Хабарҳо

АКСИЯИ КИТОБ

print
Дар асоси нақша – чорабиниҳои якҷояи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода оид ба боздиди афсарону сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаронидани аксияи «Китоб» гурӯҳи корӣ аз дидбонгоҳҳои сарҳадии «Сарчашма», «Работ», «Диёр», «25 – солагии Истиқлолият», «Ориён» ва «Марзбон» боздид ба амал оварданд.

Дар доираи чорабиниҳо беш аз 1050 нусха китобҳои бадеӣ (тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ) ба афсарону сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дастрас гардонида шуд. Ин иқдоми пешгирифтаи раиси шаҳри Турсунзода муҳтарам Вализода Абдуқодири Исуфро афсарону сарбозони дидбонгоҳҳои мазкур хуб пазируфта, ба Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати шаҳр барои таваҷҷуҳи ғамхорона изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Инчунин барои болидарӯҳии афсарону сарбозони дидбонгоҳҳои мазкур аз тарафи шуъбаи фарҳанги шаҳр чорабиниҳои фарҳангӣ доир гардонида шуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *