Хабарҳо

Хабарҳо – Сомонаӽои бесомон

print

Бо гузашти айём ва пешрафти замон ӽар рӯз як таҷӽизоти нав рӯи кор меояд ва башар ӽамⱪадам бо замон ба сӯи пеш равонанд. Дар ин нишеман ӽар кас ба гунае аз ин таҷӽизот истифода мекунанд. Нафаре барои беӽбуди  ва пешрафти халⱪу Ватани худ ва дигаре баръакси ин кор.

Сухан дар бораи сомонаӽои иҷтимоӣ меравад, имрӯз мардум аз сомонаӽои интернети ба таври васеъ истифода намуда онро ӽамчун майдони раⱪобат ё рекламаи шӯӽрати худ истифода мебаранд. Ваⱪте мо аз сайтӽои интернети дидан мекунем, албатта ӽастанд нафароне, ки бо панду андарз, шеърӽои панду ахлоⱪӣ, насиӽатнома ва ⱪиссаву ривоятӽои ҷолибу хонданӣ мардумро тарбият мекунанд.

Аммо дар ин баробар ӽастанд нафароне, ки сомонаӽои хусусӣ кушода бо суханӽои бемантиⱪ ва хабарӽои дурӯғ байни мардум фитна андохта, ба зеӽни мардум зарба мезананд. Аз ин сомонаӽо метавонем барои мисол ном бибарем  аз ⱪабили “Ахбор. Ком”, “Паём нет”, “Востон нюз”,”Зелло” ва ғайра мебошанд.

Агар дар бораи сомонаи“Ахбор ком” ӽарф занем як назар мекунем ба таърихи пайдоиши ин сомона, ки кай пайдо шуда, маⱪсади асосии ӯ чист.  Муассисаш Мирзои Салимпур, собиⱪ рӯзноманигори тоҷик, ки дар Радиои Аврупоии Озод / Радиои Озодӣ кор мекард, ӯ зиёда аз даӽ сол дар Радиои мазкур фаъолият дошт, ва бо сабабӽои номаълум аз он ронда шуд.  Ӯ аз соли 2000-ум дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе ва аз соли 2002 дар Прага кор мекард.

Айни замон бошад дар шаӽри Прагаи Ҷумӽурии Чехия кору фаъолият дорад. Ӯ аслан зодаи ноӽияи Ӽисор буда, дар ӽамин ҷо ба воя расидааст ва хатмкардаи Донишгоӽи Давлатии Миллии Тоҷикистон мебошад. Дар нашрияӽои  “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Адолат” ва “Чароғи Рӯз” фаъолият кардааст.

Бале! ӯ  дар Тоҷикистон таваллуд шудаву дар инҷо бузург шудааст, аз ӽавои инҷо нафас гирифтаву  дар хоки ин диёр нашъунамо ёфтааст. Аз обӽои мусаффояш ташнагӣ шикаставу аз меваӽои шаӽдбораш борӽо ком ширин намудааст, вале дар охир чун бӯи пулро ӽис кард, рӯи ӽама неъматӽо по гузошт. Бо содагӣ метавон гуфт Мирзои Салимпур худ ва Ватани худро бо ⱪимати андаке ба хориҷиён фурӯхт. Ин тоифаро метавон зархарид ё ватанфурӯш унвон кард.

Мегӯянд олим шудан осон, одам шудан мушкил бале, фаъолияти чандинсолаи рӯзноманигорӣ, таҷрибаи андӯхта, ва он илме, ки дар сараш дошт ӯро тарбият карда натавонист. Чуноне мегӯянд: “Тарбият ноаӽлро чун гирдакон дар гунбад аст”.

Баъд аз чанд соли фаъолият чун аз Радиои Озодӣ ронда шуд,  дигар чи кор карданашро намедонист ва баъд аз даву този зиёд ӯ ба хулосае омад, ки сомонаи хусусии худро кушояд то ӽарфи дилашро гуфта тавонад.  Ва чунин ӽам кард сомонае кушод бо номи “Ахбор ком”, ки ин сомона штати кори надошта, матлабӽоро аз дигар васоити ахбори омма дастрас намуда, сипас нусхабардорӣ мекунад ва дар сомонаи иғвоангези худ “ Ахбор ком” бознашр менамояд.

Мирзои Салимпур бо хабар ва гузоришӽои фитнаангез ӽамеша алайӽи ватани худ садо баланд намуда, Давлат ва миллати худро таӽⱪир мекунад ва барои ин кораш аз ҷониби хоҷагони хориҷияш дастгирӣ меёбад. Чаро чунин аст?  Ин оғо метавонист омада дар ватани худ фаъолияти рӯзноманигорияшро давом диӽад, аммо чуноне гуфтем барои пулу мансаб шуда ӽатто номӯси худро  фурӯхт.

Магар ӯ дигар умеди бозгашт ба ватанро надорад? Ӯ ҷавоби ин хиёнатӽоро дар назди халⱪу миллат чи гуна медода бошад. Наход номус ва ӽисси миллӣ, ғурури тоҷикона дар вуҷуди ӯ ба тамом мурда бошад. Наход  пул ӽама чизро  иваз карда тавонад,охир инсон бояд дар ягон ӽолат ин ду чизро аз даст надиӽад, яке номус ва дигар ӽисси ватандӯстӣ.

Шояд дар хориҷа рӯзашон хуш гузарад, шояд хоҷагонашон барои онӽо шароити хуб фароӽам оваранд ё шояд барояшон ⱪасрӽо сохтаву молу сарвати зиёдашон бидиӽанд, аммо ман мутмаинам, ки ин тоифа дар худ оромиш надоранд.  Ӽамеша чизеро меҷӯянд, ӽамеша ташна ӽастанд ва ӽамеша чизе дар онӽо намерасад бале! Ин меӽри Ватан, навозиши Ватан ва оғӯши гарми Ватан аст, ки онро ӽеҷ гоӽ, бо ӽеҷ ⱪимате аз ягон ҷои дунё дастрас карда наметавонанд.

Бале азизон! ӽеҷ молу сарват, ӽеҷ боигарӣ ҷои меӽри ватанро гирифта наметавонад ва ин чизро шахсе дарк мекунад, ки заӽри ғарибиро чашидааст  ва бо азоби ғурбат чанд гоӽе даст ба гиребон зиндагӣ кардааст.

                   Ӽеҷ номе дар забон ширинтар аз номат набуд,

                   Эй Ватан, эй Тоҷикистон ⱪиссаи буду набуд.

Ӽамин тавр  Мирзои  Салимпур бо сомонаи худ “Ахбор ком”  гуё шуӽрати худро ҷаӽонӣ намуда, худро ба ҷаӽониён мешиносонад. Ва ӽамин тавр ӽам ӽаст дигар тамоми ҷаӽон ӯро мешиносанд медонанд, ки ӯ як хиёнаткор ва ватанфурӯш аст.  Аз Ватани худ фирор намуда дар мулки бегона барои бегонагон кор мекунад.

Шояд дар дами пири аз ин кардаи худ пушаймон шавад мисли бисёре аз хиёнаткорон ва ба ватани худ баргаштан хоӽад. Бале!  ӽамин тавр аст ман бар ин боварам, ки чунин хоӽад шуд.  Аммо чуноне мегӯянд тавбаи дами марг ⱪабул намешавад, инсон бояд пештар , яъне дар давоми зиндагӣ аз корӽои бади худ тавба кунад ва ин бандаро Худованд мебахшад, вале тавбаи дами марг ва аз тарси марг  назди Худо пазируфта намешавад.

Ҷаноби Салимпур ӽам имрӯз фурсат дорад то ба Ватан баргашта узрхоӽӣ кунад ва фаъолияти рӯзноманигорияшро давом диӽад ва мисли дигар сокинони осоишта дар оғӯши гарми Ватан зиндагӣ кунад.  Мо дигар дуо мекунем, ки Тоҷикистони мо тинҷу обод ва мардумаш ӽамеша хушбахту хуррам бошанд. Сомонаӽои бесомон бошанд сомони худро ёбанд.

(Маӽваши Яъⱪубзод)

таҳлилгар

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *