бошанд, оё мегузоранд, ки гуруҳҳое, ки дар ҷомеа чун ҳаракати террористиву экстремистӣ шинохта ва аъмоли онҳо исбот шудааст, озодона гирдиҳамоӣ кунанд?
Магар ташкилотҳои байналмилалӣ эътилофи “Паймони миллии Тоҷикистон”-ро эътироф мекунанд? Саркарадаи ин паймон ТЭТ ҲНИ буда, бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015 ҳамчун ташкилоти экстремистӣ– террористӣ фаъолияти он қатъ гардидааст.
Таърихи давлати Тоҷикистон ва миллати шарифи мо гувоҳ аст, ки мақсади ин ташкилоти Худонотарс аз аввал ба гуруҳҳои мухолиф ҷудо кардани мусулмонҳои кишвар буда, халалдор сохтани суботу оромӣ ва ҳаёти осоишта, гумроҳ намудани ҷавонон, ба сари халқ овардани фитнаву балво ва ба ин восита ҷамъ кардани сарват буд. Ва ин имрӯзҳо низ бо баргузории пикету митингҳо сарват ҷамъ карда, дар Аврупо аз пайи айшу ишрат ҳастанд.
Агар ба фаъолияти наҳзатиҳо аз назари таърих баҳо диҳем, ваҳшигарӣ, хиёнат ба миллат ва қатлу куштор усули асосии фаъолияти ТЭТ ҲНИ буд, ки паси пардаи таърих намонд ва миллат ба онҳо баҳои сазовори худро гузошт.
Хушбахтона мо сокинони шаҳрии Турсунзода дар ақидаи сиёсии худ устувор ҳастем ва носазогӯиву иғвоандозии наҳзатиҳоро бар зидди Тоҷикистони азиз маҳкум намуда, фарзандон ва насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия менамоем.
Чун дар оғоз гуфтам, ки корманди бойгонӣ ҳастам мехоҳам дар бойгонї баробари ҳуљљатҳо ва санадҳо, инчунин дастовардҳову пешравиҳо, музаффариятҳои љавонони мо маҳфуз гардида, дар саҳифаҳои заррини таърихи миллат сабт гардад. Фаъолияти наҳзатиҳо саҳфаҳои хунбори таърихи миллат буда, намехоҳам, ки ТЭТ ҲНИ бо аъмоли зишти худ бори дигар ба саҳфаҳои таърихи миллат сабт шуда, онро доғдор намояд.
ШАБУНОВА ДАВЛАТВӢ,
мудири бахши бойгонии
мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии шаҳри Турсунзода