Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки санаи 9-10 марти соли равон баргузор шуд, тариқи гузаргоҳи сарҳадии байналмилалии “Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода ҳокими Вилояти Сурхандарё Эркин Турдимов ба шаҳри Турсунзода ташриф овард.
Меҳмони гиромӣ ва ҳайати
ҳамроҳонашро дар гузаргоҳи сарҳади давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Вализода Абдуқодири Исуф, шахсони барӯманди диёр, собиқадорони меҳнат, чавонон ва аҳли ҳунар дар фазои тантанавӣ пешвоз гирифтанд.