Иқтисодиёт Нуқтаи назар

ШИНОСОӢ БО КОРХОНАИ АЗИМИ КИШВАР

print

 

Бо мақсади шиносоӣ аз рафти иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ, дастуру супоришҳои роҳбарияти олии м амлакат, фаъолияти корӣ ва шароити маишии кормандон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода ба КВД “Ширкати Алюминийи Тоҷик” ташриф овард.
Роҳбарияти шаҳрдориро директори идоракунандаи корхона Абдураҳмон Ҳомидзода ва ҳайати мутахассисон роҳабаладӣ ва аз ҷараёни гудозиши филиз ва қолабрезии он шинос намуданд.

Дар идома Абдуқодир. Вализода аз таърихи сохтмони коргоҳ, ифтиттоҳ ва ба истеҳсолот равона кардани сеху коргоҳҳо, иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ, собиқадорони меҳнат дар Осорхона шиносӣ пайдо намуд.
Зимни суҳбат А. Вализода изҳор дошт, ки маҳсулоти корхона воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронида шуда, ҷиҳати баланд бардоштани иқтисодиёти мамлакат саҳми муассир дорад, аз ин лиҳоз, ба роҳбарияти корхона супориш дода шуд, ки дар баланд бардоштани сифати маҳсулот аҳамияти ҷиддӣ равона гардида, ҷиҳати иҷрои нақшаҳои итеҳсолӣ аз шароитҳои мавҷуда самаранок истифода бурда шавад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *