Лағзишҳои интеллигенсия
Ин лағзишҳои зиддибашарӣ, тасаввуре дар зеҳни таҳқикгарони воқеиятгарои муқими Точикистон ба вуҷуд овардааст, ки “Оё боз ҳам шеваи саҳви таърихии равшанфикрии тоҷикӣ: бозгашти бемайлони он ба сӯйи таҷрибаи риққатбори гузашта дар зери парчами ақидаҳои тундгарои динӣ, ҳаргиз бояд такрор нагардад.
Ҷойиз ба ёдоварӣ медонем, ки фишурдаи мусоҳибаи хабарнигор Д.Исматӣ бо Сафарзода Анвар Ислом, мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсентро барои бедории зеҳнҳо ва ҳушёрии отифӣ биёварем, ки тобиши ҳушдорона ба доираҳои кӯтоҳандеш барои шарик шудан ба ин гуна эътилофу созмонҳои берешаву бум дорад : “ …дар масъалаи “сиёсӣ шудани баҳси ҳуқуқӣ” инро бояд дар назар дошта бошем, ки ТТЭ ҲНИ тавонмандии сиёсӣ надорад, ин ташкилот аслан, субъекти сиёсӣ набуда, чун як ташкилоти террористиву экстремистӣ эътироф шудааст. Бинобар ин, ба мавзӯъи мавҷудияти ТТЭ ҲНИ на чун як оппонент ё мухолифи сиёсӣ, балки бояд чун ташкилоти террористиву экстремистӣ бархӯрд кард”.
Паёмадҳои шарикӣ бо ҲНИ
Аз лиҳози амалгароии ҳуқуқӣ, ин ҳуқушиноси варзида дар бораи оқибатҳои ҳуқуқии ҳамнишинӣ бо ТТЭ ҲНИ низ ақидаи хос, нишонрас ва ҳадафманд дорад:
“Тибқи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои иштирок дар ҷаласаву нишастҳои ТТЭ ҲНИ ҷавобгарии сангин пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, мувофиқи моддаи 3073 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар, (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016, № 1359), бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.12.15, №1261).
Боз олимона муаллиф илова мекунад, ки “ ин кирдор (ҳамнишинӣ бо ТТЭ ҲНИ) метавонад тибқи моддаи “шарикӣ дар ҷиноят” ё “шарикӣ бо ҷинояткор” тафсир карда шавад. Айни ин ҳолатро моддаи 39, қисми 5-и Кодекси ҷиноятӣ мушаххас кардааст: “Ҷиноят дар ҳолате аз ҷониби иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содиршуда эътироф мешавад, ки агар онро узви (аъзои) чунин иттиҳод ҷиҳати иҷрои мақсадҳои ҷинояткоронаи он, инчунин бо супориши иттиҳоди ҷиноятӣ шахсе содир карда бошад, ки узви иттиҳоди ҷиноятӣ нест”.
Яъне, касе, ки новобаста аз узвият доштан ё надоштан дар ТТЭ ҲНИ бо даъвати ин ташкилот ба нишасти Варшава меравад, метавонад субъекти моддаҳои мазкур бошад. Мушаххастар, ҳамнишинӣ бо ҷинояткор ҷиноят аст.
Ҳамчунин, кӯшиши сафедкунии оммавии экстремизм низ тибқи моддаи 3071-и Кодекси ҷиноятии ҶТ ҳеҷ касро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намекунад. Чунин амал низ ҷиноят буда, барои содир кардани он аз 5 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст. Яъне ба ҳеҷ ваҷҳ инсони солимандеша ва ҷонибдори волоияти қонун бояд аз чунин ашхос ва нақшаю ақидаҳои зиддиинсонии онҳо ҷонибдорӣ накунад.
Киштии шикастаи “Паймон”-и тундгароён ва зиёиёни дурӯғин
Чунончи, таҳқиқгари дигари тоҷик Ф.Додов, коршиноси масоили сиёсӣ дар мақолаи “Киштии шикаста, зиёӣ ва оппозитсияро то кучо мебарад?” (ҳафтаномаи “Фараж” аз 22.10.2018с) зикр менамояд; “Таъсиси ба ном «Паймони зиддимиллӣ» дар кишварҳои Ғарб, ки боз ҳам ба сони аввалҳои соли 90-уми асри 20, намояндагони исломи сиёсӣ ва равшанфикрони «миллатгаро»-ро ин дафъа ба ҷойи Теҳрону Кобул дар Варшававу Вена ба ҳам овардааст, хилофи мақоли «Оқил дар як дарё ду бор намедарояд»-ро дар зеҳнҳо бедор мекунад”. Ба гуфти ҳамин манбаъ, “Қишри равшанфикри солҳои 90-уми асри 20-и Тоҷикистон, донишҳои сатҳӣ аз назокатҳои ҷомеа дошта, ёфта ва шунидаҳои худро аз китобҳо ва маводи илмӣ, воқеияти бебаҳс пиндошта ҳамчун дастаку таҷрибаи озмоишгоҳӣ бемулоҳиза болои мардум таҳмил ва созмондеҳӣ мекарданд. Тасаввур доштанд, ки мардум гумроҳ ва роҳнамои ҷомеа маҳз онҳо ҳастанд. Падидаи дигаре ки равшанфикрони он замон ба он моил буданд ва нофаҳмида ҷомеаро ба бероҳагӣ ҳидоят медоданд, мафтуншавӣ аз падидаи охундпарастӣ буд. Ин тамоюли муллопарастӣ, то андозае зиёд буд, ки шиорҳои равшанфикрони ин давра, аз фаластиниҳову тарафдорони оятуллоҳои Ироқ ва Афғонистон, ки Амрико ва Исроилро душмани худ медонистанд, тафовут надошт (Марг ба Амрико, Марг ба Исроил ва ғайра). Яъне ба таври нохудогоҳ, ҷомеаи ҷаҳониро бар зидди Тоҷикистони навпо ва тоза ба Истиқлол расида, таҳрик мекарданд ва ба ҷабҳагирии хилофи манфиатҳои дарозмуддати мардум, водор менамуданд. Ин ҳам тахриби равобити байналмилалии ҷумҳурӣ аз ҷониби ин табақаи ғутавар дар андешаҳои хоми худ буд, зеро бобати оянданигарӣ ва тақдири миллат иттилооти саҳеҳ надоштанд ва тавони тавони таҳлилу таҷзияи қонунҳои ҷомеаро надоштанд;
Ҳақиқати ҳол баръакси он даъвоҳое буд, ки равшанфикрон ҳақбаҷонибона пешгӯӣ мекарданд ва «ҷомеаи адолатпарвар ва босубот»-ро ваъда медоданд. Ҳаргиз интизорашро надоштанд, ки раванди инкишофи воқеаҳо чунон ғайриинтизор ва онҳоро ғофилгир мекунад. Якеро маҷбур ба тарки Ватан, дуюмиро дучори сактаи мағзӣ, сеюмиро водор чун зоҳидони сӯфимашраб ба гӯшанишинӣ менамояд.
Оғози ҷанги шаҳрвандӣ, иштибоҳҳоеро рӯнамоӣ кард, ки намояндагони равшанфикр бинобар тафаккури ҳуҷрагӣ ва фосила доштан аз зиндагии рӯзмарраи мардум, дар шинохт ва дарки маниши халқи тоҷик ноком ва ноуҳдабаро баромаданд.
Ин лағзишҳои рафтории интеллигентсия дар иқдомҳои сатҳӣ ва хом ифода меёфт ва худи шоҳидони воқеӣ-иштирокчиёни ҳодисаҳо ҷиҳати парҳез намудан аз каҷравиҳо бо пушаймонии бадтар аз гуноҳ онро борҳо бо гузашти айём иқрор шудаанд. Аммо, бадбахтии кор он ҷо буд, ки назорати вазъиятро интеллигентсия дар солҳои 90 аз даст доданд, ҷанги шаҳрвандиро таҳрик намуданд ва ҳамчун паёмади сатҳнигарӣ, худро фирорӣ дар Эрону Афғонистон дарёфтанд. Дар шароити Тахору Қундуз ва Теҳрону Машҳад, талаби аввале ки ба саркардаҳои демократ аз ҷониби муллоҳо мешуд, он ҳам риояи бечунучарои шариати исломӣ ва худро тайёру айёр кардан ба тобеияти мутлақ ба ақоиди исломӣ ва сохтани давлати исломӣ буд. Ал-ҳазар аз ин яксӯябиниҳои ифротии “паймонаки зиддимилӣ”, ал-ҳазар.
Фирӯз Амонов, ҳуқуқшинос