Сиёсат Хабарҳо

МАҶЛИСИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲР

print
30 апрел таҳти раёсати раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода маҷлиси назоратии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода баргузор шуда, дар он як қатор масъалаи муҳими рӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Нахуст раиси шаҳр вобаста ба масъалаи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2018 ва вазифаҳо барои нуҳ моҳи соли 2018», ки 27 апрел таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, маълумот манзур намуд. Вализода А. иброз дошт, ки Сарвари давлат вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро вазифадор намуданд, ки фаъолиятро дар самти таъмини устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ҷалби сармоя, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, тақвияти ҳамкории минтақавӣ, рушди сайёҳӣ ва таъмини рушди минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷоннок намоянд.

Дар ин радиф муҳтарам Пешвои миллат вазъи боду ҳавои кишвар ва таъсири онро ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводорӣ мавриди шарҳ қарор дода, таъкид намуданд, ки камобию бебориш омадани рӯзҳои охир ба нашъунамои зироатҳо ва растаниҳои худруй таъсири манфӣ расонд. Аз ин лиҳоз, дастур дода шуд, ки барои дар сатҳи зарурӣ ташкил кардани маъракаи зимистонгузаронии солҳои 2018-2019 бо истифодаи самараноки заминҳои кишт, ба таври кофӣ захира кардани хӯроки чорво тамоми роҳу воситаҳо истифода бурда шавад.

Ҳамзамон ҷиҳати мусоидат дар шукуфоии деҳоти кишвар, баҳри вусъати корҳои ободонию созандагӣ, бунёди мактабу марказҳои саломатӣ, иншооти хизматрасонии маишӣ, сохтмони ҳаммомҳо дар шаҳраку деҳаҳо, ҳамчунин таъмиру таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, супоришҳои мушаххас дода шуд.

Раиси шаҳри Турсунзода Вализода А. масъулини бахшу сохтори мақомоти ичроияро вазифадор намуд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат нақшаи чорабинӣ тартиб дода, ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати он кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Дар идома Пешниҳоди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2018, №8/27- 501 (содиротӣ) «Дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, сабабу шароитҳои ба содиршавии онҳо мусоидаткунанда» маврди баррасӣ қарор гирифт.  Аз ҷумла дар Пешниҳод омадааст, ки дар ҷамъбасти соли 2017 нақшаи андози шаҳр ҳамагӣ 87.7 фоиз иҷро гардида, қарздории музди меҳнат ба миён омад. Дар семоҳаи аввал ҳарчанд, ки нақшаи андоз иҷро гардида бошад ҳам, аммо дар иҷрои сифатноки он муаммо ба вуқуъ пайваста, андоз аз арзиши иловашуда ва аз фоида иҷро нагардид. Вобаста ба ин масъала раиси шаҳр кормандони соҳаи иқтисод ва савдоро вазифадор намуд, ки ҷиҳати бартараф намуданиҳои камбудиҳои дар Пешниҳод дарҷгардида, аз имкониятҳо васеъ истифода бурда шавад.

Ҳамчунин дар Пешниҳоди прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи қонуншиканиҳо дар самти иҷрои санадҳои ҳуқуқиву меъёрӣ вобаста ба муроҷиати шаҳрвандону муросилоти мактубҳо, таъмини талаботи кодекси шаҳрсозӣ, вайрон гардидани қонунҳои истифодаи замин, ва дигар камбудиҳои дарҷ гардида, мавриди шарҳ қарор гирифт. Вобаста ба он масъулин вазифадор шуда, ки ҷиҳати саритвақт бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида чораҳои фаврӣ андешида шавад.

КОТИБИ МАТБУОТИ  РАИСИ ШАҲР

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *