Изҳороти Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баёнгари вазъи воқеии сиёсӣ, иљтимоӣ ва ҳуқуқии минтақа мебошад ва дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат таъсис ёфта, љиҳати амалӣ намудани чораҳои зарурӣ дар самти риояи тартиботи љамъиятӣ, мубориза бар зидди гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир, мусодира ва халъи силоҳ аз дасти гурўҳҳои љиноятӣ роҳандозӣ шудааст. Аз ин рў, барномарезиҳое, ки то имрўз дар муддати кўтоҳ дар ҳудуди шаҳри Хоруѓ ва дигар минтақаҳои вилоят амалӣ гардидаанд, сазовори қадрдонӣ ва эҳтироманд. Агар ба қисмати муқаддимавии матни Изҳорот таваљљуҳ намоем, дармеёбем, ки Ситод љиҳати иљрои барномаи муназзами ҳукуматӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Барои намуна, масъулини Ситод аллакай то 11-уми октябри соли равон аз саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва сокинони алоҳидаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, бахусус шаҳри Хоруғ 136 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла: 57 адад «Автомат Калашников», 2 адад «Пулемёт», 2 адад гулулаандоз (Гранатамёт), 1 адад комплекси зенитӣ, 27 адад «Таппонча», 8 адад Карабин, 29 адад силоҳи суфтамили «ТОЗ», 1 адад силоҳи истеҳсоли хориљӣ ва бештар аз 2686 адад лавозимоти ҷангӣ, инчунин 500 гр маводи тарканда мусодира кардаанд.
Дар чунин муҳлати кўтоҳ таҳти контрол гирифтани минтақа, риояи дурусти тартиботи љамъиятӣ, љустуљў ва пайдо кардани љинояткорон ва саркардагони онҳо кори саҳлу осон нест, аммо масъулини Ситод ин вазифаи худро бошарафона адо карданд.
(Масъалаи харидуфурўши аслиҳа ва маводи мухаддир имрўз ба масъалаи доѓи рўз дар ҳудуди Бадахшон табдил ёфтааст ва тоифаҳои љинояткор барои интиқоли маводи мухаддир ва силоҳҳои оташфишон ба минтақа аз ҳар имконият истифода мебаранд. Воқеан, таъкидҳое, ки Сарвари давлат дар мулоқот бо љамоатчигии Хоруѓ дар самти пуштибонии гурўҳҳои љинояткор, ки ба харидуфурўш аслиҳа ва маводи мухаддир машѓуланд, баён доштанд, саривақтианд. Бояд љилави љинояту љинояткорӣ дар Бадахшон, ки бо тиљорати аслиҳа ва маводи мухаддир сахт алоқаманд аст, гирифта шавад ва дар пайи иљрои барномаҳои мушаххас Ситоди мазкур ташкил шудааст ва ҳадафаш поккории љинояткории муташаккил дар минтақа мебошад. Ин аст, ки Ситод љинояти аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии сокинони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ноҳияи Шуғнони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки мақсад доштанд, миқдори зиёди силоҳу лавозимоти ҷангӣ ва маводи мухаддирро аз ҶИА ба ВМКБ интиқол диҳанд, ошкор ва пешгирӣ намуд. Дар минтақаи наздисарҳадии Барчиди ҷамоати деҳоти Поршнёви ноҳияи Шуғнон қочоқбарон аз торикии шаб истифода карда, аз ҷойи ҳодиса фирор намуданд, вале ҳангоми азназаргузаронии макони ҳодиса 2 борхалта, ки дар дохили онҳо 4 адад силоҳи оташфишони автомати «Калашников» ва 25 кг воситаҳои нашъадор, аз ҷумла 10 кг маводи мухаддири навъи «героин», 13 кг маводи нашъадори навъи «ҳашиш» ва 2 кг воситаи нашъадори навъи афъюн дарёфт ва мусодира карда шуд. Ситод мушаххас кард, ки гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии ноҳияи Шуғнон ва шаҳри Хоруғ айни замон кӯшиши аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар минтақаҳо ворид намудани силоҳ, муҳимот ва маводи мухадирро доранд. Бо таваљљуҳ ба ин, аҳолии маҳаллиро зарур аст, ки бо мақомоти қудратӣ ва интизомӣ љиҳати мубориза бо гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир, харидуфурўши аслиҳа ва муҳимот ва дар ин замина, ҳалли қазия ҳамкорӣ намуда, пеши роҳи љинояткорӣ дар минтақаро бигиранд.
Ситод дар самти ба таври қотеъона ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт корҳои зиёдеро ба сомон расонид. Тибқи Изҳороти Ситод, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок 2468 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шудааст. Аз ҷумла, 27 воситаи нақлиёти сиёҳшишаи ғайриқонунӣ, 40 воситаи нақлиёти бе рақами давлатӣ ва рақами бегона, 10 ҳолати идора кардани воситаҳои нақлиёт бе шаҳодатномаи ронандагӣ, 110 далели бо суръати баланд, 27 ҳолати итоат накардан ба талаботи корманди милитсия, 5 ҳолати мастӣ ва 2249 дигар намуди қоидавайронкуниҳо ошкор ва ҳуҷҷатгузорӣ гардид. Ҳамин тариқ, Ситод дар муддати кўтоҳ тавонист корҳои зиёдеро дар самти риояти тартиботи љамъиятӣ, дарёфти аслиҳа ва муҳимот, бастани роҳи гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир ва ниҳоятан, пешгирии љинояту љинояткорӣ дар минтақа ба сомон расонад.
Муҳим ин аст, ки Ситод воқеиятро баён сохтааст ва мутмаинем, ки сокинони шаҳри Хоруѓ ва мардуми сарбаланди Бадахшон масъулияти баланди шаҳрвандӣ нишон дода, дар поккории љинояткорӣ дар минтақа бо мақомоти зиддахли давлатӣ ҳамкорӣ менамоянд ва аз ин тариқ дар ободонии диёр саҳми муносиб мегузоранд.
Фаридун Ориёӣ