Маориф Сайёҳӣ Тандурустӣ Экология

ЗИ ҶӮЕ, КИ ХӮРДӢАЗ ОН ОБИ ПОК

print

      Инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани инсоният аз об иборат аст. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, бемориву дардҳо эмин мегардонад.

   Мо, тоҷикистониён аз сероб будани сарзамини биҳиштосоямон бояд ҳамеша бифахрем. Кишварамон дар ҷаҳон аз лиҳози захираи обяке аз ҷойҳои намоёнроишғолменамояд. Дар ҷумҳурӣ беш аз 7000 пирях, 155 кӯли гуногунхаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаҳои одию маъданӣ, шифобахш ва обанборҳои зиёд мавҷуданд. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2018 то 2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон шудааст, ки бесабаб нест. Маънои рушдинкишоф буда, устувор-маъноҳои маҳкам пойдор, побарҷо, эмин аз хатар, дилпуршаванда, рост, дуруст, барпову барқарор кардан ва ғайраро дорад. Хушбахтона, мо дар кишваре зиндагӣ мекунем, ки аз оби ошомиданӣ ва чашмаҳои шифобахш бой аст.

      Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ганҷинаи бузурги обҳои минералии шифобахш мебошад. Ҳоло чанде аз онҳоро мисол меорем:

      Оби Шифо – касалиҳои тарбод, меъдаю рӯдаро шифобахш аст. Воқеъ дар шаҳри Исфара.

      Оби Ҳавотоғ -касалиҳои гурда, меъдаву рӯдаро шифобахш аст. Воқеъ дар шаҳри Истаравшан.

      Лойқаи Шифо – шифобахш барои касалиҳои гурда, тарбод ва пӯст.Воқеъ дар ноҳияи Ашт.

      Хоҷаобигарм – шифобахши дардҳои буғум, асаб ва узвҳои ҳаракат. Воқеъ дар ноҳияи Варзоб.

      Обигарм – шифобахши касалиҳои тарбод, пӯст ва мафосил. Воқеъ дар шаҳри Роғун.

      Пандикӯл, Оби сафед – шифобахши касалиҳои тарбод, меъдаю рӯда. Воқеъ дар ноҳияи Лахш.

      Шоҳамбарӣ – шифобахши касалиҳои меъдаю рӯда. Воқеъ дар шаҳри Ҳисор.

Андигон-обаш шифобахши касалиҳои меъдаю рӯда ва пӯст аст. Воқеъ дар шаҳри Ваҳдат.

      Явроз-обаш шифобахши касалиҳои тарбод, узвҳои ҳаракат мебошад. Воқеъдар шаҳри Ваҳдат, дараи Ромит.

      Ҳоҷасангхок-нӯшокии минералӣ дар ноҳияи Варзоб.

      Оби минералии Файзобод- хусусияти шифобахши касалиҳои меъдаю рӯда ва ҷигар дошта, дар деҳаи Меҳрободи ноҳияи Файзобод воқест.

      Оби Зулол ва Сиёма-оби минералӣ, ки дар ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Истаравшан истеҳсол мешавад.

      Бояд гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи об ва захираҳои он, истифодаи эҳтиёткоронаву пурсамар ва сарфакоронаи ин манбаи ҳаёт таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамоянд.

      Аз қадимулайём дар китобҳои динӣ низ об чун манбаи асосии ҳаёт дониста мешавад. Чор унсур дар ҳаёт муқаддасанд: об, хок, оташ, бод,ки тамоми мавҷудоти олам ба онҳо эҳтиёҷ доранд.

      Модоме, ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам обро медонем, пас вазифадорем, ин маъхази бузургро ҳамчун асоси ҳастӣ,эҳтиром намоем, тозаву озода нигоҳ дорем. Нагузорем, ки нахалафе ин муъҷизоти бузургро ифлос гардонад, ба он партовҳо партояд ё амали носазое нисбати он раво бинад. Зеро, гуфтаанд:

      Зи ҷӯе, ки хурдӣ аз он оби пок,

      Набояд фикандан дар он сангу хок.

Тоза нигоҳ доштани он вазифаи ҳар яки мост.

      Андешаҳоямро бо гуфтаи  Паёмбари бузург Расули Акрам нукта мегузорам, ки фармудаанд: «Об хақиқатан поккунанда ва асоси ҳастист, ки чизе онро наҷис нагардонад».

Шаҳло  ӮРУНОВА,

 омӯзгори фанни математикаи

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *