Албатта, ин рўзи таърихӣ, ки иншооти муҳими аср ба фаъолият оғоз мекунад ва Тоҷикистонро ба кишвари аз ҷиҳати саноати энергетикӣ ќудратманд табдил медиҳад, ҷашни бузург мебошад. Аммо ин тантанаҳои идона барои мардуми созандаву ободкору худшиносу худогоҳ аст, на барои ду-се худбохтаи наҳзатие ки ба хориҷа фирор карда, бо ҳарзагўиву дурўғпароканӣ нисбат ба ин ватану миллат хиёнат мекунанд.
Аз нигоштаҳои чанд рўзи охири бадтинатону бадфитратони наҳзатӣ ва дигар ғуломтабиатон рашку ҳасрат намудор аст. Ин дилсиёҳону бадниятон дар ҳамин рўзҳои фарҳабахшу фирўз ќаламашонро танҳо ба сиёҳнависиву бадгўи истифода мебаранд. Дар ҳамин лаҳзаву соат бо андешаи ботилу бадбинонаи худ фазои иттилотиро бо суханони ғаразноку иғвоангезонаашон пур намудан, магар мухолифи манфиатҳои миллӣ будани онҳоро нишон намедиҳад?
Ё ҳама пешрафтҳою хушиҳои зиндагиро бо чашми баду нотавонбинонаи худ бад шинохтану ҳисобидан мояи зиндагии чунин нафарон аст?
Дар сархати расонаҳои ифротие, ки журналистикаро танҳо чун василаи бадгўиву иғроќпароканӣ дар мавриди сиёсату иҷтимои Тоҷикистон истифода мекунанд, сайтҳои хабарии «Аkhbor.com», «Payom.net», «isloh.net», «ozodandishon.com», «Vostoknews.org», «Кимиёи саодат» ва чанде дигар ќарор доранд. Инҳо ҳамагӣ вобастаи моддию маънавии ТТЭ ҲНИ ва сармоягузорони хориҷиашон ҳастанд, ки ба хотири ќути лоямут ва дар он ғарибиҳо намурдан аз гушнагӣ чунин амалҳои зиддимиллӣ ва зиддиинсониро анҷом медиҳанд. Боз нашармида инҳо (масалан, Мирзои Салимпур, Муҳаммадиќболи Садриддин ва ғайра) фаъолияти душманонаю хоинонаашонро «мубориза» ва пулҳои ба гадоӣ талабидаашонро «грант» меноманд.
Имрўз Роғун омили пешрафту инкишофи саноати Тоҷикистон мегардад, ба хонаву дари мардум рўшноӣ меораду ба дилҳои соҳибватанон нуру зиё ато мекунад. Аммо хоинону нотавонбинони миллати тоҷик ҳоло ҳам дар торикию зулмот боќӣ мемонад. Ин торикдилон имрўз баръакси мардуми кишварамон мотам доранду ғаму андуҳ онҳоро мехурад. Пас, ба ин ғуломтабиатони наҳзатӣ ва косалесони онҳо таъзия изҳор мекунем! Барои инҳо сабр хоҳонем, то дар оташи ғаму андуҳ сухта хокистар нашаванд!
Диловари Хуршед