Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Сиёсат

СУҲБАТ БО МАРДУМ

print

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Вализода Абдуқодири Исуф дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳр бо аҳолӣ вохӯриҳо баргузор намуда, аз вазъи рушди иҷтимоии ҳудуди деҳот шиносоӣ пайдо намуд.

Дар ин раванд Абдуқодир Вализода фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, маориф ва фарҳангиро дар маҳал мавриди санҷиш қарор дода, вобаста ба рафъи камбудиҳо дар ин самт ва дигар масоили мубрами рӯз бо сокинону фаъолон, раисони маҳаллаҳо, вакилони маҷлиси ҷамоат, ҷавонон ва собиқадорони меҳнат суҳбатҳои ошкоро баргузор намуд.

Зимни шиносоӣ бо муассисаҳои таълимии деҳот Вализода А. таъкид дошт, ки шароити тадрис дар бештари муассисаҳо қаноатбахш буда, таваҷҷуҳи асосии масъулин бояд ба сатҳи сифати таълиму тарбия равона гардад. Ҷоннок намудани фаъолияти Шӯрои духтарон, ташкилотҳои ибтидоии ҷавонон, таъсиси рӯзҳои «Поси хотир», ҷиҳати зиндаёд гардонидани собиқадорони ҶБВ, меҳнат ва шахсони барӯманд омили тарбияи ватандӯстонаи насли наврас буда, вусъати фаъолияти Асотсатсияи падару модарон ба сифати таълиму тарбия ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» такони ҷиддӣ мебахшад.

Дар масъалаи фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ таъкид гардид, ки кормандони соҳаро мебояд ба масъалаи баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, пешгирии авҷи бемориҳои сироятӣ, фавти модару кӯдак, таҳти назорати тиббӣ қарор додани беморони барҷомонда мароқи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Ҳамзамон Абдуқодир Вализода раисони маҳалла, вакилони маҷлиси ҷамоат ва маҷлиси вакилони халқи шаҳриро  муаззаф намуд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои қонунҳои амалкунандаи мамлакат аз ҷумла иҷрои талаботи қонунҳои амалкунанда, хусусан қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намоянд.

Дар ин раванд зимни суҳбат аз кишоварзон, соҳибкорон, роҳбарияти корхонаву ташкилот даъват ба амал оварда шуд, ки замин, об ва нерӯи барқро самаранок истифода бурда, ҷиҳати пардохти саривақтии музди меҳнат ва маблағҳои андоз тадриҳои зарурӣ андешанд.

Сокинони деҳот вобаста ба бунёди майдончаҳои варзишӣ, иваз намудани сутунпояҳои барқгузар, бунёди иншооти тандурустӣ ва як қатор масоили мубрами рӯз дархосту таклиф пешниҳод намуда, омодагии худро ба ободониву хуррамгардонӣ ва дастгирии ташаббусҳои созандаи шаҳрдорӣ баён доштанд.

Силсилаи вохӯриҳо шаҳрдорӣ бо мардуми маҳаллаҳои ҳудуди шаҳр идома дорад.

 Маркази матбуоти раиси шаҳр

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *