Иҷтимоиёт Нуқтаи назар

ЧОРАҲОИ ЗАРУРӢ ҲАНГОМИ ҲОЛАТИ ФАВҚУЛЛОДА

print

 Ҳама сола аз санаи 10 апрел то итмом расидани таҳсилот дар тамоми муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ рȳзҳои мудофиаи гражданӣ гузаронида мешаванд.

Ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Турсунзода  аз 20 сентябри соли 2017 №1058 «Дар бораи ҳайати роҳбарикунанда, фармондеҳӣ – сардорон, ҳайати шахсии нерȳҳои ғайриҳарбӣ, омȳзиши коргарону хизматчиён ва аҳолии дар истеҳсолот 

машғулнабуда оид ба мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Турсунзода» дар синфҳои 6 ва 2 ва амри раиси шаҳри Турсунзода аз 11 декабри соли 2017 «Дар бораи тасдиқ намудани нишондодҳои ташкилию методӣ ва нақшаи чорабиниҳои асосии шаҳри Турсунзода оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳолат ҳои фавқулодда дар соли 2018»  дар МТМУ №59 воқеъ дар ҷамоати Навобод деҳаи Чиртак чорабинии намунавии «Рўзи мудофиаи гржданӣ» баргузор шуд.

Чорабинии мазкур тибқи ҷадвал ва сенария гузаронида шуда, дар ҷараёни он омȳзгорони омодагии дифои ҳарбӣ аз муассисаҳои таълимии ҷамоату деҳоти шаҳри Турсунзода низ иштирок намуданд.

Дар ҷараёни чорабинӣ намояндагони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода таҳти роҳбарии сардори шуъба майор Ҷ. Худойбердиев ширкат варзиданд. Дар ибтидо талаботи ҳуҷҷатгузории мудофиаи граждании муассиса мавриди санҷиш қарор гирифта, қаноатбахш арзёбӣ  ва ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати омодасозии ҳуҷҷатҳо ба масъулин дастурҳои судманд пешниҳод гардид.

Ҳамзамон дар доираи нақшаи чорабинӣ пешниҳоди видеолавҳаи омӯзишӣ, дарсҳои кушод ва мизи мудаввар гузаронида шуд.

Тибқи сенария ва ҷадвали эвакуатсионӣ соати 1005 дар муассиса «Бонги хатар» эълон гардид. Ҳайати наҷотдиҳандагон бо либосҳои махсуси зидди кимиёвӣ ва олотҳои фавқулоддавӣ амал намуда, зарардидагонро ба нуқтаи хаймаи тиббӣ расонида, қисми дигар аҳолиро ба минтқаи безарар кȳчонид. Ҳайат мутобиқи талаботи нақша  ва дар вақти муайяншуда зарардидагонро аз минтақаи осебпазир ба минтақаи бехавф эвакуатсия намуд.

Мақсади асосии гузаронидани чунин чорабинӣ баланд бардоштани савияи донишу малакаи хонандагон дар самти мудофиаи гражданӣ буда, аз лиҳози омодагӣ онҳор дар чунин ҳолат обутоб медиҳад.

Баъд аз гузаронидани чорабинӣ аз ҷониби муассисаи мазкур  иштирокчиён бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

 Баъдан табқи нақша сардори шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода майор Ҷ.Худойбердиев бо омȳзгорони фанни омодагии дифои ҳарбии (сардорони ситод) муассисаҳои даъватшуда, дар саҳни мактаб вохȳрӣ баргузор намуда, вобаста ба талабот ва иҷрои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар самти сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва ҳар чӣ кам намудани ҳаҷми зарар ва роҳ надодан ба талафотҳои ҷонӣ ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулодда баромад намуд.

Дар охир миёни ҳозирин ҷиҳати рафъи мушкилот дар чунин ҳолат мубодилаи афкор сурат гирифт.

 Алишер МИРЗОЕВ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *