Иҷтимоиёт Фарҳанг

ФАРЗИЯТИ РӮЗА ВА МАНОФИЪИ ОН

print

 Сад шукри Худо аз нав моҳи Рамазон омад,

Хушнудиву пирӯзӣ бар пиру ҷавон омад.

Дилҳо зи фараҳ саршор к-омад моҳи истиғфор,

Озодӣ зи сӯзи нор, бар пиру ҷавон омад.

Ин моҳи сафо бошад ҳам моҳи дуъо бошад,

Олам ҳама нурафшон чун ҷони ҷаҳон омад.

Фарз аст азизи ман ин рӯза ба марду зан,

Ҳам қӯввати ҷисмутан, ҳам рохати ҷон омад.

Рамазон моҳи нузули қуръон, моҳи кушода шудани дарҳои раҳмату баракоти Худованд ва кушода шудани дарҳои ҷаннат ва баста шудани дарҳои дузах ва занҷирбанд шудани иблиси лаъин аст.

Пас бояд бандаи муъмин ба истиқболи ин моҳи муборак пешакӣ тайёриву омодаги бинад. Ҳамчуноне, ки одамои барои истиқболи ҷашнҳои бузург мудатҳо қабл дар сатҳи баланд омодагӣ мебинанд. Вале барои бандаи муъмин кадом ҷашн бузургтар аз меҳмонӣ Худованд дар моҳи шарифи Рамазон мебошад.

Рӯза доштан, яке аз рукнҳои панҷгонии бинои Ислом буда, тоати бериё ва бе олоиши Парвардигор ба шумор меравад. Ва фарзияти ӯ ба ин ояи карима Астаизу биллоҳи «Эй муъминон бар Шумо рӯза доштан фарз гардонида шуд, ҳамон гуна ки фарз гардонида шуда буд, бар онон, пеш аз Шумо будаандто парҳезгор шавед, Сураи бақара-183собит шудааст. Дар оят хабар дода шудааст, ки ин фармони иллоҳи бар умматҳои башарӣ аз замони ҳазрати Одам алайҳис салом то хотамул анбиё Муҳаммад (с.а.вс) хоҳ рӯзҳои ба шумор барои уммати пешин ва ё моҳи Рамазон барои умматҳои хотамуннабийн фарз карда шудааст. Оре таърих нишондиҳандаи ин вокият аст, ки рӯза дар миёни тамоми миллатҳо машрӯъ будааст. Чуноне, ки дар миёни мисриёни қадим румиҳо, юнониҳо, ҳиндуён ва низ дар таврот рӯзадорон мавриди ситоиш қарор гирифтаанд. Ва нақли саҳеҳ аст, ки Мусо алайҳи саломчиҳил (40) рӯз рӯза гирифт, Агарчи яҳудиёни асрҳои охир як ҳафта рӯза мегиранд. Инчунин Инҷилҳои кунуни рӯзаро мавриди ситоиш қарор додаанд. Ва онро ибодат мешуморанд. Ва пайравонашон ба ин ибодати рӯза иҳтироми хосса доранд, хосатан уммати исломия, ки дар саросари ҷаҳон ин амри илоҳи яъне рӯза доштани моҳи мубораки Рамазонро фарз қабул доранд ва барои ёфтани ризогии Худованд ва саодати дорайн ин моҳи муборакро бо хурсанди ва омодагиҳо пешвоз мегиранд.

Рӯза аз ибодати бадани буда бо вуҷуди ибодат буданаш, ки ба ояти карима собит аст ва аҳодиси зиёде аз пайғамбар (с.а.в.с) ворид шудааст. Дар мавриди ҳосил намудани аҷру савоб ва парҳез ва тақво ва дур шудан аз гуноҳ ва васваси нафс в Шаййтон чунончи дар ҳадис омадааст «Ассавму ҷуннатун» яъне рӯза сипар аст ва нигоҳ медорад рӯзадорро аз иртикоби гуноҳ ва васвасаи Шайтон ва ҳавои нафс дар дунё ва аз оташи дардноки дӯзах дар рӯзи охират. Ва низ дар ҳадиси шариф омадааст «Ассавму ли ва ана аҷзи биҳи ва ё уҷзо биҳи» яъне Худованд гуфтааст рӯза барои ризогии ман аст ва мукофоти рӯзадорро ман худам медиҳам, ки ҷаннат аст ва ё ин, ки рӯза барои ман аства худам барои ӯ мукофотам. Ин чанд мисоле оварда шуд, дар фавоиди моҳи Рамазон аз нигоҳи ибодат ва амри иллоҳи буданашро манзур аст. Ва аммо моҳи мубораки Рамазон фазоил ва хусусиятҳо ва манофиъи зиёде дорад, дар умур ва муомалоти ҳаёти башари: аз ҷумла дар саломати, ки пайғамбар (с.а.в.с) гуфтаанд «Суму тасиҳу»рӯза бигиред то тандуруст шавед. Воқеъан аттиббо ва донишмандон ва професорон чӣ исломӣ ва ғайри исломӣ аз ташхисва санҷишҳо хулоса баровардаанд, чандин навъ аз бемориро хоҳ ҷисми бошад хоҳ равони бо рӯза гирифтан даво ва дармон кардаанд. Ва дигар ин, ки рӯза гирифтан бар ҳамаи мусмонони мукалаф фарз аст ба истиснои маъзурони шаръи, ки дар моҳиРамазон бо сабаби узрашон рӯза надоштан иҷозат дода шудааст ва баъд аз дур шудани узрашон қазо фармуда шудааст ба адади рӯзаҳои нагирифтааш.

Ва ин рӯза доштани моҳи шарифи Рамазон умумҳаст. Ағниёву тавонгаронро огоҳ ва водор аз аҳволи нодорон ва тангдастон ва ятимон мекунад. Ва дилҳои онҳоро барои ёрӣ додан ба камбизоатон ва нодорон нарм ва мойил месозад, баъд аз он ки дар ҷисмашонин гушнаги ва ташнагии чанд соатаро ҳис мекунад ва ин муруват ва дастгири ва ёрии моддӣ боиси ухуват ва улуфат миёни онҳо мегардад. Ва дигар манофиъи рӯза дар моҳи Рамазон зиёд гардидани файзу баракот аст. Ва бар ҳама маълум аст, ки бо даромадани моҳи муборак мардуми муъмину мусулмон дигар аз худ бухлу хасисиро дур мекунанд ва майл ба хайру саховат ва аъмоли шоиста ва наку мекунанд.Ва дар хабар омадааст, ки ҳар мусалмон дар ин моҳ метавонад нисбати моҳҳои дигар амалҳои хайр ва шоистаро ба осони амали намояд ва ба ҷо орад ва аз ҷониби Худованд аҷру савоби азимеро ноил гардад. Чунончи аз Салмони Форс (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с.а.в.с) фармуданд:»Ман тақарраба фиҳи бихаслатин минал хайри кона каман аддо фаризатан фимосивоҳӯ вам ан аддо фаризатан фиҳи кона каман аддо сабъина физатан фимо сивоҳу» Кадом инсоне наздики кунад дар моҳи Рамазонба як хислати хайру мустаҳаб, будааст мисли шахсе, ки адо карда бошад як фаризаро дар дигар моҳхо ва ҳар кадом инсони як фаризаро дар моҳи муборак адо кунад, будааст мисли шахсе, ки адо кардааст ҳафтод фаризаро дар дигар моҳҳо. Ва дар охир ба ҳадиси пайғамбар ба интиҳо мерасонам, ки фармуданд «Ман фариҳа бидухули Рамазона вағтамма минхуруҷиҳи ва ҷабат лаҳул ҷаннату» яъне ҳар касе, ки ба омадани моҳи Рамазон шодмон шавад ва дар баромаданаш андуҳгин шавад ҷой ӯ ҷаннат аст ва ҷаннат воҷиб мешавад бар ӯ. Бо шарофати фарорасии моҳи мубораки Рамазон аз даргоҳи Худованди Маннон офият ва хурсандиро дар хона дони яко яки Шумо хоҳонам ва таманно дорам.

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳи.

А.ҲАҚНАЗАРОВ,

сархатиби ш.Турсунзода

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *