Муҳтарам кабирипарастон, бо дарду алам ба Шумо муроҷиат менамоям, ки маблағҳои аз ҳисоби беақлии гумроҳон ҷамъкардаи ман рӯз то рӯз кам шуда истодааст. Бо баҳонаи «Эъломияи Кумитаи шаҳрвандии зиндониёни сиёсӣ» шуморо ба митинг даъват намуда, мехоҳам мавқеи сипсиёҳи сиёсии худро сиёҳтару суратҳисоби бонкиамро аз ҳисоби беақлии гулу гумроҳон афзун гардонам. Худоё, сафи беақлаконро бештару аз ин ҳисоб долларҳои маро зиёда гардонӣ… – Мақсад дорам, ки зимни роҳпаймоӣ нооромӣ ва террор сурат гирад. Барои ин кор ду се аблаҳро низ тайёр кардаам. Дусе каси дигар ҷароҳат бардорад, хуб аст. Охир ману пайравони ман сабаби марги садҳо ҳазор ҳамватанон шуда, аз ҳамин ҳисоб бой шудаем. Ин дафъа боз ду се ҷароҳат шавад, ҳеҷ боке надорад… Айбашро ҳатман ба сари Ҳукумати Тоҷикистон мезанем. Мақсади пасипардагии ман дар кӯчаҳои Аврупо кайфу сафо карда гаштан аст… Чунки “бародарони аврупоӣ” вақтҳои охир аз мо дилашон мондагӣ барин. Масъалаи буду боши моро бардоштанианд. Барои ҳамин як митинг карда, чорта лоф занем, шояд дурӯғамон манфиат орад… Ҳар қадар гумроҳакон дар атрофи мо ҷамъ шаванд, ҳамон қадар эътимоди мо баланд мешавад. Хоҷаҳо зуд бовар мекунанд, ки ин тӯда бечораяконе ҳастанд, ки ба кӯмаки демократӣ ниёз доранд. Сонӣ ба мо пул медиҳанд. Аз кабирипарастон ва гумроҳакон боз як хоҳиши дигар дорам. Вобаста ба он, ки доим хабарнигорон дар расонаҳо роҷеъ ба 3 млн. доллари ИМА-и ман ва 1,2млн.доллар, ки ба ҳоҷӣ Ҳалим ирсол шуд, менависанду менависанд Аммо шумо доир ба ин 2-3- тангаи пучак нигарон набошед ва барои де се суми пучак бояд обрӯи якдигарро нарезонем, охир мо ҳама фарзандони наҳзатием-ку! Шумо бовар кунед, хонаву дар ва мошинҳои ман ҳамагӣ буду шуд 10 миллионак аст. Охир ин рақамро бояд зиёд намуд. Аз ин рӯ, мани бечораро дастгирӣ кунед, ҳатман ба митниг бароед. То ки миллионакҳои ман бо сабаби беақливу гумроҳии шумо ба миллиард расад. Мебиёед – а? Ба беақливу гумроҳии Шумо муътамидам ва комилан боварӣ дорам, ки маро дар ин пайроҳаи нафсу шайтанат танҳо намегузоред.
Сабтҳои охирин
ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО
ОЗМУНИ “ДЕҲАИ ОБОДИ МАН” Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2018, № АП-1044 бахшида ба ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода оид ба муайян намудани беҳтарин деҳот озмуни мазкури гузаронида шуд. Мақсади озмун рушди деҳот, кабудизоркунию ободонӣ, вусъат бахшидани корҳои бунёдкорию созандагӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб […]
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуда, дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ иштирок намуданд
1 сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои маъмурию таълимӣ, меҳмонхона ва хобгоҳи замонавии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ карда, дар чорабинии Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ иштирок намуданд. Пешвои миллат муҳтарам […]
Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 14.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки 13 марти соли 2019 дар минтақаи Ворухи шаҳри Исфара ҷониби Қирғизистон бар хилофи қарордодҳои дуҷониба сохтмони роҳи «Коктош-Оқсой-Тамдиқ»-ро оғоз намуданд.
